12 апрел дар Тоҷикистон ҳамасола “Рӯзи илм” таҷлил мешавад.
Пажӯҳишгоҳи миллӣ-тадқиқотии ҳастаии Донишгоҳи муҳандисӣ-физикии Маскав дар шоҳроҳи Каширискии шаҳри Маскав ҷойгир аст. Инҷо дар баробари ҳазорҳо донишомӯзон аз Русия ва кишварҳои дигар Гулбутта Орзумамадов аз Тоҷикистон дар соли сеюми аспирантура таҳсил мекунад.
Соли гузашта ҳаҷми маблағҳо дар соҳа 0,1%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод, вале барои он ки кадом дигаргуние ба вуҷуд ояд, зарур аст, ки ҳаҷми он 2-3% бошад, мисли кишварҳои пешрафта
Ӯ панҷ сол дар риштаи микроэлектроникаи Донишгоҳи Славянии Қирғизистону Русия, ду сол дар риштаи системаҳои андозагирии электроникии бахши магистратураи Донишгоҳи муҳандисӣ-физикаи Маскав ва се соли охир болои рисолаи номзадии худ марбут ба полоиш ва коркарди сигналҳои гуногун заҳмат мекашад. Орзумамадов гуфт:
“Ин коркардҳо дар амалия барои дарёфт ва интиқоли дастгоҳҳо истифода мешаванд. Инҳо метавонанд дар телефонҳо, роутерҳо барои вайфай, фанновариҳои кайҳонӣ ва дигар таҷҳизоти муҳим бошанд. Полоишгарҳо барои шиносоии басомадҳои мавриди ниёз ва полоиши сигналоҳои нозарур лозиманд”.
Тамоми марҳилаҳои таҳсилро олими ҷавони тоҷик бо баҳои аъло хатм кардааст ва ҳоло сарфи назар аз надоштани шаҳрвандии Русия корманди илмии расмии кафедраи худ мебошад. Бо вуҷуди ин, ӯ медонад, ки аз кори илмӣ набояд интизори подоши молӣ шуд, ба вижа дар Тоҷикистон, ки ба гуфти ӯ бо чунин тахассус кор ёфтан бисёр ғайримумкин аст. Аз ин хотир, ӯ ният дорад ё шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад ва дар ширкатҳои бузурги русӣ ба кор бидарояд ё аз илм канор бираваду тиҷорати худро марбут ба фанновариҳо роҳ биандозад.
Мисли ҳаво зарур ва ғайри қобили таваҷҷуҳ
Бисёр мутахассисон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон барои донишмандон, бахусус пажӯҳишгарони бахши техникӣ шароити кору пешрафт хеле маҳдуд аст. Ҳарчанд дар мавриди зарурати рушди илм ва аз ҷумла риштаҳои дақиқу техникӣ ҳама мегӯянд – аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ то вакилони парлумону раиси ҷумҳур. Дар кишвар Академияи улум вуҷуд дорад, ки тадқиқоти появӣ ва корбурдиро анҷом медиҳад. Вале ҷомеа дар бораи фаъолияти ин ниҳод ва дастовардҳои азими он иттилои дақиқ надорад.
Бо ин ҳол, донишмандон дар ин замина назари худро доранд. “Мардум дар бораи муваффақияти олимони тоҷик намедонанд, зеро тақрибан алоқаманди донистани он нестанд. Дар кишвари мо то кунун мубаллиғоне вуҷуд надоранд, ки то мардум иттилооти марбут ба олимонро бирасонад, мисле, ки ин кор дар Ғарб ба роҳ монда шудааст”, - мегӯяд ходими калони Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон Ризо Баҳромзода.
Физикдони ҷавон мегӯяд, ки якҷоя бо ҳамкоронаш аллакай равиши нави номнависии гамма квантҳои энергияҳои фавқулода болоро тавассути телескопҳои черенковӣ пешниҳод кардаанд, ки дақиқкории равиши онҳо болотар аз таҷрибаҳои ҳаммонанд дар ҷаҳон будааст. Ин равиш, мегӯяд ӯ, имкон медиҳад равандҳоеро, ки дар кайҳон, хусусан дар атрофи сӯрохиҳои сиёҳ (сиёҳсолаҳо) рух медиҳанд, биомӯзанд.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои ба ин монандро ҳамкорони дигари ӯ дар риштаи илмҳои появӣ ва корбурдӣ анҷом медиҳанд, ки аксаран дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ анҷом мешаванд. Чунин таҷриба, мегӯяд Баҳромзода, масъалаҳои марбут ба дастрасии олимони тоҷик ба таҷҳизоти гаронарзишро ҳал мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Илоҷи дардро ёфтед, то 1000 доллар мукофот. Ташвиқи табибони Хатлон ба пажӯҳишДар авлавият, вале бе сармоягузорӣ
Мувофиқи қарори ҳукумат аз 4 декабри соли 2014 “Дар бораи номгӯйи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” пуштибонии давлатӣ дар анҷоми тадқиқот дар соҳаҳое чун улуми риёзӣ, физика, физикаи нуҷумӣ ва кимиё пешбинӣ мешавад. Дар буҷаи соли 2018 хароҷот барои фаъолиятҳои илмӣ-тадқиқотӣ 9,204 млн сомонӣ, чизе бештар аз 1 миллион долларро дар бар гирифтааст. Дар ҳамин ҳол коршиносон ин маблағро барои рушди илм хеле ночиз медонанд.
Михаил Петрушков, раиси “Маркази рушди тиҷорати Тоҷикистон”, ки ҳамчунин мушкилоти илмро меомӯзад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то замоне, ки масъалаи маблағгузории илм дар Тоҷикистон ба тарафи мусбат тағйир накунад, набояд аз илм натиҷаҳои хубе интизор дошт. “Соли гузашта ҳаҷми маблағҳо дар соҳа 0,1%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод, вале барои он ки кадом дигаргуние ба вуҷуд ояд, зарур аст, ки ҳаҷми он 2-3% бошад, мисли кишварҳои пешрафта”, - мегӯяд коршинос. Ба гуфтаи вай, беҳтар буд агар маблағҳои калоне, ки барои тарҳҳои зерсохторӣ равона мешаванд, барои рушди илм ва зарфиятҳои инсонӣ равона шаванд, то ки барои пешрафт мусоидат кунанд.
Соли 2016 саркотиби илмии Академияи улуми Тоҷикистон Абдусаттор Саидов дар мусоҳиба ба “Азия-плюс” ҳаҷми маоши кормандони академияро гуфт. Он замон ба гуфтаи вай, ходими хурди илмӣ 450-500 сомонӣ ҳақмузд мегирифт ва маоши миёнаи кормандони бахши “илм” 608 сомонӣ ва бахши “фарҳанг” 434 сомониро ташкил медод.
“Маош барои кори илмӣ баробар бо бахшҳои дигар аст, вале дар маҷмуъ ин маош барои донишмандон кифоят намекунад. Бар асоси он мешавад як навъ зиндагӣ кард, вале харидани чизи ҷиддитари зарурӣ, мисли мисли мошин ва ё хона, албатта ғайримумкин аст”, - гуфт физикдони ҷавон Баҳромзода.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шариф Раҳимзода: "Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ рӯ орад". ВИДЕОИлм ғайриқобили таваҷҷуҳ шуд
Коршиносон масъалаи маблағгузорӣ ба илмро аз назари ҷалби таваҷҷӯҳи пажӯҳишгарони ҷавон хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Доктори улуми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “Ҷавонон ба самти нодида гирифтани арзишҳо мераванд. Онҳо ба бахшҳои ҳуқуқшиносӣ, кори гумрукӣ, риштаҳои иқтисодӣ мераванд, чунки мебинанд, ки кормандони бахши молиявӣ ва сохторҳои дигари давлатӣ бо кадом роҳҳое нисбат ба донишмандон зиндагии беҳтаре доранд. Табиист, ки онҳо ба илм бартарӣ намедиҳанд”. Ба гуфти Ҳакимов, бо чунин низоми маблағгузорӣ ва мудирият дар бораи дастовардҳои ҷиддӣ дар илмҳои зербиноӣ ҳарф задан номумкин аст.
Ду сол қабл дар яке аз мусоҳибаҳо, ноиби президенти Академияи илмҳо, академик Саидмуҳаммад Одинаев гуфта буд, ки илмҳои зербиноӣ ва корбурдӣ дар Тоҷикистон рушди хубе доранд. Ба сифати намуна ӯ аз коркардҳои риёзидонҳои тоҷик, ки тарҳҳои гуногуни тақисмоти обро миёни се истифодабарандаи дорои манофеи гуногун пешниҳода карда буданд мисол овард ва таҳияи барномаи “имлои тоҷикӣ” дар формати Word ва дигар коркардҳои олимонро ёд кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Озодиҳои академӣ дар Тоҷикистон зери хатаранд. Чй бояд кард?Шариф Раҳимзода: дар баробари шеър улуми дақиқ ҳам бояд рушд кунад
Як изҳори назари собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси кунунии Кумитаи иқтисод ва будҷаи парлумон декабри соли 2018 баҳси зиёде эҷод кард. Шариф Раҳимзода он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини рушди фикриву илмӣ «мардум бояд талош кунанд, ки фарзандон аз хурдӣ дар қатори шеърдонӣ - математика, биология ва кимиёро ҳам бидонанд». Раҳимзода гуфт, илми тоҷик дар замони имрӯз бештар бо улуми гуманитарӣ маҳдуд шудааст ва ин чиз дар аҳди рушди фанновариҳо наметавонад кофӣ бошад. Ӯ гуфт: “Ҳафтод дарсади ҳимояи рисолаҳои номзадӣ фанҳои гуманитарӣ ҳастанд. Бояд баръакс бошад. Ҳафтод дарсад бояд рисолаҳои фанҳои техникӣ бошанд».
Вақте бархе аз ин гуфтаҳо ранҷиданд, бисёри дигарҳо гуфтанд, ки воқеан ҳам таваҷҷӯҳи пажӯҳишгарони тоҷик ба улуми дақиқу фанновариҳо хеле кам аст.
Ба унвони як интиқоди дигар дар робита бо илми кунунии тоҷик моҳи январи соли 2018 як профессори донишгоҳи бритониёии Экстер Эдвард Шатс дар мақолаи худ дар вебсайти Eurasianet навишт, ки муҳити академӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар риштаи улуми инсонӣ ва ҷомеашиносӣ таҳти хатар қарор дорад ва ҷомеаи байналмилалии академӣ бояд мақомотро маҷбур кунанд, ки фишор болои олимонро кам кунанд. Муаллиф аз маҳдуд шудани фазои озоди фикрӣ дар миёни донишмандону пажӯҳишгарон интиқод карда буд.
«Худрӯйҳо мавҷуданд»
Бо вуҷуди ин бархе аз олимони тоҷик дар солҳои ахир ба ҳар ҳол саҳми худро дар илми ҷаҳонӣ гузоштаанд. Яке аз онҳо - мудири Институти физикаи нуҷумии Академияи илмҳои Тоҷикитон Гулчеҳра Қоҳирова аст, ки ба шарафи он яке аз сайёраҳои хурд «Kokhirova» номгузорӣ шудааст. Ва номзади улуми тиб, Биҳамида Маҳкамова, ки дореро бо номи “Фитосуман” сохтааст, ки метавонад ҷойгузини антиботикҳо бошад. Ӯ миёни 400 зани олим аз 25 кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Куриёи Ҷанубӣ мақоми аввалро гирифт. Доруи сохтаи Биҳамида “Фитосуман” дорои 12 растании доругӣ аст ва онро мешавад як доруйи гиёҳӣ номид.
Бар асоси додаҳои 2016 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон 2012 нафар кор мекардаанд, ки аз онҳо 1061 нафар кормандӣ илмӣ, аз ҷумла 35 академик, 24 аъзо-корреспондент ва ҳамчунин аспирантону могистарҳову донишҷӯён будаанд. Ва дар ҳамон сол ҳаҷми умумии маблағгузории Академияи илмҳо 38 млн сомонӣ (4,8 млн доллар)-ро дар бар гирифтааст, ки бештари онро бурсияҳои хориҷӣ ташкил додаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2009 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати гузаронидани ислоҳоти решаӣ дар соҳаи илмӣ-академии кишвар гуфта буд. Вале дар таҷриба ба ҷуз тағйироти кадрӣ ва намоишӣ тағйироти дигари бунёдие, ки имконоти олимонро боло барад сурат нагирифт.