Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Тоҷикистон вобастаи корхонаҳои чинӣ шудааст. Хатараш чист?


Як сокини Панҷакент дар наздикии партовгоҳи корхонаи тилои "Зарафшон"
Як сокини Панҷакент дар наздикии партовгоҳи корхонаи тилои "Зарафшон"

Суст шудани фаъолияти як корхонаи чинӣ дар шимоли Тоҷикистон буҷаи як ноҳия ва як шаҳрро ба мушкил дучор кардааст. Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор ба истихроҷи маъдан машғул аст. Буҷаи ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Гулистон асосан аз ҳисоби ин корхонаи чинӣ пур мешавад.

Тарки кор кардани як гурӯҳ аз коргарони чинӣ ва кам шудани тавлид дар нимаи аввали соли равон боис ба он шудааст, ки нақшаи буҷаи як шаҳру як ноҳия иҷро нашавад. Коршиносон вобастаи як корхона шудани буҷаҳои маҳаллиро хатарзо медонанд.

“Нисфи буҷаи ноҳия вобастаи як корхона”

Кони истихроҷи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир аст ва буҷаи ин ноҳия беш аз ҳад вобастаи ин корхона шудааст.

Ноҳияи Мастчоҳ бо нуфуси қариб 150 ҳазор аҳолӣ дар шимоли Тоҷикистон
Ноҳияи Мастчоҳ бо нуфуси қариб 150 ҳазор аҳолӣ дар шимоли Тоҷикистон

Ёфтаҳои Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки буҷаи ноҳияи Мастчоҳ барои нимаи аввали соли 2024 қариб 73 миллион сомонӣ (6,8 миллион доллар) пешбинӣ шуда буд. Беш аз нисфи буҷаи ноҳия ё 41 миллион сомонӣ (3,8 миллион доллар)-ро бояд Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин месупорид. Ин ширкати чинӣ истихроҷро кам карда, ба буҷаи Мастчоҳ 7 миллиону 360 ҳазор сомонӣ (694 ҳазор доллар) камтар гузаронд. Чунин вазъ боис шуд, ки кормандони идораҳои давлатӣ дар ноҳия, бахусус омӯзгорон, саривақт маоши худро гирифта натавонистанд.

"Қариб 96 дарсади буҷаи Мастчоҳ барои пардохти маош сарф мешавад ва имсол баъд аз мушкил шудани кори чиниҳо, омӯзгорон рухсатипулии худро дер гирифтанд," -- гуфт як ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати Мастчоҳ.

"Ин корхона аз кор намондааст"

Раъно Ҳошимзода
Раъно Ҳошимзода

Шаҳри Гулистон, минтақаи дигар дар шимоли Тоҷикистон, дар пайи маҳдуд шудани кори Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ба камбуди пул рӯбарӯ шуд. Раиси шаҳр мегӯяд, дар нимаи аввали соли равон, ба буҷаи Гулистон қариб 34 миллион сомонӣ (3,3 млн доллар) камтар ворид шуд. Ин 22 дарсади буҷаи шаҳрро ташкил медиҳад.

Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон, дар моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Чин аз кор намондааст, танҳо қисме аз коргаронаш рафтанд.

"Байни ширкатҳои JL ва Синоҳайдра шартнома қатъ шуд ва зиёда аз 300 коргар рафтанд. То омадани коргарони нав ҷойи онҳо холӣ монд. Аз ин рӯ, истихроҷе, ки дар як рӯз аз 3 то 5 ҳазор тонна буд, кам шуд. То 50 дарсад кор карданд," -- афзуд раиси шаҳри Гулистон.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Корхонаҳои чинӣ кам кор карданд, буҷа зарар дид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:53 0:00

Дафтари кории Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва кони истихроҷ дар ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир аст. Барои ҳамин, фаъолияти ин корхона ба ду шаҳру ноҳияи вилояти Суғд таъсир дорад.

Аз рӯи оморе, ки Радиои Озодӣ пайдо кард, кори Ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Чин ҳанӯз аз нимаи дуюми соли 2023 суст шудааст. Ин ширкати чинӣ давоми дуюним соли охир ба давлати Тоҷикистон ин миқдор молиёт (андоз) супоридааст:

  • 2022 – 784,2 миллион сомонӣ (қариб 74 млн доллар)
  • 2023 – 556,2 миллион сомонӣ (52,4 млн доллар)
  • нимаи аввали соли 2024 – 243 миллион сомонӣ (қариб 30 млн доллар)

Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми август барои гирифтани назари масъулони Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ба ин корхона мактуб фиристод, вале посухе нагирифт.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, рӯзи 8-уми августи имсол зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин корхонаи чинӣ "ба баъзе масъалаҳои молиявӣ-истеҳсолӣ рӯбарӯ шуда буд." Аммо Давлатзода аз ин масъалаҳо ном набурд ва танҳо изҳори умед кард, ки кори Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин беҳтар мешавад ва ин ширкат боз буҷаро пур мекунад.

Панҷ миллиард сомонӣ дар ду сол

Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон
Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон

Вале танҳо буҷаҳои маҳаллӣ нест, ки аз ҳад зиёд вобастаи корхонаҳои чинӣ шудаанд. Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон, 1-уми августи имсол гуфт, ширкати тилои “Зарафшон” танҳо дар ду соли охир ба буҷаи Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиард сомонӣ (қариб 500 миллион доллар) молиёт ва фойида (дивидент) супорид.

Ба ин тартиб, аз 37,7 миллиард сомонӣ (қариб 3,5 млрд доллар) буҷаи Тоҷикистон дар соли 2023, ҳудуди 2,5 миллиард сомонӣ (235 млн доллар)-ро корхонаи тилои “Зарафшон” додааст.

70 дарсади саҳмияҳои корхонаи "Зарафшон”-ро ширкати чинии “Зиҷинг” ва боқимонда 30 дарсади саҳмияҳо дар дасти ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Даромад аз маҳсулот бар асоси тақсимбандии саҳмияҳо сурат мегирад.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз 8-уми августи имсол ҳам гуфт, корхонаи "Зарафшон" яке аз калонтарин андозсупоранда дар Тоҷикистон аст.

Партовгоҳи корхонаи "Зарафшон"
Партовгоҳи корхонаи "Зарафшон"

Тибқи омори расмӣ, ин корхона 70 дарсади тилои Тоҷикистонро тавлид мекунад ва кори он чандин бор сабаби норозигии сокинони маҳаллӣ шудааст. Сокинони ҷамоати Хумгарони Панҷакент дар канори корхонаи “Зарафшон” шикоят доранд, ки партовгоҳҳои ин корхона, ки дар дохилаш моддаи заҳролуди сианид дорад, ҳаёти мардумро ба хатар меандозад. Мақомоти Тоҷикистон ин шикоятҳоро рад ва аз корхонаи чинӣ ҳимоят мекунанд.

Роҳи ҳал кадом аст?

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, вобастаи як корхона шудани буҷа пайомадҳои бад дорад.

Абдулло Ашӯров, рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад, гуфт, солҳои гузашта саҳми ширкатҳои мобилӣ, корхонаи алюминий ва пахта дар пур кардани буҷа зиёд буд, аммо ҳоло чунин нест.

Ба таъкиди рӯзноманигор, аз як ҷиҳат ин хуб аст, ки ширкатҳои чинӣ барои буҷа манбаи нави андозсупорӣ шудаанд, аммо давлат набояд аз ҳад зиёд вобастаашон шавад.

“Дар ҳолати аз кор мондан ё суст шудани фаъолияти корхонаҳои чинӣ буҷаи кишвар ба мушкил рӯбарӯ мешавад ва шояд натавонад уҳдадории худро иҷро кунад, аз ҷумла дар самти пардохти маош. Барои ҳамин, давлат бояд барои сармоягузорон шароити беҳтаре фароҳам кунад, то аз ин ҳисоб манбаъҳои нави андозсупорӣ ба вуҷуд биояд,” -- шарҳ дод ӯ.

Рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев, ки низ дар масоили иқтисодӣ менависад, гуфт, мақомот ҳамеша аз гуногунсози иқтисод суҳбат мекунанд ва давлат набояд набояд танҳо ба умеди истихроҷи маъдан бошад.

Истихроҷи маъдан як бахши асосии иқтисоди Тоҷикистон аст ва ин бахши муҳими иқтисод асосан дар дасти чиниҳост.

XS
SM
MD
LG