Шавҳари Зеварбону Пирова, роҳрӯби 53-солаи тоҷик, ки зери чархи мошини Фирӯз Холиқзода -- ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт монда, ҷон додааст, мегӯяд, аз гуноҳи ӯ нахоҳад гузашт.
Мирзо Муродов баъд аз чор рӯзи марги фоҷиабори ҳамсараш аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба Душанбе омадааст. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарчанд баъзе наздикону ҳамкорони Холиқзода ба назди омада, маъзарат хостанд, вале ҳамаашро ба дасти қонун месупорам. Аз Додситонии кулл мехоҳам, мунсифона қазияро баррасӣ кунад. Бовар кунед, зиндагиам хароб шуд.”
Ҳамсуҳбати мо афзуд, хабари марги ҳамсарашро аз тариқи расонаҳо дар ғурбат шунида, то ҳол ба худ наомадааст. “Азбаски дар даст пули кофӣ надоштем, натавонистем зудтар билети ҳавопайморо гирифта, биёем. Дар масъалаи парвоз низ мушкил пеш омад ва ночор аввал ба Хуҷанд рафта, сипас ба Душанбе омадем”,-гуфт ӯ.
Мирзо Муродов дар идома афзуд, ҳар сол ҳамроҳи фарзандаш ба муҳоҷирати корӣ меравад ва зиндагиашро ба зӯр аз ин ҳисоб таъмин мекунад. Ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба он айбдор мешавад, ки соати чори субҳи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шудааст. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, дар натиҷаи садама баъзе аз аҷзои бадани Пирова аз ҳам ҷудо шуда, чанде аз ҳамкорони ӯ баробари дидани вазъ аз ҳуш рафтаанд.
Як корманди масъули додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори “Озодӣ” дучори садама шудани ҳамкори худро тасдиқ кард. Аммо ӯ гуфт, ҷузъиёти ин садамаро танҳо Додситонии кулл, ки парванда дар ихтиёрашон мебошад, метавонад ошкор кунад.
Фирӯз Холиқода 31 сол дошта, писари декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ, профессор Кароматуллоҳ Холиқов мебошад. Профессор Холиқов ду сол пеш вафот карда буд.