Намояндаи Хадамоти Федероли Амният ё ФСБ-и Русия, ки сарпарастии парвандаи "дастаи ГТА"-ро бар дӯш гирифтааст, мегӯяд, бунёдгузор ва раҳбари аслии дастаи мазкур ба Тоҷикистон фирор кардааст. Номи ин шахс зикр намешавад, аммо мақомоти Русия ҳафтаи гузашта хабар дода буданд, ки аз се раҳбари гурӯҳ, ки онро навъе аз ҷинояткории созмонёфтаи мазҳабӣ меноманд, яке кушта ва ду тани дигар боздошт шудаанд. Ҳоло гуфта мешавад, ФСБ бо мақомоти Тоҷикистон гуфтушнид дорад, то бунёдгузори асосии дастаро боздошт кунад. Ин дар ҳолест, ки таҳқиқи парванда аз Вазорати умури дохилии Русия ба ихтиёри ФСБ гузашт ва аксари коршиносон мегӯянд, рабт додани он бо тундгароии исломӣ як воҳима аст.
Дар ин байн аввалин айбномаи расмӣ нисбати яке аз боздоштшудаҳо -- Абдумуқим Мамадҷонов эълон шуд. Дар ҳоле ки ибтидо ӯро бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ боздошт карда буданд, додгоҳ ҳоло ӯро ба куштор муттаҳам медонад. Ҳамчунин намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин гуфтааст, фарзияи он ки аъзои даста ба бозии компютерии ГТА (Grand Theft Auto) тақлид мекарданд, тасдиқи худро наёфт.
Дар пайванд бо парванда рӯзи 13-уми ноябр раҳбари раёсати коргузории додситонии кулли Русия Алексей Староверов иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ бозпурсӣ шудааст, зеро Рустам Усмонов, як зодаи Қирғизистон, ки дар амалиёти вижаи рӯзи 6 ноябр кушта шуд ва аз раҳбарони “ГТА” эълон шудааст, дар бӯстонсарои Староверов ба сар мебурд.
Хабаргузории Интерфакс аз қавли мақомоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав хабар дод, ки “алайҳи Староверов бар асоси моддаи 222-юми Кодекси ҷиноии Русия (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.”
Додситонии Русия баъдан ин парвандаро лағв кардааст, вале Сатроверов рӯзи 13 ноябр, бино ба гузориши Интерфакс, ҳамчунон ба ҳайси гумонбар бозпурсӣ мешуд.
Рустам Усмонов дар ноҳияи Раменское дар манзили ин мансабдори баландпояи додситонии кулли Русия ба сар бурда, бӯстонсарои ӯро нигоҳубин мекард. Рустам Усмонов рӯзи 6 ноябр дар ҳамин манзил ҳангоми муқовимат нишон додан ба мақомот кушта шуд. Ба дунбол, 10 нафар, аксар зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бо гумони узвият дар “бандаи ГТА” дастгир шуданд. Матбуоти Русия гуфт, ин афрод дар қатли дастикам 14 ронандаву мусофир дар шоҳроҳи Дон айбдор мешаванд ва гӯё бо ҷангиён дар Сурия ҳам иртибот дошта, ин қатлҳоро дар заминаи адовати мазҳабӣ анҷом додаанд.
Алексей Староверов ҳар нафъ рабт доштанаш ба “бандаи ГТА”-ро рад мекунад ва мегӯяд, коттеҷаш дар Раменскоеро ба як соҳибкор иҷора дода буд ва ӯ ба навбати худ Рустам Усмоновро ба ҳайси хидматгор киро кардааст. Муфаттишон низ ба Интерфакс гуфтаанд, “Староверов ба “банда” рабт надорад, вале бозпурсии ӯ имкон медиҳад маълумоти бештаре дар чорчӯби ин парванда ба даст биояд.” Коттеҷи воқеъ дар шаҳраки Уделное бо 273 метри мураббаъ масоҳат ва 1100 метри мураббаъ замини ҳавлӣ расман ба номи писари ноболиғи ин мансабдори пурнуфузи додситонии кулли Русия сабт шудааст.
Маҷаллаи амрикоии “Forbes” як сол пеш Алексей Староверовро чорумин мақоми сарватмандтарин дар ниҳодҳои интизомии Русия ном бурда буд. Ба ҳисоби ин маҷалла, мушовири давлатии дараҷаи 2 Алексей Староверов дар як сол 21 миллиону 419 ҳазор рубл ва ҳамсари ӯ 26 миллиону 671 ҳазор рубл “кор” кардаанд, ки бо қурби як соли пеш дар маҷмӯъ беш аз 1,5 миллион долларро ташкил медод. Ҳамин тавр, ин хонавода бар иловаи он коттеҷ боз соҳиби як манзили дигари масоҳаташ 140 метри мураббаъ дар шаҳри Маскав ва мошини гаронбаҳои Lexus RX 450 X будааст. “Forbes” Староверовро нафаре ба қалам додааст, ки “ҷангҳои лоббистӣ бо вазорати умури дохила ва вазорати молия аз манфиатҳои корпоративӣ”-и додситонии кулл дифоъ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бо онки аз нашри нахустин хабарҳо дар бораи боздошти аъзои “бандаи ГТА” як ҳафта мегузарад, Кумитаи тафтишот бо забони сухангӯяш Владимир Маркин гуфт, “фарзияи ба қаҳрамонҳои бозии компутарии ГТА тақлид кардани аъзои ин банда собит нашуд. Тафтишот маълум кард, ки ғоратгарон ҳангоми куштор ғаразҳои тамаъҷӯёна дошта, пули қурбониҳои худро ба яғмо мебурданд.”
Вакили мудофеи боздоштшудаҳо Марк Федин низ рӯзи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вай бовар надорад, ки дар куштори 14 нафар ронандагон ва афроди дигар дар роҳҳои атрофи Маскав шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ даст дошта бошанд.
Ба гуфтаи вай, дар ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Русия талошҳое мушоҳида мешавад, ки ин ҳодисаҳоро ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва ба ягон гурӯҳи тундрави исломӣ иртибот диҳанд ва “бандаи ГТА” бештар бофтаи худи мақомоти амниятӣ ба назар мерасад.
Қаблан “Коммерсант” ва “Московский комсомолетс” – ду нашрияи чопи Маскав – низ иддаои ибтидоӣ дар бораи гӯё дар заминаи адовати қавмӣ ва маҳз “аҳли куфр”-ро куштани аъзои “бандаи ГТА”-ро зери суол бурданд. Дар баҳсҳои интернетӣ фарзияе ҳам матраҳ шуд, ки мақомоти Русия мехоҳанд бо чунин роҳ худро муттаҳиди Ғарб дар ҷанг алайҳи созмони “Давлати исломӣ” нишон дода, пеши роҳи таҳримоти бештари зидди Маскавро бигиранд. Фарзияи дигар марбут ба шахси вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев бармегардад, ки дар ин авохир сарусадои зиёде дар бораи эҳтимоли барканориаш аз мақом ба матбуот роҳ ёфтааст ва шояд бо таблиғи чунин натиҷаи баланд ӯ мехоҳад умри курсияшро тамдид кунад.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии РЕН ТВ хабар дод, ки Абдумуқим Мамадҷонов дар рафти бозпурсӣ даст доштанаш дар дастикакм 4 куштор дар шоҳроҳи Донро эътироф кардааст. Ҳамин тавр, рӯзи 11 ноябр як нафари дигар, ки аз амалиёти рӯзи 6 ноябр тавонистааст, фирор кунад, бо иттиҳоми даст доштан дар қатлҳо дар шоҳроҳи Дон дар вилояти Владимир дастгир шуд ва Кумитаи тафтишоти Русия низ гуфтааст, боздоштҳо дар чаҳорчӯби ин парванда идома хоҳанд ёфт.
ВИДЕОИ РЕН ТВ-РО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД: