Вазорати дифои Исроил ин ҳамларо тасдиқ кард ва хабаргузории расмии Эрон гуфт, даҳҳо мушак ба Исроил партоб шудааст.
Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден ба нерӯҳи мусаллаҳи кишвараш амр дод, дар роҳгирӣ аз мушакҳои Эрон ба Исроил кӯмак кунанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Байден ва муовини ӯ Камола Ҳаррис вазъиятро дар Ховари Миёна зери назар доранд.
Хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Ройтерс”, “Ассошиэйтед пресс”, телевизионҳои BBC ва CNN хабари партоби мушак аз Эрон ба Исроилро нашр карданд. Исроил эълон кард, ки пас аз як мавҷи мушакҳо дигар хатаре ба мардумаш таҳдид намекунад.
Қаблан Вашингтон ва Тел-Авив ба Эрон ҳушдор доданд, ки ҳамлаи мушакӣ ба Исроил “пайомадҳои сангин” хоҳад дошт.
Ҳамлаи Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки артиши Исроил субҳи 1-уми октябр аз гузарондани “амалиёти маҳдуди заминӣ” дар Лубнон хабар дод. Исроил гуфт, ин амалиёт барои аз байн бурдани зербиноҳои “Ҳизбуллоҳ” аст. Амрико ва Исроил “Ҳизбуллоҳ”-ро гурӯҳи террористӣ медонанд. Иттиҳоди Аврупо танҳо қаноти низомии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Эрон гуфта буд, ки интиқоми ҳамлаҳои ҳавоии ахири Исроилро хоҳад ситонд, ки дар натиҷаи онҳо раҳбарони аршади ҳампаймонаш Ҳизбуллоҳи Лубнон, аз ҷумла Ҳасан Насруллоҳ, раиси ин гурӯҳ кушта шудаанд.
АКСҲОИ БЕШТАРРО ИНҶО БИНЕД:
Эрон моҳи апрели имсол низ бо даҳҳо мушак ва паҳпод ба Исроил ҳамла карда буд. Аммо мақомоти Исроил гуфтанд, аксари ин мушакҳо дар ҳаво нобуд шуданд.