Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илоҷи дардро ёфтед, то 1000 доллар мукофот. Ташвиқи табибони Хатлон ба пажӯҳиш


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мақомоти Хатлон дар як иқдоме барои ташвиқи табибон ба пажӯҳиш ва беҳтар кардани муолиҷаву дармони беморон, барои онҳо мукофоти молӣ таъйин кардаанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят қароре имзо кардааст, ки бар асоси он табибоне, ки панҷ сол собиқаи корӣ доранд, номзад ва ё доктори илми тиб ҳастанд, мукофотпулӣ мегиранд.

Табибоне, ки ҳам ба таҳқиқ машғуланд ва мехоҳанд, бо идомаи пажуҳиш роҳи беҳтари муолиҷаи бемориеро пайдо кунанд, метавонанд, ба кумаки молии ҳукумати вилоят умед банданд.

Баҳром Миров, намояндаи Шӯъбаи таҳлил ва иттилоотии ҳукумати Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори раиси вилоят бо ҳадафи ҷалби пизишкон ба корҳои илмӣ имзо шудааст.

Дар қарори раиси вилоят омадааст: “мақсад - рушди илми тиб, ҷалби табибон ба корҳои илмӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо аст. “

Аз 5000 то 10 000 сомонӣ мукофот

Агар табибе, рисолаи номзадӣ ҳимоят кунад, 5000 сомонӣ (500 доллар) подош мегирад. Барои дифои рисолаи докторӣ 10 000 сомонӣ (1000 доллар) муқаррар шудааст.

Пулро ба табибоне медиҳанд, ки номзадӣ ҳимоя мекунанд, ё мехоҳанд, номзади илмӣ тиб ё доктор шаванд. Ба гуфтаи мақомот, табибон метавонанд, пулро барои пешбурди таҳқиқ ҳам дарёфт кунанд.

Қарори раиси вилояти Хатлон рӯзи 15-уми феврал имзо шудааст ва бар асоси он табибони беҳтарини сол ҳам ҷоиза мегиранд.

Саидулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта чунин ташаббусҳо набуданд. Вай афзуд: ”Ин як дастгирии хубест барои табибон ва мо хурсанд шудем. Хабарро худам ба мардум расонидам.”

Табибони Хатлон аз иқдоми мақомот истиқбол мекунанд. Шералӣ Ҳодиев, мудири Шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар ва доктори илмҳои тиб мегӯяд, ҳаргуна кӯмаки молӣ барои табибон, ки музди кам доранд, бисёр хуб аст.

Вай умедвор аст, барои анҷоми рисолаи илмиаш дар бораи бемориии ғадуди зери меъда аз кӯмаки молии ҳукумати вилоят баҳраманд мешавад.

“Дар Хатлон ин чизи нав аст, ки мо шунидем. Барои сафар ба Русия барои ҳимоя пул лозим аст. Мо бояд барои корҳои илмӣ ба хориҷа равем ва ин пул барои корамон муҳим аст” – гуфт ӯ.

Табиби 49-сола гуфт, ки нақша дорад, то ду соли оянда рисолаи номзадиашро ҳимоят кунад.

Иқдоми шоистаи таҳсин, ҳарчанд ....

Як номзади дигари илми тиб аз вилоят, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҳарчанд қарори ҳукумат шоистаи таҳсин аст, вале мукофот ё кумакҳои молӣ ба андозаи панҷ ё даҳ ҳазор сомонӣ барои таҳқиқ бисёр кам аст.

“Агарчӣ ин пул ба 30 дар сади кор басанда асту халос, вале хушҳол шудем, ки раиси вилояти Хатлон кори савоб кард” – гуфт, ӯ.

Шикояти зиёди табибон аз музди кам, шикояти мардум аз кори табибон зоҳиран мақомоти Хатлонро маҷбур кардааст, ки барои ислоҳи вазъ тадбирҳое биандешанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон хадамоти тиббӣ ройгон аст, аммо беморону хешовандони онҳо шикоят мекунанд, ки ҳеҷ кори онҳоро дар шифохонаҳо бепул ҳал намекунанд. Пули дору, ҷарроҳӣ, маводи аввалияи тиббӣ, ҳамаро тақрибан худи бемор ё хешовандонаш бипардозанд.

Хатлон бо бештар аз 3 миллион нафар аҳолӣ бузургтарин вилоят дар ҷануби Тоҷикистон аст. Дар ин вилояти бузург фақат 3 доктори илми тиб, 23 номзади илми тиб фаъолият мекунанд. Сӣ нафари дигар унвонҷӯи илм тиб ҳастанд.

Вилоят бештар аз 3700 табиб дорад, ҳарчанд дар баъзе аз манотиқи куҳистонии он табиб худи мардум аст ва ё дар сурати бемор шудани касе, ӯро бояд ба маркази шаҳр ва ё ноҳия биёранд.

XS
SM
MD
LG