Хабарнигороне, ки ҷараёни нишасти сарони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманфофеъро дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус пайгирӣ мекарда, мегӯянд, дар ҷараёни ин нишасти рӯзи 10 октябр баҳси байни руасои ҷумҳуриҳои Русияву Молдова Владимир Путин ва Николай Тимофти чунон тунд шуд, ки бисёри хабарнигорон фикр доштанд, ду президент ҳамин ҳол аз гиребони якдигар хоҳанд гирифт.
Николай Тимофти дар ин ҷаласа аз Владимир Путин гила кард, ки баъди имзои қарордоди мушорикати Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо Русия амалан бозорашро ба рӯи молҳои тавлидкардаи ин кишвари пасошӯравӣ бастааст ва дар натиҷа гардиши мол байни ду кишвар дар ин авохир башиддат коҳиш ёфтааст.
Путин дар посух ба ин гилаи ҳамтои молдованаш бо як лаҳни тунд ёдовар шуд, ки Тимофти ва ҳукумати ӯ бояд дар ин бора ҳанӯз қабл аз имзои қарордоди мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо фикр мекарданд. Маҳзи баъди имзои чунин қарордоди Молдова бо Аврупо Русия воридоти меваҷоти Молдоваро манъ ва дар роҳи содироти гӯшту маҳсулоти дигари кишоварзӣ аз он кишвар боҷу хироҷи гарони гумрукӣ эъмол кард.
Ҷараёни баҳси Путин ва Тимофти аз ин видео, ки дар Ютюб нашр шудааст, низ рӯшан дида мешавад:
Тимофти дар посухи Путин гуфт, “пас аз ин бармеояд, ки кишвари моро аз минтақаи озоди тиҷоратӣ (зона свободной торговли)-и СНГ танг карда истодаанд?”
Путин ба навбаи худ боз ба масъалаи худро бо Аврупо наздик кардани Кишинёв баргашт ва гуфт, Маскав аз қабл ҳамаро огоҳ карда буд, ки чунин қаробат бо Брюссел чӣ паёмаде барояшон хоҳад дошт: “Молдова куҷо буд ин ҳама вақт? Мо чандин бор бо чунин пешниҳодҳо ба шумо муроҷиат кардаем, вале посухи қобили фаҳме аз он тараф ҳеҷ нагирифтем.”
Баҳси тунди ду президент ҳатто замоне ки ришта сухан ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузашт, идома ёфтааст. Путин ва Тимофти, бино баа мушоҳидаи хабарнигорон, аслан ба суханони ҳамтои тоҷикашон, ки аз зарурати ҳамоҳанг сохтани талошҳо барои мубориза бо таҳдиди гурӯҳи ҷангии “Давлати исломӣ” сӯҳбат мекард, тавваҷҷӯҳе нишон надода, ҳамчунон бо як оҳанги тунд ба раддудали лафзиашон идома додаанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Айдамбек Аҳмад-уулу, ки барои пайгирии нишасти сарони СНГ дар Минск қарор дошт, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар тамоми тӯли суханронии Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони Русия ва Молдова ба “ҷанҷол”-ашон идома додаанд.
Бино ба гузоришҳо, раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз баҳси ин ду президент чунон муттаассир шуд, ки ҳатто ба раиси маҷлис раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ҳатто хатча ҳам навишт. Вале дахолати Лукашенка лозим нашуд, чунки Путин ва Тимофти зоҳиран мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор гирифтани баҳсашон фаҳмиданд магар, ки ба он нуқта гузоштанд.
“Пистон”-и Маскав беҳтар аст ё “модари нав” аз Аврупо?
Владимир Путин имзои паймонҳои мушорикат байни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои пасошӯравӣ – Украина, Молдова ва Гурҷистонро аз оғоз як таҳдид ба иқтисод ва аҳдофи геостратегии худ дониста, ҳадалимкон талош кард, то кишварҳои дар гузашта таҳти нуфузи суннатиашро аз ин роҳ пас бигардонад. Арманистон, ки аз нигоҳи сиёсиву низомӣ ва итисодӣ аз Русия сахт вобаста аст, билохира таҳти фишори Маскав аз имзои чунин қарордод бо Иттиҳодияи Аврупо худдорӣ кард.
Дар ноябри соли 2013 дар Вилнюс аз имзои ин паймон даст кашидани раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович нуқтаи оғози эътирозҳои семоҳае шуд, ки дар моҳи феврали соли 2014 бо барканории ӯ аз раҳбарии ин кишвар ва рӯи кор омадани ҳукумати рӯ ба Ғарб дар Киев шуд. Маскав дар посух билофосила дар моҳи март нимҷазираи аксаран русзабони Қрими Украинаро ишғол кард ва дар пушти ошӯбҳои хунини ҷудоихоҳӣ дар Донетску Луҳанск низ, бовар меравад, ки Русия истодааст ва тавре Владимир Путин чандин бор дар суханрониҳояш ба ин ишора ҳам кард, Украина бо чунин талафоти сахт “нарх”-и ҷудо шуданаш аз “пистон”-и Маскаву рӯ оварданаш ба “модари нав”, яъне Аврупоро пардохт мекунад.
Путин дар нишасти Минск бори дигар ба масъалаи қаробати Киев бо Аврупо баргашта, гуфтааст, иҷрои қарордоди мушорикати онҳо таҳти фишори Маскав як сол ақиб андохта шуд ва Қазоқистону Беларус бояд ҳамчун узви Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, ки ҳамроҳ бо Русия аз соли нав ба роҳ меандозанд, бо Маскав дар масъалаи роҳҳои муқобила ба оқибатҳои ин самтгирии Киев мавқеи комилан ҳамсон бигиранд. “Музокироти мушкиле дар пеш аст, вале мо бояд аз як гиребон сар барорем, то он паҳлуҳои ин қарордодро, ки метавонад ба иқтисоди кишварҳои мо зиён бирасонад, таҳрир кунем,” – гуфтааст Путин дар нишасти Минск.
Гирифтани Киев дар як ҳафта
Владимир Путин дар гузашта ҳам бо баёнияҳои тунду мавзеъгириҳои ғайри қобили фаҳмаш дар сӯҳбатҳову музокирот бо раҳбарони дигар кишварҳо вирди забонҳо шудааст. Аз ҷумла Жозе Мануэл Баррозу, раиси Кумиссиюни Аврупо дар тобистони имсол гуфта буд, ки гӯё Путин дар ҷараёни баҳси Украина бо ӯ гуфта бошад, ки гирифтани Киев барояш ду карат дуст ва буду шуд шояд ду ҳафтаро дар бар бигирад. Кремл баъдан гуфт, ки суханони Путин каме ғалат тафсир шудаанд. Вале худи ин гуфтаи Путинро, ки ӯ метавонад Киевро дар зарфи ҳамагӣ ду ҳафта бигирад, Кремл пурра инкор накард.
Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, ҳамин тавр, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам дар баҳори имсол, вақте масъалаи дахолати Русия дар бӯҳрони Украина тоза матраҳ мешуд, баъди як тамоси телефониаш бо Путин ба раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, ки Путин дар ин сӯҳбат ба нафаре мемонд, ки эҳсоси воқеъиятҳои ҷаҳони имрӯзаро гум кардааст.