Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенка: Пас Русия ҳам замини муғулҳоро баргардонад (ВИДЕО)


Аляксандр Лукашенка
Аляксандр Лукашенка

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка бо интиқод аз азми Русия барои бозбинии марзҳои Аврупо гуфтааст, паси худи Русия ҳам бояд сарзаминҳояшро ба муғулҳо баргардонад, зеро дар асрҳои миёна ин заминҳо моли Олтин-Ӯрда буд.

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар як баёнияи ба таври бесобиқа мустақиме алайҳи азми Русия ба вайрон кардани якпорчагии Украина ва бознависии харитаи Аврупо сӯҳбат кардааст.

Раҳбари худхоҳу худкомаи Беларус бо як собиқаи тӯлонии баёнияҳои зиддунақизаш маъруф аст, вале маълум мешавад, ки ӯ то ҳанӯз ба ниҳояти ин роҳ нарасидааст ва боз ҳам ҳарфҳое дорад, ки мардумро мутаассир кунад. Лукашенка дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиони интернетии Қазоқистон бо номи 16/12, ки рӯзи 5 октябр нашр шуд, ба сурати қотеъ азми Русия барои бознавсии марзҳои Аврупоро маҳкум кард.

Лукашенка гуфт, агар ҷараӣни бознигариву аз нав кашидани марзҳо бар пояи даъвоҳои таърихӣ оғоз шавад, ин як ҷараёни беохире хоҳадшуд ва барои мисол, агар Олтин-Ӯрда (Ӯрдаи тилоӣ) – империяи муғулҳо дар асрҳои миёна – барқарор шавад, худи Русия метавонад ҳатто аз байн биравад.

Раисиҷумҳури Беларус дар ин робита гуфт: “Дар чунин сурат мо бояд ба Муғулистону Қазоқистон тақрибан тамоми қаламрави Русия ва Аврупои ғарбиву шарқӣ, ба истиснои Беларусро баргардонем. Муғулҳо корҳое барои мо карданд, вале ба мо кордор нашуданд. Пас чаро мо бояд ба он чӣ ки дар гузашта буд, баргардем? Мо наметавонем марзҳоро аз нав бикашем.”

Ӯ афзуд, марзҳои кунунии Аврупо бар пояи қарордодҳои зиёди байналмилалӣ кашида шудаанд ва набояд сарфи назар ё лағв шаванд.

Ҳарчанд сӯҳбатҳои Аляксандр Лукашенка бештар ба низои кунунӣ байни мақомоти Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар ва тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия дар моҳи март робита дошт, ин изҳори назарро метавон ба ҳаракатҳои дигари Маскав, аз ҷумла эътирофи расмии Абхозистону Осетияи ҷанубӣ – ду вилоятит ҷудоиталиби Гурҷистон – ва пуштибонии Русия аз вилояти ҷудоиталаби Приднестровйе дар Молдова низ рабт дод.

Лукашенко дар ин мусоҳиба дар масъалаи Қрим гуфт, “мо хоҳони тахриби давлати Украина нестем. Бисёре аз мардум ҳоло мегӯянд, Қрим нодуруст ба Украина дода шуда буд, ин м улки меросии Русия аст. Ин бархӯрди нодуруст аст.”

Мавқеи ошкори Лукашенка ва ишораҳояш ба Қазоқистон як андоза ғайричашмдошт менамоянд, чунки Беларус ва Қазоқистон бояд аз соли нави 2015 ҳамроҳ бо Русия тарҳи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё – нуқтаи меҳварии сиёсати хориҷии раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ба роҳ андозанд.

Интизор меравад, Путин бо Лукашенка ва ҳамтои қазоқи онҳо Нурсултон Назарбоев рӯзи 10 октябр дар Минск асноди тасвибшуда дар мавриди таъсиси ин созмони ҷадидро ба ҳамдигар бисупоранд.

Аммо сиёсати Русия дар Украина кишварҳои дигари пасошӯравиро музтариб сохтааст. Аз ҷумла содиқтарин муттаҳидони Маскав дар ин паҳно – Беларус ва Қазоқистонро ҳам. Путин дар ҷараёни як суолу ҷавоб дар моҳи август, бо ин изҳороташ, ки “қазоқҳо ҳеҷ гоҳ давлати худро надоштанд” ва Қазоқистони муосирро гӯё Назарбоев сохтааст, ба оташи нигарониҳо дар Қазоқистон равғани бештар рехт.

XS
SM
MD
LG