Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои русӣ “ГТА”-ро дастаи тундгароёни исломӣ меноманд


Полиси Русия мегӯяд, аъзои дастаи ҷиноии иборат аз зодагони Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро ифшо кард, ки ба қатли ронандагон дар шоҳроҳи “Дон” машғул будааст.

Полиси Русия мегӯяд, дар як амалиёти вижа аз се раҳбари гурӯҳи “ГТА” (ҳамноми як бозии компютерӣ) яке кушта ва дувумиро боздошт кардааст. Аммо нафари савум тавонистааст, фирор кунад ва ҳоло ҷустуҷӯи ӯ дар вилояти Твер идома дорад.

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, ин гурӯҳ аз соли 2009 дар қаламрави Русия амал карда, раҳбарони он пайравони исломи тундгароёнаанд ва солҳои охир бо ҷалби ҷавонон барои ширкат дар ҷангҳои Сурия, Афғонистон ва Покистон низ машғул будааст. Ҳарчанд расман то ҳоло ин гшурӯҳ дар се куштор гумонбар мешавад, мақомот тахмин мезананд, ки дастаи “ГТА” масъули аз 14 то 20 қатл дар роҳҳои Русия ба шумор меравад.

Расонаҳои русӣ менависанд, аъзои ин даста дар роҳҳо ашёи тез ва буранда афканда, худ дар камин менишастаанд ва ҳангоме ки саллаи мошин кафида, ронанда аз мошин мебаромадааст, ӯро тирборон мекардаанд. Онҳо аз мошин чизе ба ғайр аз шаҳодатномаи ронандагии мақтул намегирифтаанд.

Ба навиштаи рӯзномаи ҳукумати Русия -- «Российская газета», ин гурӯҳ худро «ҷамоат» номида, аз 8 мард ва ду зан иборат будааст. «Онҳо афроди барояшон тамоман ношиносро ҳамчун кофирон ба қатл мерасондаанд ва инро рисолати худ дар рӯйи замин медонистаанд.»

Бо ишора ба ин хабарҳо блогнависони рус аз падид омадани гурӯҳи ваҳшатафкани исломӣ дар дили Русия ҳарф задаанд, аммо таҳлилгарон бар инанд, ки расонаҳо муболиға мекунанд ва шояд сухан аз як дастаи одии созмонёфтаи ҷиноӣ меравад.

Полиси Русия пайванди ин гурӯҳоро бо идеологияи тундагроӣ тасдиқ накардааст ва як мансабдори он мегӯяд, чунин натиҷагириро танҳо таҳқиқ нишон хоҳад дод. Аммо як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия гуфтааст, ҳадафи дастаи “ГТА” тарсондани шаҳрвандони Федерасюни Русия аст.

Номи ГТА кӯтоҳшудаи Grand Theft Auto ном бозии компютерист, ки бар пояи филми ҳамном сохта шуда, дар он рабудани мошинҳо, пойга ва тирандозӣ ба сӯйи мошину ронандагон меҳвари асосист. Рӯшан нест, ин ном ба дастаи мазкур аз тарафи расонаҳо гузошта шудааст ё худи онҳо ба гурӯҳи хеш чунин ном гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG