Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз Кӯлобро “пойтахти фарҳангӣ”-и ИДМ кард (ВИДЕО ва 26 АКС)


Рӯзи 25 март зимни таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб, ба ин шаҳр шаҳодатномаи "пойтахти фарҳангӣ"-и Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё СНГ супорида шуд.

Имрӯз зимни таҷлил аз иди Наврӯз дар Кӯлоб, ба ин шаҳр шаҳодатномаи “пойтахти фарҳангӣ”-и Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё СНГ тақдим шуд. Дар ин маросим, мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Конисбек Жусуфбеков, ҷонишини раиси иҷроия, Швидкой Михаил, ҳамраиси Шӯрои фонди гуманитарии ИДМ, Савитская Надежда, ҷонишини раиси дастгоҳи шаҳри Воронежи Русия ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.

Шаҳодатномаи “пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015” ба Кӯлобро Швидкой Михаил, ҳамраиси шӯрои фонди гуманитарии ИДМ ба шаҳрдори Кӯлоб Хайруллои Амонулло супурд. Сипас барои меҳмонон ва сокинони шаҳри Кӯлоб барномаи идонаи ҳунармандону овозхонони кӯлобӣ ба муносибати иди Наврӯз, пешкаш гардид.

Қарор аст, фардо 26 март маросими гузоштани санги асос ба нишони рамзии “Кӯлоб - пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015” доир ва ҳамчунин як нишасти матбуотӣ барои хабарнигорон дар ин робита сурат бигирад. Пас аз анҷом Наврӯз меҳмонон ба мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин мавзеи таърихӣ дидан карданд. Интизор меравад, фардо меҳмонони ҷашни Наврӯзи Кӯлоб дар роҳи бозгашт аз ёдгории таърихии Ҳулбук, воқеъ дар ноҳияи Восеъ низ дидан кунанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ва Наврӯз зиёда аз 25 ҳазор сокинони Кӯлоб иштирок намуданд. Хайруллои Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб зимни суханронии худ гуфт, ки ин унвони баланд ба ҳар шаҳр муйяссар намешавад, Ӯ таъкид намуд, ки Кӯлоб дар солҳои наздик яке аз шаҳрҳои рушкардаи Тоҷикистон хоҳад гашт.

Михаил Швидкой, ҳамраиси Шӯрои фонди гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ рӯзи 25 март дар сӯҳбати кӯтоҳи худ бо хабарнигорон гуфт, Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадима ва аз ҷиҳати стратегӣ аҳамиятӣ вижа дорад. Ӯ таъкид кард, Кӯлоб дар оянда яке аз шаҳрҳои саноатӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хоҳад гашт. Ӯ мегӯяд, аз ин лиҳоз онҳо дар соли 2015 «пойтахти фарҳангии ИДМ»-ро ба Кӯлоб лоиқ донистанд.

Дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар 10 октябри соли 2014 гузашта дар Минск - пойтахти Беларус, ду шаҳр - Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Русия ба унвони “пойтахтҳои фарҳангии ИДМ дар соли 2015” эълон шуданд. “Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015” эълон шудани Кӯлоб дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷашни 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, рӯҳонӣ, файласуф ва шоири маъруфи қуруни вусто дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Кӯлоб савумин шаҳри бузурги Тоҷикистонбуда, дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон дар пои кӯҳи Ҳазрати Шоҳ ҷойгир шудааст. Дар асрҳои XVII-XIX аз Кӯлоб беш аз 40 шоир бархоста, аз маконҳои дидании ин шаҳр яке осорхонаи таърихӣ ва дигарӣ – мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонист.

Ҳоло дар ин шаҳр, як қисми пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон, бо шумули як баталйони тирандозии савора, воҳиди тӯпхонаҳои худгард ва як ротаи тиббӣ мустақар аст.

Феълан дар Кӯлоб ҳудуди 200 000 нафар ба сар мебаранд. Дар ин шаҳр 63 мактаб, як донишгоҳи давлатӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, ду омӯзишгоҳи касбии техникӣ ва омӯзишгоҳи санъат амал мекунанд. Дар Кӯлоб се рӯзнома - «Садои Кӯлоб» «Кулябская Правда» ва « Навиди Кӯлоб», ҳамчунин як телевизиони маҳалли «Телевизиони Кӯлоб» ва хабаргузории мустақили «Хатлон-Пресс» фаьолият мекунанд.

Кӯлоб аз соли 2001 бо Ҳамадони Эрон бародаршаҳр шудааст. Ба хотири ин дар шаҳри Кӯлоб яке аз хиёбонҳо ба исми Ҳамадон номгузорӣ гашта, Хонаи Ҳамадон бунёд кардаанд. Дар Ҳамадони Эрон ҳам як хиёбон номи Кӯлобро гирифта ва низ Хонаи Кӯлоб таьсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG