Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ёвари додситони ин ноҳия дар робита ба садамаи маргбори субҳи 28 сентябрро тасдиқ кардааст. Дар он садама, ки соати чори субҳ рух дод, Зеварбону Пироваи 53-сола, ки дар яке аз идораҳои кӯчарӯбии шаҳри Душанбе кор мекард, ба ҳалокат расид.
Улфат Ҳусейнзода, додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 30 сентябр дар сӯҳбат бо сомонаи Faraj.tj гуфтааст, ки додситонии шаҳри Душанбе алайҳи ёвари ӯ Фирӯз Холиқзода парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ҳусейнзода гуфтааст, “дар назди қонун ҳама баробаранд ва Фирӯз Холиқзода низ бояд барои ин кирдораш ҷавоб гӯяд.”
Аммо додситони ноҳия дар мавриди сарусадоҳое, ки гӯё Фирӯз Холиқзода соати чори субҳ маст сари фармон нишастааст, гуфта, ки "ӯ умуман нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намекард. Вале он шаб дар куҷо будаасту аз куҷо омадааст, дарак надорам... Намедонам, он шаб Фирӯз маст буд ё не."
Қаблан гузориш шуда буд, ки мақомоти додситонии Тоҷикистон ба таҳқиқи садамаи як корманди додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шурӯъ кардаанд. Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ин ноҳия ба он айбдор мешавад, ки соати чори субҳи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенси" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шудааст.
Наздикони Пирова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, то ҳол аз ҷузъиёти тафтиши садама иттилое надоранд, вале мехоҳанд, Фирӯз Холиқзода мувофиқи амалаш ҷазо гирад.
Хабаргузории "Азия Плюс" бо такя ба манобеаш дар риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод, ки Фирӯз Холиқода 31 сол дошта, писари декани собиқи ин факулта профессор Кароматуллоҳ Холиқов мебошад. Профессор Холиқов ду сол пеш вафот карда буд.
Ин садамаи маргбор субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ, ҳангоме ки Зеварбону Пирова ҳамроҳи ҳамкоронаш ба кӯчарӯбӣ дар назди меҳмонхонаи “Ҳятт Реҷенсӣ” машғул будаанд, рух додааст.
Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки дар натиҷаи садама баъзе аз аҷзои бадани Пирова аз ҳам ҷудо шуда, чанде аз ҳамкорони ӯ баробари дидани вазъ аз ҳуш рафтаанд. Вале то кунун Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон нагуфтааст, ки ин садама чӣ гуна рух дод?
Маҳмадризо, бародари шавҳари Зеварбону Пирова, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин рӯзи нохуш замоне ба сарашон омад, ки янгааш бо нияти тӯйи писари дувуми худ шабу рӯз кор мекарду ҳамсар ва як писараш дар Русия қарор доштанд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, бар асоси хабарҳое, ки онҳо дастрас кардаанд, гӯё Фирӯз Холиқзода дар боздоштгоҳ аст. “Вале ҳақиқати ҳолро намедонем, ки чист. Баъзе аз одамони ӯ ба назди мо омада, маъзарат пурсиданд. Аммо ягон хеши наздики ӯ наомад, аз хонаводааш касе наомад, то аҳволпурсӣ кунад. Мо мехоҳем, ӯ ҷазои сазовор бигирад,”- афзуд ӯ.
Як корманди масъули додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори “Озодӣ” дучори садама шудани ҳамкори худро тасдиқ кард. Аммо ӯ гуфт, ҷузъиёти ин садамаро танҳо додситонии кулл, ки парванда дар ихтиёрашон мебошад, метавонад ошкор кунад.