Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон шабакаи Facebook-ро ҳамчун андоздиҳанда сабт кардааст


Кумитаи андоз гуфт, шабакаи иҷтимоии Фейсбук (Facebook)-ро, ки дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор корбар дорад, ҳамчун молиётдиҳанда (андоздиҳанда) сабт кард.

Бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз, ки аз моҳи январи имсол ба иҷро даромад, ширкатҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, вазифдаоранд, аз даромади худ 18 дарсад андоз аз арзиши иловашуда ё НДС супоранд.

Дафтари матбуоти Кумитаи андоз рӯзи 2-юми март гуфт, "ширкати Facebook худро тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифт".

Ширкати Фейсбук ё намояндагиҳои он дар бораи сабтином шудан дар Кумитаи андоз расман хабар надодаанд. Маълум нест, сабтином шудан дар Кумитаи андози Тоҷикистон то куҷо тасмими масъулони шабака аст.

Вале дар сурати сабтином шудан дар Кумитаи андоз, ширкати Фейсбук муваззаф аст, аз даромаде, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегирад, 18 дарсад андоз аз арзиши иловашуда ё НДС супорад. Фейсбук яке аз маҳбубтарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳазорҳо корбар дорад.

Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ба ҷуз аз Фейсбук, ширкатҳои "Doodle Incorporation", "Nоvatech" ва "Esolar Ltd" низ ҳамчун молиётдиҳанда сабтином шудаанд.

Бар асоси муқаррароти нав дар Кодекси андоз, ширкатҳои хориҷӣ, агар мол ё хадамоти худро бевосита ё тавассути миёнравҳо дар Тоҷикистон ба фурӯш мебароранд, бояд НДС супоранд. Барои ин, зарур аст, худро дар сомонаи Кумитаи андоз ба таври бархат ё онлайн номнавис кунанд.

Кумита гуфтааст, омода аст, ба ширкатҳои хориҷӣ дар ин бора маълумоти заруриро пешниҳод кунад, аммо бо гузашти як моҳ аз тасвиби қонун ҳанӯз ҳам ширкатҳои бузурге ба монанди "Гугл" ба ин тасмими Кумитаи андоз вокуниш накардаанд.

Дар шеваи андозситонӣ аз Facebook, Google ва ширкатҳои азими дигари мухобиротӣ Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия, Испания ва Узбекистон такя кардааст. Аммо дар муқоиса бо ин кишварҳо бозори дохилии Тоҷикистон ниҳоят хурд ва қобилияти харидории мардум хеле паст аст. Маълум нест, ширкатҳои азим оғози иҷрои тағйири қонуни андози Тоҷикистонро чӣ гуна мепазиранд.

XS
SM
MD
LG