Дар ҳоле ки маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб табдили ном мекунанд ва акнун ҳамчун мероси як аср пеш танҳо гузарҳои Қориён, Чармгари Поён, Новҳои Поён ва Новҳои Боло боқӣ мондаанд, ба хотири аз байн нарафтани онҳо осорхонаи шаҳр гӯшаеро ба 15 маҳаллаи қадимии Кӯлоб бахшидааст.
Комрон Насимов, муовини директори Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин гӯша осори 15 маҳаллаи бузурги Кӯлоб, ки 100 сол қабл бо ҳунарҳо, тиҷорат ва вижагиҳои худ ном баровардаанд, ҷамъ оварда шуданд. Ба гуфтаи Насимов, ҳоло аксари ин маҳаллаҳо дар шаҳр арзи ҳастӣ надоранд ва куллан тағйир хӯрдаанд.
“Ҳозир мо 15 маҳаллае, ки номи бисёр маъмулӣ доштанд, ҳамонҳоро ҷой кардем, ки бештари он дар гирду атрофи Роҳи абрешим ҷойгир буданд. Баъдан ин маҳаллаҳо вижагиҳои хоси худро доштанд. Маҳаллаи Нонвой, ки бештар сокинонаш ба пӯхтани нон машғул будаанд, таърих собит сохтааст, ки барои занҳои ҳомила танӯрҳои танаи девор аз инҷо сарманша гирифтааст,” -гуфт Комрон Насимов.
Дар гузашта сокинони ин маҳаллаҳо бештар ба тиҷорат машғул будаанд, ки аксари он аз Кобулу Бухоро ба Кӯлоб молу коло оварда, ба фурӯш мегузоштаанд. Дар баробари ин заҳмати дастони меҳнати худро ба соҳибкорони Кобул ва Бухоро мефурӯхтаанд.
Ҷумъахон Алимӣ, ки дар ҳамин мавзӯъ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузарҳои Чармгар, Нонвой, Кӯзагарон, Қориён ва Бештегирмон бештар одамони сарватманд ва тоҷир ба сар мебурданд. Ба гуфтаи ҷаноби Алимӣ, ҳоло аксари ин кӯчаҳо табдили ном кардаанд, аммо сокинон на бо номҳои ҳозира, балки бо ҳамон номҳои қадима онҳоро мешиносанд. Ӯ мегӯяд, маҳаллаи Бештегирмонро, ки ба Панҷосиёб табдил додаанд, сокинон бештар ҳамчун Бештегирмон мешиносанд.
Алимӣ афзуд: “Сокинони ин маҳалла дар гузашта бисёр дастони моҳир доштаанд. Баъд дар тиҷорат низ дар садри аввал қарор доштаанд. Аз Бадахшон то Кобул ва аз Кӯлоб то Бухоро мерафтаанд. Таърихи ин маҳаллаҳо хеле калон аст. Масалан, одамони гузашта низ сокинони ин маҳаллаҳоро аз рӯи касбу корашон мешинохтанд. Дар баробари чармгарӣ боз дар ин маҳал ба танӯрсозӣ машғул буданд, ки ҳоло ин анъанаро баъзеҳо идома медиҳанд.”
Умед Ҷобиров, як сокини маҳаллаи Нонвойи поён дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, рӯзгори ӯ бо нонфурӯшӣ пеш меравад. Ба гуфтаи Умед, гузаштагони онҳо низ ба пӯхтани нон ва тиҷорат машғул будаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло аксар сокинони бозори марказии Кӯлобро бо нонҳо ва кӯлчаҳои худ таъмин мекунанд.
Табдили ном кардани ин маҳаллаҳо замони Шӯравӣ сар шуд, аммо номҳои нав ҷойи номҳои кӯҳнаро нагирифт.
Бухорӣ, як сокини 75-солаи маҳаллаи “Завод” (ҳоло Фрунзе) мегӯяд, як қисмати ҷувозҳои равғанкашӣ дар баъзе хонаҳо дида мешавад. Ба гуфтаи Бухорӣ, 150 сол муқаддам бобои ӯ низ ба равғанкашӣ машғул будааст. Ӯ мегӯяд, як ҷувози калон дар хонаи ӯ нигоҳ дошта мешавад, ки он бо қувваи асп мечархид.
Дар гӯшае, ки осорхона таъсис додааст, ашё ва олоти 100 ва 150 сол пеш ба намоиш гузошта шудааст. Бештари ин олот аз манзили сокинони ин маҳаллаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир буда, бо доштани таърихи 2700- сола сеюмин калонтарин шаҳр дар Тоҷикистон шинохта шудааст. Чакан ва кулолгарӣ хоси мардуми ин диёр будааст, ки имрӯз як қисмати сокинонаш бо чакандӯзӣ машғуланд, аммо кулолгарӣ тамоман аз байн рафтааст.