Евразиянет
Озодиҳои академӣ дар Тоҷикистон таҳти хатар қарор дорад ва ҷомеаи илмии байнулмилалии илмиро зарур аст ҳукумати Тоҷикистонро барои коҳиши фишор ба олимон моил созад.
Соли 2014 ҳамкори мо Александр Содиқов баъд аз мусоҳиба бо фаъоли сиёсӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт ва дар ҷосусӣ айбдор шуд
Вазъи ваҳшатбори феълии озодиҳои академӣ аз вазъи охирҳои солҳои 90 ва аввалҳои солҳои 2000 аз замин то осмон фарқ дорад. Чанд даҳсола пеш, замоне ки муассисаҳои илмии Осиёи Миёна ба бахше аз илми байнулмилалӣ табдил мешуданд, дар Тоҷикистон, бо вуҷуди ҷанги шаҳрвандӣ бо паёмадҳои ногувораш, сатҳи болои озодӣ дар пажуҳиши илмӣ мавҷуд буд.
Донишгоҳҳо ва Академияи улум дар он солҳои тираи ҷанг омодаи ҳамкорӣ буданд ва аз ташрифи донишмандону пажуҳишгарони хориҷӣ истиқбол мекарданд. Дар он давра барои баргузории пажуҳишҳо тақрибан монеае вуҷуд надошт.
Олимони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада, кормандони илмии маҳаллиро бо худ мегирифтанд ва бо истифода аз робитаҳову дониши андӯхтаи онҳо барои навиштани рисолаҳои докторӣ ё татбиқи тарҳҳо бо сармоягузории хориҷӣ мавод ҷамъ меоварданд. Ҳамзамон тавассути барномаҳо беҳтарин муҳаққиқони ҷавон барои таҳсил дар хориҷа ҷалб мешуданд ва таври маълум, бархе аз онҳо ба Тоҷикистон барнамегаштанд. Дар он давра кишвар ба камбуди шадиди сармоягузорӣ дар бахши илм мувоҷеҳ буд.
Имрӯз ин мавзӯъ ба мушкили доманаш густурдатар табдил шудааст. Дар Тоҷикистон тайи панҷ соли ахир, чун дар Узбекистони солҳои 2000-ум, ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ рӯз то рӯз душвортар мешавад, зеро ҳукумат дар ин самт маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунад.
Донишмандони хориҷие, ки талоши ҳамкорӣ дар тарҳҳои муштарак ва нашри таҳқиқоти муштаракро доранд, ҳамкорони тоҷики худро зери зарба мегузоранд. Соли 2014 ҳамкори мо Александр Содиқов баъд аз мусоҳиба бо фаъоли сиёсӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт ва дар ҷосусӣ айбдор шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ӯро фақат баъд аз 36 рӯз раҳо кард.
Шурӯъ аз соли 2014 вазъ рӯз то рӯз бадтар мешавад. Мо ҳадди аққал панҷ қазияро (ба ҷуз қазияи Содиқов) сабт кардем, ки донишмандон дар пайи табъиди мақомоти амниятӣ маҷбур ба тарки Тоҷикистон шудаанд. Ду нафар аз ин олимон ҳамкори мо буданд, чаҳор нафари дигар низ бо муҳаққиқони хориҷӣ кор мекарданд ва мавриди таъқиб ё таҳдиди КДАМ қарор гирифтанд.
Маҳдудсозии озодиҳои академӣ дар Тоҷикистон аҳёнан ба таври оммавӣ баррасӣ мешавад. Ба ин мушкил дар гузориши Дэвид Кэй, гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии андеша ва баён, ки моҳи июни соли 2017 нашр шуд, низ ишора нашудааст.
Иттилои ба мо ироашуда механизми табъиди донишмандонро дар Тоҷикистон ошкор мекунад. Мо бештар аз он нигаронем, ки табъиди КДАМ бо ҳамкории ошкору ниҳони дигар олимон ва кормандони муассисаҳои илмии давлатӣ сурат мегирад. Ба истилоҳи дигар, маҳдудсозии озодиҳои академикӣ тавассути худи донишмандон ва ҳамчунин аз тариқи назорату худсенсорӣ сурат мегирад.
Қазияи як донишманди тоҷик, ки дар сомонаи интернетии Донишгоҳи Эксетер нашр шуд, намунае аз табъиди олимони тоҷик аст. Ин донишманд, ки аз тарси таъқиб номашро ошкор накардааст, шаклҳои гуногуни фишор то ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз сӯи мақомоти амниятиро баён намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, донишмандоне, ки барои ширкат дар конфаронсҳои байнулмилалӣ даъват мешаванд, қабл аз сафар аз тарафи кормадони КДАМ пурсуҷӯ мешавад. Дар ҳолате, ки баъд аз ҳушдор ин донишманд дубора ба нишаст дар хориҷи кишвар даъват шавад, бояд ӯро нафаре аз ҳамкоронаш ҳамроҳӣ кунанд ё мақомот даленл пеш оварда ба донишманд иҷозаи сафар намедиҳанд. Ин гуна бархӯрд дар ҳоле ҳам сурат мегирад, ки агар олимони хориҷӣ меҳмони манзил ваё ҷойи кори донишманди тоҷик шаванд. Мақомоти Тоҷикистон ба олимоне, ки аз худсенсорӣ парҳез мекунанд ё дар бораи ҳамкорони хориҷиву маҳаллии худ ба КДАМ иттилоъ намерасонанд, иҷозаи ҳамкории тулонӣ намедиҳанд.
Моҳи октябри соли 2017 Донишгоҳи Эксетер дар мавриди таърихи табъиди донишмандон дар Осиёи Марказӣ бо муқоиса бо Ховари Миёна конфаронс доир намуд. Як ширкаткунандаи нишаст аз Тоҷикистон изҳор намуд, теъдоди донишмандони тоҷик, ки бар асари “эҳёи системаи шӯравии илму дониш”, яъне таҳқиҳот дар чаҳорчӯби нуқтаи назари ҳоким ва пуштибонӣ ё сафедкунии давлат, ватани худро тарк мекунанд, ҳарчӣ бештар мешаванд. Донишманди тоҷик дар суханронияш ба чанд нуктаи дигар – дар садри муассисаҳои илмии давлатӣ шинондани афроди наздик ба КДАМ, плагиат ё рӯйбардоркунӣ дар диссертатсияҳои номзадӣ ё доктории ин афрод, пурзӯр шудани назорат ва пахшу радди иттилоъ аз тариқи “фабрикаи ҷавоб” ишора кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳама дар Тоҷикистон ба гунае аз соли 1991 ба ин сӯ вуҷуд дошт ва аммо солҳои ахир доманаш хело густариш ёфтааст.
Маҳдудсозии фазои илмӣ - бахше аз раванди нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст. Бар пояи тарҳи Central Asian Political Exiles, ки дар Донишгоҳи Эксетер татбиқ мешавад, давлати Тоҷикистон теъдоди бузурги мухолифини сиёсии худро аз кишвар берун кард ва талоши табъиди онҳоро тавассути механизмҳои байнулмилалӣ идома медиҳад. Донишмандони фирорӣ ҳамоно аз сӯи мақомоти амниятӣ таъқиб мешавнд.
Тоҷикистон имрӯз шабеҳи Узбакистон дар соли 2005 аст, ки бар асари вокуниши байнулмилалӣ ба куштори эътирозгарон дар Андиҷон аксари тарҳҳои муштарак баста шуданд, шаҳрвандони хориҷӣ кишварро тарк намуданд, донишмандони маҳаллӣ, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ҳамчун ҷосуси хориҷӣ бадном карда шуданд.
Ҷомеаи байнулмилалии академӣ ба ҳаводиси Тоҷикистон чӣ посухе метавонад диҳад? Ба ҷуз аз пуштибонии олимони таҳти таъқиб қарордошта аз роҳи ташкили краудфандинг ё сармоягузории мардумӣ ва ёрии амалӣ ба онҳое, ки аз кишвар иҷборан фирор карданд.
Бар пояи таҷрибаи андаке, ки ҳосил кардаем, се роҳи вокуниш ба ҳаводиси Тоҷикистонро пешниҳод мекунем.
Роҳи аввал ва радикалӣ – қатъи ҳама гуна ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии давлатӣ ва олимонест, ки дар он муассисаҳо кор мекунанд. Инро наметавон таҳрими пурраи илмӣ номид, вале он имкон медиҳад аз ширкати онҳое дар таҳқиқи баъзе мавзӯъҳо дар бахши илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ ҷилавгирй шавад, ки ҳамкорони маҳаллии худро мавриди фишор қарор медиҳанд. Ин мавзӯъҳо метавонанд марбут ба пажуҳишҳои сирф сиёсӣ дар бахши низоъҳои мусаллаҳона ва ҷунбишҳои мухолифи давлат, масоили амниятӣ ва ҳамчунин пажуҳишҳои “ғайрисиёсӣ” (дар робита ба таъриху дин ва забонҳои аққалиятҳои миллӣ) бошанд.
Таҳрим чораи фавқулодда аст ва шояд бештари ҳамкорон аз он ҷонибдорӣ накунанд.
Аз сӯи дигар, аз дигарон ҷудо кардани теъдоди ками муассисаҳои инфиродиву ғайриҳукуматӣ ва донишмандони мустақиле, ки ба василае кор дар низоми давлатии академиро ҳам идома медиҳанд, саҳл нест.
Роҳи дуввум – ташкили “рӯйхати сиёҳ” аст. Дар ҳоле, ки таҳрим ҳама муассисаҳои давлатии илмиро дарбар мегирад, ба “рӯйхати сиёҳ” метавон муассисаҳоеро ворид кард, ки дар табъиди олимони мустақил даст доранд. Аз ин гуна бархӯрд гурӯҳи олимони Туркия дар вокуниш ба саркӯбиҳои соли 2016 кор гирифтанд – онҳо дар мавриди таҳрим ба созиш нарасиданд ва таъсиси “рӯйхати сиёҳ”- ро интихоб карданд. Аммо чун табъид дар Туркия густурда буд, тақрибан 98 дар сади муассисаҳои илмии кишвар ба “рӯйхати сиёҳ” ворид карда шуданд. Ҳамин гуна дар Тоҷикистон ҳам ташкили “рӯйхати сиёҳ” аз таҳрим фарқи зиёде нахоҳад дошт.
Роҳи саввум - «ӯҳдадориҳои фавқулодда»-ро дарбар мегирад. Бар пояи ин стратегия, ҷомеъаи байнулмилалии академй дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳушмандӣ кор мегирад ва дар бораи таъқибу фишор болои донишмандон ва фазои илмӣ огаҳии бештар пайдо мекунад. Айни ҳол донишгоҳҳои бузурги олам ҳамкорӣ бо он муассисаҳои илмиеро идома медиҳанд, ки дар онҳо озодиҳои академӣ аз байн бурда ваё маҳдуд шудаанд ва донишмандон дар онҳо аз бими табъид кору фаъолият мекунанд.
Феълан дар олами академии пажуҳиши Осиёи Миёна онҳое ҳастанд, ки аз таҳрими инфиродӣ кор мегиранд ваё ихтиёрӣ ё аз тарси ихроҷ аз кишвар омодаанд дар ҳар шароит бо ҳама гуна давлат ва ҳар ҷое зарур аст, ҳамкорӣ кунанд. Як донишманди тоҷик баъд аз мутолиаи сиёҳнависи ин матлаб ин иловаро пешниҳод кард: «Режимҳои мустабид ба «интеллектуалҳо» ниёз доранд - ба афроде, ки метавонанд сиёсатро тарҳрезӣ кунанд, нақшаи бунёди идеологияи элитаи ҳукмронро бисозанд. Ба режимҳо афроди донишманд ва ботаҷриба, вале бидуни маҳдудиятҳои ахлоқӣ заруранд. Ин гуна афрод – рузноманигорону олимони номдор, ки дар асл тарғибгарони идеологияи ҳукмронанд, бояд ҳатман таҳрим шаванд.
Дар вазъи ҳарчӣ амиқтар шудани режими мустабидӣ дар Тоҷикистон гумон аст, ки бештари ҳамкориҳо бо муассисаҷои давлатӣ дар бахши илмҳои .амъиятӣ ва гуманитарӣ арзишманд ва аз ҷиҳати этикӣ қобили қабул бошанд.
Ҷон ХИЗЕРШОУ, адъюнкт-профессори равобити байнулмилалӣ дар Донишгоҳи Эксетер (Британия) ва раҳбари тарҳи Central Asian Political Exiles (CAPE). Солҳои 2015-16 раҳбари Гурӯҳи кории ҷамъиятии Осиёи Марказӣ дар бахши пажуҳиши амнияти таҳқиқоти саҳроӣ буд.
Эдвард ШАТС, адъюнкт-профессори сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи Торонто (Канада) ва раиси пешини Ҷамъияти таҳқиқоти АвруОсиё.