ВИЧ/СПИД - "армуғон"-и ҳамхобаҳои тасодуфӣ ба муҳоҷирон

Аз поёни соли 2014 бозгашти муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар миёни онҳо муҳоҷироне низ ҳастанд, ки бо бемориҳои зӯҳравӣ бармегарданд.

Як муҳоҷир аз вилояти Суғд, ки худро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Насрулло муаррифӣ кард мегӯяд, ки моҳи ноябр ба Ватан бозгаштааст ва баъд аз муоина огаҳӣ ёфтааст, ки аз робитаи тасодуфии ҷинсӣ бо зане дар Русия ба вируси масъунияти норасоии бадан ё ВИЧ СПИД гирифтор шудааст. Ҳатто вай дар худи Русия баъд аз чунин алоқаи тасодуфӣ эҳсос кардааст, ки беморие домангири вай шудааст ва хостааст дар рӯзҳои аввал ба табибон муроҷиат кунад, вале ба қавли худаш, тарсидааст, ки дар сурати ифшои ин беморӣ, вайро аз Русия ихроҷ мекунанд, чун кору фаъолияти гирифторони вируси масъунияти бадан аз кишварҳои хориҷӣ дар Русия иҷоза дода намешавад. Вале баъд аз пеш омадани мушкилоти иқтисодӣ дар Русия, вай ба Ватан баргаштааст ва ҳоло машғули табобат аст. Насрулло баъд аз гуфтани ин суханон нахост ба суолҳои баъдӣ ҷавоб диҳад ва сӯҳбатро қатъ кард.

Аммо Фирдавс, мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ бо собиқаи бештари ин беморӣ дар сӯҳбат озодтар буд. Вай ду сол пеш аз Русия баргаштааст ва дар давоми якуним соли кору зиндагии худ дар Русия хостаст шаҳрвандии Русияро низ дарёфт кунад. Аммо ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо дар муоина ошкор кардаанд, ки Фирдавс гирифтори вируси норасоии масъунияти бадан аст. Вайро ихроҷ кардаанд.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик барои солҳо аз Русия ба кишвар барнамегарданд.

Ҳоло Фирдавс дигар ҳақи сафар ба Русияро надорад, чун афроди гирифтори вируси масъунияти бадан ҳақи кор дар Русияро надоранд. Фирдавс ба сарнавишти худ ба қавле «тан» додааст ва эътироф кард, ки бемории вай собиқаи бештар дорад ва ҳатто замоне ба ин беморӣ гирифтор шудааст, ки арӯсӣ накарда буд. Вай мегӯяд, ки ҳатто аз арӯсӣ бо чанд духтар худдорӣ кардаст ва ба онҳо ошкор гуфтааст, ки бемор аст.

Вале танҳо замоне ба арӯсӣ розӣ шудааст, ки табибон вайро аз ҳолати осебпазир берун овардаанд ва арӯсии вайро зери шарту шароити муайян ва сахт иҷоза додаанд. Чун бо хонумаш якдигарро дӯст доштаанд, хонумаш ба ин шарту шароит розӣ шудааст ва ҳатто падару модари духтар низ баъд аз огаҳӣ ризояти худро додаанд. Ҳоло Фирдавс соҳиби як кӯдак аст ва кӯдак зери назари табибон солим ба дунё омадааст. Вале зиндагии оилавиаш дар чаҳорчӯбаи шартҳои пешбинишуда пеш меравад ва ҳамеша дору истеъмол мекунад. Хонумаш низ ҳар се моҳ аз муоина мегузарад ва вай солим аст. Дӯстону аъзои хонаводааш аз ин беморӣ огаҳӣ доранд ва худи вай онро пинҳон ҳам намекунад.

Фирдавс мегӯяд, ки вай ҳоло ба табиби худ табдил ёфтааст, чун бо машварати табибон роҳҳои муолиҷаро омӯхтааст ва дар интернет ҳамаи мақолаҳо дар бораи ин бемориро мехонад. Гузашта аз ин, Фирдавс бо созмони ғайридавлатии СПИН+ ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи худ ба беморон машварат медиҳад. Ин созмон ба гирифторони вируси норасоии масъунияти бадан кӯмакҳои ройгони тиббӣ мерасонад.

Ҳоло дар Тоҷикистон созмонҳои ғайридавлатии кӯмак ба чунин беморон зиёд аст. Марказҳои муоинаи аннонимӣ ё бидуни ифшои номи беморони зӯҳравӣ низ дар 40 нуқтаи Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Онҳо беморонро барои дарёфти кӯмак ба маркази СПИН + низ равон мекунанд. Дар миёни онҳо муҳоҷирони корӣ ҳам ҳастанд. Зӯҳро Нурлиаминова, корманди масъули Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД мегӯяд, муттаассифона, баъзеи онҳо вақте ба табибон муроҷиат мекунанд, ки беморӣ ба хонумҳояшон низ сироят мекунад. Онҳо фикр мекунанд, ки бо ин кор бемории онҳо барои мардум ифшо мешавад. Вале ҳеҷ пизишк ва ё маркази аннонимӣ ҳақ надорад номи онҳоро ифшо кунад.

Коршиносон мегӯянд, ки бисёре аз муҳоҷирон ба табибон муроҷиат намекунанд

Аксари коршиносон роҳҳои гирифтории муҳоҷирони корӣ ба бемориҳои зӯҳравиро яксон тавзеҳ медиҳанд. Табиби тоҷик дар Маскав Фаросатмоҳ Доробова мегӯяд, чун муҳоҷирон муддати тӯлонӣ аз оилаҳои худ дур зиндагӣ мекунанд, маҷбур мешаванд бо занҳои тасодуфӣ ҳамхоба шаванд ва баъд аз чунин алоқаҳои ҷинсӣ, баъзе аз онҳо ба пизишкон муроҷиат намекунанд. Онҳо ё шарм медоранд ва ё метарсанд, ки онҳоро аз Русия ихроҷ мекунанд.

Шумори дигаре ҳам ба далели мушкили молӣ ё пулӣ ба пизишкон муроҷиат намекунанд, чунки фақат муоинаи он дар Русия 50 доллар арзиш дорад, дар ҳоле ки муолиҷаи беморӣ пули зиёд мехоҳад. Вале вақте, ки таб пайдо мешавад ва беморӣ азият медиҳад, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз роҳҳои шинос пизишкони тоҷикро пайдо кунанд ва аз муоина бигзаранд. Ба гуфтаи ин табиби тоҷик, солҳои ахир дар миёни муҳоҷирони тоҷик баъзе духтарон ё занон низ ба ин беморӣ гирифтор шуданд.

Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳанӯз ҳам идома дорад. Бино ба маълумоти тақрибӣ, дар нимаи дуввуми соли 2014 як ҷо бо муҳоҷирони мавсимӣ аз 300 то 400 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз Русия ба ватан баргаштаанд. Зӯҳро Нурлиаминова, корманди масъули Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни муҳоҷирони бозгашта гирифторони вируси масъунияти норасоии бадан кам нестанд. Онҳо шахсоне мебошанд, ки дар давраи муҳоҷират зуд-зуд ҳамхобаҳои худро иваз мекунанд ва ё бо занҳои тасодуфӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, ба ҷуз аз 40 маркази муоинаи бидуни ифшои ном, 231 утоқи ташхис низ дар минтақаҳои гуногун боз шудааст. Ҳамаи ин марказҳову утоқҳо мубталоёни бемориро ройгон муоина мекунанд ва кӯмакҳои заруриро ба онҳо пешкаш менамоянд. Ҳар шахс бояд ихтиёрӣ ба ин марказҳо муроҷиат кунанд, зеро тибқи қонун марказҳо ва утоқҳои ташхис наметавонанд гирифторонро ба муоина ҷалб кунанд. Дар сурати ошкор шудани беморӣ, аъзои оилаи онҳо низ бидуни ифшои ном аз муоина мегузаранд.

Аз соли 2006 дар Тоҷикистон муолиҷаи ройгони бемориҳои зӯҳравӣ ҷорӣ шудааст ва ҳоло барномаи миллӣ низ барои мубориза бо ин беморӣ вуҷуд дорад. Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 6558 нафар гирифторони вируси норасоии масъунияти бадан то якуми моҳи январи соли 2015 сабти ном шудаанд, ки ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро фаро мегирад.

Солҳои пеш дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан гурӯҳҳои вижа аз созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекарданд ва онҳо ба муҳоҷирони гирифтори чунин беморӣ машварат медоданд, ки бидуни худдорӣ ба марказҳои муоинаи махфӣ муроҷиат кунанд. Ин барномаро Хазина ё Бунёди глобалӣ сармоягузорӣ мекард, вале ҳоло аз сармоягузории он даст кашидааст ва бештар бо гурӯҳҳои осебпазир дар минтақаҳо кор мекунад.