Матбуоти Русия рӯзи 17 ноябр бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомии ин кишвар хабар доданд, ки аъзои “бандаи ГТА” дар сар қасди анҷоми чандин ҳамлаи террористӣ дар қаламрави шаҳру вилояти Маскавро доштаанд. Манбаи рӯзномаи “Известия” гуфтааст, дар яке аз пинҳонгоҳҳои марбут ба гурӯҳи “бандаи ГТА” чандсад кило маводи мунфаҷираи навъи гексоген пайдо шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, “аъзои ин банда аз ҷумла мехостанд дар поёни соли равон ва аввали соли оянда дар варзишгоҳҳо ва дар чорабиниҳои варзишиву маъракаҳои дигар як силсила ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд.”
Исми “бандаи ГТА” беш аз як сол ба ин сӯ, аз замони оғози қатлҳои мармузи ронандагону мусофирон дар шоҳроҳи М4 “Дон” дар вилояти Маскав вирди забонҳо буд. Номи ин гурӯҳи ҷиноиро матбуот ва мақомот аз исми бозии компутарии Grand Theft Auto (GTA) гирифтаанд. Дар ин бозӣ шаҳре тасвир мешавад, ки таҳти назорати гурӯҳҳои ҷингоӣ уфтодааст ва қаҳрамонаш ба куштани одамон машғул аст.
Манбаи “Известия” гуфтааст, ки аъзои “бандаи ГТА”-ро хун ба ҳам мепайваст, чунки танҳо баъди анҷоми ягон куштор кас метавонист узви комилҳуқуқи он шавад.
Мақомоти Русия мегӯянд, изи аъзои “ГТА”-ро моҳи сентябр пайдо карда, дар ин муддат исми ҳамаи 10 узви ин “банда”-ро ошкор кардаанд.
Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 15 ноябр гуфт: “Аз 10 узви “банда” то имрӯз танҳо 4 нафараш дар ҳоли фирор боқӣ мемонад. Якеро мо аз байн бурдем. 5нафари дигар дастгир шудаанд.” Маркин ҳамчунин гуфт, ки тафтиш ба бозии ГТА тақлиб кардани аъзои ин “банда”-ро собит накард. Ба гуфтаи ӯ, дар заминаи ғаразҳои мазҳабӣ ва гӯё ба хотири “ҷиҳод” анҷом шудани кушторҳо дар шоҳроҳи “Дон” нз тасдиқ нашуд, балки маълум гашта, ки ин афрод одамонро ба хотири тамаъ ва гоҳо ҳатто барои пули хеле ночизе ки онҳо бо худ доштанд, сари тир мекарданд.
Амалиёти вижа барои боздошти “бандаи ГТА” рӯзи 6 ноябр оғоз ёфт. Дар натиҷаи ин амалиёт Рустам Усмонов, аз узбактаборҳои зодаи Қирғизистон, дар коттеҷе дар ноҳияи Раменское дар канори Маскав кушта шуд. Баъдан маълум шуд, киин манзил ба Алексей Староверов, мудири раёсати коргузорӣ (управление делами)-и додситонии кулли Русия тааллуқ дошта, Рустам Усмонов ва модару хоҳараш барои нигоҳубини ин манзил истихдом шудаанд.
Ҳамон рӯз 10 нафари дигар, бо шумули 3 зан, бо гумони ҳамкорӣ бо “банда”-и Усмонов дастгир шуданд, вале додгоҳ танҳо ҳукми ҳабси Абдумуқим Мамадҷонови 32-сола аз Тоҷикистонро бо итттиҳоми ҳифзи 150 тир содир кард. Ду рӯз баъд як узви дигари ин гурӯҳ дар вилояти Владимир ба даст уфтод.
Дар ҳафтаи гузашта шумори боздоштшудаҳо дар чорчӯби парвандаи “бандаи ГТА” ба 5 нафар расид. Аз ҷумла дар шаҳри Красногорск силоҳсози ин гурӯҳ бо устохонааш ошкор карда шуд. Ин мард, ки дар як коттеҷ ба ҳайси посбон хидмат мекард, ҳуҷраи посбониашро ба устохона табдил дода, аз силоҳҳои травматикӣ силоҳи ҷангӣ месохт.
Ҳамин тавр, Абдумуқим Мамадҷонов, ки ибтидо танҳо ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ (моддаи 222-юми Кодекси ҷиноиии Русия) айбдор мешуд, дар ин ҳафта ба даст доштан дар дастикам 2 куштор айбдор карда шуд.
Мақомоти Русия ҳоло мегӯянд, ки даст доштани маҳз аъзои ҳамин гурӯҳ дар дастикам 14 куштор дар шоҳроҳи “Дон” рӯзторӯз яқинтар мешавад. Гуфта мешавад, ташхиси силоҳҳои мусодирашуда аз аъзои “бандаи ГТА” нишон медиҳад, ки 14 нафар дар ин шоҳроҳ аз ҳамин силоҳҳо кушта шуда, ин аслиҳа дар чанд куштори дигар дар солҳои 2009-2011 низ истифода шудааст.
Маскав мегӯяд, 8 нафар аз 10 узви ин гурӯҳ зодагони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон буда, яке аз раҳбарони “ГТА” ба Тоҷикистон фирор кардааст ва онҳо аз Душанбе дар амри таъқибу боздошт ва истирдоди ӯ кумак хостаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Қурбониёни “бандаи ГТА” маъмулан афроди раҳгузаре буданд, ки тасодуфан ҳадафи ҳамла қарор мегирифтанд. Аъзои “банда” барои манъ кардани мошинҳои раҳгузар аз шипҳои махсусе, ки балони мошинро мекафонад, истифода мебурданд.
Матбуоти Русия дар пайи боздошти “банда”-и маъруф ба ГТА аз чанд кушторе, ки дар он мтеавон “из”-И ГТА-ро мушоҳида кард, ёдовар шудааст:
- 22 сентябри соли 2013: Ронандаи 50-солаи Toyota Land Cruiser-ро дар километри 29-уми шоҳроҳи “Балтия” дар қаламрави ноҳияи Красногорск ва мошни ӯро баъданг аз Солнечногорск пайдо карданд.
- Поёни соли 2013: Қатли се бригадири ҳаммолон ва як марди ношинос дар вагоне дар тангкӯчаи Югорский дар шимоли Маскав. Ҳамаи 4 нафарро бо силоҳ куштаанд.
- Аввали майи соли 2014: Дар километри 84-уми шоҳроҳи М- “Дон” ду сайёҳи пиронсол, ки аз Маскав барои аёдати хешовандонашон ба Кубан мерафтанд, кушта шуданд.
- 4 июни соли 2014: Сардори нозирони минтақавии пулис дар ноҳияи Новопеределкино Олег Толмачёвро дар пеши чашми ҳамсараш куштанд. Ба бадани ин афсари пулис 14 тир андохтанд. Ҳамон шаб аз шаҳраки Менделеево дар ноҳияи Солнечногорск ҷасади марду зани ҷавонеро пайдо карданд.
- Шаби 19 августи соли 2014: Дар ҳудуди “Малое бетонное кольцо” дар қаламрави рустои Фоминское дар ноҳҳияи Раменское Алберт Юсупов, раққоси собиқи ансамбли ба номи Моисеев, ки аз бӯстонсарояш ба Маскав бармегшат, кушта шуд. Маъмул шуд, ки мошини ӯро бо шипҳои махсус манъ кардаанд...
Матбуоти Русия мегӯяд, Абдумуқим Мамадҷонови зодаи Тоҷикистон даст доштанаш дар қатли аз ҷумла афсари пулис Олег Толмачёвро эътироф кардааст.