Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Иттифоқи Бародарон" барои панҷ сол имзо шудааст. Ҳукумат ин санадро дар аввали моҳи октябр барои қабул ба Маҷлиси Намояндагон фиристод.
Ҳукумат чӣ имтиёз дод ва чӣ шартҳо гузошт?
Бар асоси шартнома, ки Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми октябр бо бандҳои он ошно шуд, ширкати "Иттифоқи Бародарон" дар соҳили Муқсу ва шохобҳои он дар ноҳияи Мурғоб, аз ҷумла Сауксой, Каиндӣ ва Селдара "омӯзиши геологии қаъри замин"-ро анҷом медиҳад.
Барои ин кор ширкат вазифадор шудааст, ки 20 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Дар иваз ҳукумати Тоҷикистон имтиёзҳои зиёде додааст. Аз ҷумла, "Иттифоқи Бародарон" дар панҷ соли оянда ҳақ дорад, ки дастгоҳҳоро бе пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт аз арзиши иловашуда ба Тоҷикистон орад. Танҳо дар навбати аввал овардани қариб 100 экскватор, булдозер ва нақлиёти борбари ширкат аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (НДС) озод шудааст.
Инчунин, “Иттифоқи Бародарон” аз пардохти нисфи андоз барои ширкатҳо (шахсони ҳуқуқӣ) озод шудааст. Дар иваз ҳукумати Тоҷикистон дар назди ширкат шарт гузоштааст, ки на кам аз 90 дарсади кормандонаш бояд тоҷикистонӣ бошанд.
Ба ҳадди имкон кам будани зарар ба муҳити зист ва нобуд кардани партовҳо дар ҳудуди кон аз шартҳои дигари ҳукумат дар назди ширкати чинист. Ин шарти ҳукумат дар ҳолест, ки сокинон дар чанд минтақаи Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои чинӣ ва ифлос шудани муҳити зист аз сӯи онҳо шикоят доранд.
“Иттифоқи Бародарон” аз кист?
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкати “Иттифоқи Бародарон” моҳи июли соли 2020 дар Кумитаи андози Тоҷикистон номнавис шудааст. Ба гузориши пойгоҳи "Ташаббуси шаффофият дар бахши истихроҷи маъдан", 60 дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба шаҳрванди Чин Ли Хоуфу ва 40 дарсади боқимонда ба нафаре бо номи Далер Нематиллоев тааллуқ дорад. Дар бораи кори ин ширкат дар расонаҳо ва муассисони он маълумоти зиёд пахш нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Моҳиёни мурда ва ҳавои ифлос: Ширкатҳои чинӣ тилоро мегиранд, заҳрро мемонандДар Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳсор аст, истихроҷи сарватҳои табиӣ як бахши асосии иқтисод мебошад. Ин соҳаи муҳими иқтисод асосан дар дасти чиниҳост. Тибқи маълумоти расмӣ, 84 дарсади тилои Тоҷикистонро ду ширкати чинӣ дар Зарафшон ва Покрӯд истихроҷ мекунанд.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2024 нишон дод, чиниҳо дар истихроҷи маъдан ва ҳам кишоварзӣ аз технология ва моддаҳои кимиёии зараровар истифода мебаранд. Аз ҷумла,, сокинони деҳаи Хумгарон дар канори корхонаи тилои "Зарафшон"-и Панҷакент дар номае ба раисҷумҳур аз афзоиши бефарзандӣ дар оилаҳои ҷавон, таваллуди пеш бармаҳали кӯдакон, фигона ё бачапартоӣ ва афзоиши бемориҳои роҳи нафас ва асаб нигаронӣ карда буданд.
Ду вазири ҳукумати Тоҷикистон ба таҳқиқоти Радиои Озодӣ вокуниш карда гуфтанд, ба натиҷаҳои он розӣ нестанд. Мансабдорони тоҷик, баръакс, аз сармоягузориҳои бузурги Чин аз тарзи амали корхонаҳои чинӣ ҳимоят мекунанд.
Пекин аз сармоягузорони асосии Душанбе аст ва даҳҳо ширкати чинӣ дар Тоҷикистон кор мекунанд. Нигаронии асосӣ шаффоф набудани фаъолияти корхонаҳои чинӣ аст. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз Чин наздик ба 900 миллион доллар қарздор аст.