Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаҳои чинӣ чӣ фоидаву чӣ зарар доранд? Вокуниши вазирони тоҷик


Мақомот мегӯянд, ширкатҳои чинӣ “зарар намерасонанд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз таъсири бади корхонаҳои чинии истихроҷи маъдан дар кишвар беморие сабт нашудааст. Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба таҳқиқоти нави Радиои Озодӣ баён дошт, ки аз шикояти даҳҳо сокини Тоҷикистон ва баъзе аз пизишкони маҳаллӣ маншаъ мегирад.

"Имрӯз ягон ҳолати зиёни расида ба шаҳрвандон дар вазорат нест. Боварӣ дорам, баъди ба кор сар кардан ягон фикр, ягон эроде аз тарафи шаҳрвандон шуд, ҳатман олимони соҳаи тиб дар ҳамон минтақаҳо кору таҳқиқоти илмӣ мегузаронанд," – афзуд ӯ.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент ва ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат, борҳо аз зарари корхонаҳои чинӣ шикоят кардаанд. Аз ҷумла, бошандагони деҳаи Хумгарон дар канори корхонаи тилои "Зарафшон"-и Панҷакент дар номае ба раиси ҷумҳур аз ҳолати бефарзандӣ дар оилаҳои ҷавон, кӯдакони пеш аз вақт таваллудшуда, фигона ё бачапартоиҳо ва афзоиши бемориҳои роҳи нафас ва асаб нигаронӣ карда буданд.

Вазорати тандурустӣ пештар ҳам аз додани омори гирифторони бемориҳо дар Панҷакент ба Радиои Озодӣ худдорӣ карда буд. Дар таҳқиқи Радиои Озодӣ гуфта мешуд, ки мансабдорони тоҷик аксар вақт талош мекунанд барои сармоягузориҳои бузурги Чин аз тарзи амали корхонаҳои чинӣ ҳимоят кунанд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ, рӯзи якуми август гуфт, барои пешгирӣ аз олудашавии муҳити зист корхонаҳо аз фанновариҳои навтарин кор мегиранд.

"Технологияҳое, ки онҳо ворид карданд, бесобиқа ҳастанд, хусусан дар истеҳсоли миси катодӣ. Соли гузашта буд. Дар дунё ин хел технология нест. Аз ҷиҳати экологӣ ҳам бисёр муносиб аст. Полоишгоҳҳое, ки дар он ҷо сохтаанд, сатҳи олитарини экологӣ кафолат дода мешавад," – шарҳ дод ӯ.

Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки воқеият чизи дигар аст ва чиниҳо дар истихроҷи маъдан ва ҳам кишоварзӣ аз технологияҳо ва моддаҳои кимиёии зараровар истифода мебаранд.

Дар ҳамин деҳаи Хумгарони Панҷакент чиниҳо полоишгоҳи калоне сохтанд, ки дар он барои аз маъдан ҷудо кардани тило маводи заҳрноки сионидро ба кор мебаранд. Партовҳои корхонаи оҳаки чиниҳо дар соли 2019 моҳиро дар дарёи Шингро нобуд карда буд.

Панҷакент
Панҷакент

Истихроҷи захираҳои табиии Тоҷикистон, ки яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, асосан дар дасти ширкатҳои чинист.

84 дарсади тилои Тоҷикистон аз сӯи ду ширкати чинӣ дар Зарафшон ва Покрӯд истихроҷ мешавад. Ширкатҳои маҳаллӣ танҳо ширкатҳое ҳастанд, ки ба мансабдорони баландпояи ҳукуматӣ марбутанд. Аммо талош мешавад, зиёни ин корхонаҳо ба мардум ва муҳити зист пинҳон монад, ки расонаҳо низ ба онҳо дастрасӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG