Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ коргарони гирифтори ВИЧ/СПИД-ро "табобат" мекунад


Як озмоишгоҳи бемории ВИЧ/СПИД. Акс аз бойгонӣ
Як озмоишгоҳи бемории ВИЧ/СПИД. Акс аз бойгонӣ

Созмони ҷаҳонии кор мақараш дар Женева барномаи наверо рӯи даст гирифтаст, ки тибқи он барои 5 миллион нафар марду зани коргар дар ҷаҳон шароити мусоид барои аз санҷиши ВИЧ гузаштан фароҳам хоҳад овард.

Олга Богданова, корманди Бахши равобит бо ҷомеаи СҶК рӯзи 7 июн бо пахши як баёнияи матбуотӣ гуфтааст, ки Созмони ҷаҳонии кор дар якҷоягӣ бо барномаи мубориза бо ВИЧ СПИД-и СММ (ЮНЭЙДС ) барои озмоиши ихтиёрии марбут ба вирус 5 миллион нафар то соли 2015 дар ҳамаи гӯшаҳои ҷаҳон шароит фароҳам хоҳанд овард

Тибқи ин барнома коргарон метавонанд пӯшида дар машваратҳои як ба яки мутахассисон дар мавриди ангезаи норасоии масунияти бадан суҳбатҳо кунанд

Бино бар изҳороти ЮНЭЙДС, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7 млн нафар дар миқёси ҷаҳон ба табобат ниёз дорад, аммо дастрасӣ ба муолиҷаро надоранд. Беш аз 40 дарсади мардум дар ҷаҳон, ки бо ВИЧ зиндагӣ доранд дар бораи бемории худ иттилоъ надоранд. Дар ин баёнияи матбуотӣ зикр шудааст, ки бо шарофати табобати фарогири зиддиангезаи ВИЧ, 8 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба табобат дастрасӣ пайдо кардаанд.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Аъзам Мирзоев мегӯяд, дар миёни кишварҳои минтақа, Тоҷикистон аз аввалин давлатҳост, ки барои пешгирӣ аз СПИД қонун қабул кардааст ва пайваста барои беҳбуди вазъи беморон талош мекунад: «Ҳоло дар минтақа 35 дар сади беморони ВИЧ-ро занон ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низ миёни занон ин маризӣ сол аз сол зиёд мешавад. Имсол ҳукумати кишвар барои мубориза бо ин маризӣ беш аз ним миллион доллар ихтисос додааст. Ҳоло ташхис ва табобати афроди олудаи ВИЧ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумат ва Хазинаи Глобалӣ ройгон пешниҳод карда мешавад.»

Манижа Ҳайитова
Манижа Ҳайитова
Аммо Манижа Ҳайитова, раҳбари маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ/ СПИД дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд дар қонун табобати ройгон пешниҳод шудааст, воқеият дигар аст: «Вақте занҳои олудаи ин вирус ба бемористонҳо мераванд, духтурон маблағи муолиҷаро талаб мекунанд. Инчунин, тибқи қонун кӯдакони бемор бояд кӯмакпулии иҷтимоӣ дарёфт кунанд, вале 8 моҳ инҷониб кӯдакон аз ин маблағ маҳруманд. Яъне дуруст аст, ки маблағҳои зиёд ҷудо мешавад, аммо назорат аз болои амалишавии қонун ва барномаҳо заиф аст.»

Дар ҳоли ҳозир арзиши як давраи табобати як бемори гирифтори ВИЧ/СПИД наздик ба 8 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аммо занҳое, ки олуда ба ин вирусанд, мегӯянд, барои онҳо беҳтарин даво муҳити солим ва пуштибонии ҷомеа аст. Дар ҳоле, ки бештари ин занҳо дар синни ҷавонӣ аллакай шавҳарони худро аз даст додаанд, орзуи барпо намудани оилаи нав ва ба дунё овардани фарзанди солимро доранд. Орзуе ки барои аксарияти онҳо мисли як афсонаи пушти кӯҳи Қоф боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG