Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наим Қосим гуфт, раиси нави "Ҳизбуллоҳ"-ро ба зудӣ интихоб мекунанд


Наим Қосим. Акс аз соли 2020
Наим Қосим. Акс аз соли 2020

Наим Қосим, муовини раиси “Ҳизбуллоҳ”, як созмони тундрави таҳти ҳимояти Эрон ва ҳизби сиёсӣ, ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, раиси нави созмонро ба зудӣ интихоб мекунанд.

Ҳасан Насруллоҳ, раиси пешини “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки Амрико онро созмони террористӣ меномад, рӯзи 27-уми сентябр дар зарбаҳои ҳавоии Исроил кушта шуд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфт, ҳадафи Ҳасан Насруллоҳ аз байн бурдани кишвараш буд: “Насруллоҳ як террористи дигар буд, террорист буд. Меҳвари меҳварҳо буд. Муҳаррики меҳвари шарорати Эрон буд. Ӯ ва одамонаш таҳиягарони тарҳи нобудии Исроил буданд.”

Айни замон Вазорати дифои Исроил бо нашри чанд видео гуфт, ки ба даҳҳо мавзеи “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон зарба задааст.

Ҳарчанд ҳукумати Исроил гуфт, пеш аз ҳамлаҳо ғайринизомиёнро огаҳ кардааст, теъдоди бесарпаноҳон дар Лубнон зиёдтар мешавад. Ҳукумати Лубнон аз бехонумон шудани як миллион нафар мегӯяд.

Раҳбари Лубнон ҳамлаҳои Исроилро маҳкум кард. Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири муваққати Лубнон, гуфт, “мутаассифона, қонуни ҷангал, ки дар ҷаҳон ҳукмрон аст, ба Исроил имкон додааст, тамоми талошҳо барои оташбасро боздошта, ҷанг ба зидди Лубнонро идома диҳад, чунки парвои қонунҳои байнулмилалӣ надорад.”

Вазорати тандурустии Лубнон гуфтааст, дар ду ҳафтаи гузашта бештар аз 1000 лубнонӣ кушта ва 6 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд.

Артиши Исроил мегӯяд, баъд аз шиддат гирифтани ҷанг, “Ҳизбуллоҳ” рӯзона то садҳо мушак ба самти он кишвар партоб мекунад. Дар ин ҳамлаҳо чанд нафар маҷруҳ шудаанд, вале бисёре аз мушаку паҳподҳоро системаи дифои ҳавоии Ироил нобуд кардааст.

Маҳви раҳбарони Ҳизбуллоҳ дар Лубнон. Кӣ ҷойи онҳоро мегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

XS
SM
MD
LG