Аз паси Фейсбук ва Дудл, Гугл ҳам гуфт, ба Тоҷикистон молиёт медиҳад. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Ширкати азими мухобиротии Гугл (Google) худро дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабтином кардааст ва минбаъд аз хадамоти пулие, ки ба шаҳрвандони кишвар мерасонад, молиёт (андоз) хоҳад дод.

Дафтари матбуоти Кумитаи андоз рӯзи 4-уми март дар эъломияе гуфт: "Ширкати бузурги онлайнии Google дар сомонаи www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифта шуд."

Қаблан шабакаи иҷтимоии Фейсбук (Facebook), ки дар Тоҷикистон корбарони зиёд дорад, худро ба ҳайси андоздиҳанда карда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон шабакаи Facebook-ро ҳамчун андоздиҳанда сабт кардааст

Тоҷикистон дар поёни соли гузашта бо ворид карданитағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ширкатҳои мухобиротии хориҷиро, ки дар Тоҷикистон ба сокинон хидмати пулакӣ мерасонанд, уҳдадор кард, худро сабти ном кунанд ва андоз аз арзиши иловашуда ё НДС пардохт кунанд.

Меъёри ин қонун 17-уми декабри 2020 қабул шуда, моҳи январи соли ҷорӣ ба иҷро даромад. Кумитаи андоз дар сомонаи расмии худ барои ширкатҳои хориҷӣ имкон фароҳам кардааст, ки ба таври онлайн худро ба қайд бигиранд.

Ба ҷуз аз Google ва Facebook, ширкатҳои мухобиротии Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla-и Амрико низ худро дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабт кардаанд.

Кумитаи андоз мегӯяд, барои ба роҳ мондани раванди андозситонӣ аз ширкатҳои мухобиротӣ бо масъулони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои таблиғотиро ба роҳ мондааст, то ширкатҳо тавонанд ба дурустӣ молиёт диҳанд.

Меъёри андоз аз арзиши изофашуда, ки ин ширкатҳо бояд ба Тоҷикистон диҳанд, феълан 18 дарсад аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ширкати Гугл (Google) мисли Фейсбук (Facebook) ба Тоҷикистон андоз месупорад

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон мехоҳад, аз Гугл ва Фейсбук андоз ситонадТоҷикистон қасд дорад фурӯшгоҳҳои электрониро андоз бандадДар Қирғизистон аз "Google"-у "Фейсбук" андоз гирифтаниандАндоз аз олами маҷозӣ. Кумитаи андоз се андоздиҳандаи хориҷиро сабти ном кардБа блогерони тоҷик барои андозсупорӣ то якуми апрел муҳлат додаанд. ВИДЕОТағйири андоздиҳӣ. Аз ин бурида, ба он пайваста. Беҳбуд ё нимаислоҳот?