"Ҳеч кас худро амн эҳсос намекунад, дар берун мехобем"

Ҷануби Бейрут

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти маҳдуди заминии Исроил ба зидди гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон тақрибан як миллион сокини осоиштаро дар ин кишвари Ховари Миёна овора кардааст.

"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳизби сиёсист, ки аз пуштибонии Эрон бархӯрдор аст ва дар порлумони Лубнон намоянда дорад. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳристи сиёҳ ворид кардааст.

Маҳмуд бо ҳамсар ва писари дусолааш пас аз зарар дидани хонаашон аз шаҳри Ғозия ба пойтахт, шаҳри Бейрут, паноҳ бурдаанд. "Мо ба инҷо омадем, зеро фикр мекардем, ки шаҳр амнтар аст. Дар ин ҷо дар соҳил хобем," – гуфт ӯ.

Ҳукумати Лубнон мегӯяд, аз аввали ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар рӯзи 23-юми сентябр тақрибан як миллиону дусад ҳазор нафар овора шуданд. Ин панҷяки аҳолии Лубнон аст.

Мактабу донишгоҳ, масҷид ва варзишгоҳҳоро дар Бейрут ба паноҳгоҳи оворагон табдил додаанд. Бо вуҷуди ин, ҳазорон нафар ҷой надоранд ва дар соҳилу боғҳо, майдонҳо ва мошинҳо мехобанд.

Маҳмуду аъзои оилааш чаҳор рӯзи охирро дар соҳили Ал-Манора дар Бейрут гузарондаанд. Сокинони маҳаллӣ ба онҳо хӯрок медиҳанд. "Мо намедонем, чӣ кор кунем. Ҳама паноҳгоҳҳо пур шудаанд," -- мегӯяд Маҳмуд.

Ӯ ва хонаводааш аз он тарс доранд, ки эҳтимол ба зудӣ ба ҷойи дигар кӯчонда шаванд. Бейрут тақрибан 2,5 миллион аҳолӣ дорад ва шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоии Исроил будааст. "Мо дар ваҳшат ҳастем. Ҳар рӯз бомбаҳо наздиктар меафтанд. Намедонем, ки минбаъд ба куҷо равем," – гуфт Маҳмуд.

Кӯдакони овора дар маркази Бейрут, 1-уми октябри соли 2024

Ҳатто дар Бейрут ҳазорон нафар маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд, зеро ҳавопаймоҳои Исроил ба қисматҳои ҷанубии шаҳр зарба мезананд. Дар миёни оворагон Мария, корманди бонк, низ ҳаст.

Ин зани 27-сола мегӯяд, "ҳафтаи гузашта, пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ману модарам ва хоҳарам аз хона гурехтем. Ҳоло дар гӯшаи дигари шаҳр дар манзили хешовандон ҳастем. Ҳеч кас худро амн ҳис намекунад."

Биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои ҷанубии Бейрут зич сохта шудаанд ва як такягоҳи "Ҳизбуллоҳ" мебошанд (Иёлоти Муттаҳида онро созмони террористӣ медонад, Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст). Ҳоло кӯчаҳои холӣ мондаасту биноҳои бекасу хароб.

Манал, модари ду фарзанд, ҳанӯз аз хонааш дар маркази Бейрут ба ҷое нарафтааст, аммо мегӯяд, "ҳар шаб бори худро ҷамъ мекунем. Садои таркиш шунида мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки замин меларзад."

Ин зан гуфт, баъзе аз дӯстон ва хешовандони ӯ барои амнияти худ ба кӯҳҳои болои Бейрут гурехтаанд. Ӯ шоҳиди ҷанги Исроил бо “Ҳизбуллоҳ” дар соли 2006 буд. Даргирие, ки дар пайи рабуда шудани ду сарбози исроилӣ аз сӯйи гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” оғоз ёфт ва 34 рӯз идома кард.

"Ман пештар ҷангро аз сар гузаронидаам, аммо ҳоло ҳама чиз дигар аст. Ҷои бехатар нест. Тамоми кишвар дар муҳосира қарор дорад," -- гуфт Манал.

Пойтахти Лубнон, 28-уми сентябри соли 2024