Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андоз аз олами маҷозӣ. Кумитаи андоз се андоздиҳандаи хориҷиро сабти ном кард


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, се ширкати мухобиротии хориҷӣ, ки дар қаламрави кишвар ба сокинон хадамоти онлайнӣ мерасонанд, худро ба ҳайси андозсупоранда сабти ном карданд ва минбаъд ба давлат молиёт хоҳанд дод.

Мақмоти андоз дар ҳоле аз сабти номи се ширкати мухобиротӣ хабар медиҳанд, ки моҳе қабл Тоҷикистон ба истилоҳ "андоз аз Google"-ро ҷорӣ кард, ки мувофиқи он ширкатҳои мухобиротӣ, ки ба сокинони кишвар хидмат мерасонанд ва аз ин ҳисоб даромад мегиранд, уҳдадор шуданд худро дар феҳристи электронии Кумитаи андоз сабти ном кунанд ва андоз супоранд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз рӯзи 18-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин ширкатҳо "Doodle Incorporation", "Nоvatech" ва "Esolar Ltd" ҳастанд.

"Ҳафтаи оянда ҳам, мо як суҳбати онлайнӣ дорем, ки дар ин бора боз кушоду рушан суҳбат мекунем ва эъломияи андозро муайян карда, дар сомона мегузорем. Ман фикр мекунам, дигар ширкатҳо ҳам омодаанд, ки худро сабт кунанд",-афзуд ӯ.

Масъулини ин кумита мегӯянд, аз суҳбатҳои то имрӯз анҷомдодаи онҳо бо намояндагони ширкатҳои хориҷие, ки дар ҳудуди кишвар ба хизматрасонии пулакии интернетӣ машғул ҳастанд, маълум шудааст, ки ин онҳо барои сабтиноми худ дар феҳристи Кумитаи андоз "манфиатдор" ҳастанд.

Мақомоти Кумитаи андоз хабар дода буданд, ки шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон иловаи Кодекси андоз, мавсум ба "андози Google", ҳукми қонунро гирифт. Бар пояи он, ширкатҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, уҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад "андози арзиши иловашуда" супоранд.

Вокуниши ширкатҳои азими интернетӣ ба ин дигаргунӣ дастрас ва расонаӣ нашудааст, вале бархе аз бонкҳои Тоҷикистон бо ирсоли паёмак муштариёни худро аз ин навигарӣ огоҳ кардаанд.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷӣ агар мол ё хадамоти худро бевосита ё тавассути миёнравҳо дар Тоҷикистон ба фурӯш бароранд, бояд ин андозро супоранд. Барои ин онҳоро зарур аст, ки дар сомонаи Кумитаи андоз худро ба таври бархат ё онлайн номнавис кунанд.

Бинобар тафсири нозирон, "андози Google" танҳо аз молу маводи маҷозӣ ситонида мешавад, на моддӣ. Яъне, агар ширкат ё шаҳрванд дар Facebook, Google, Mail.ru, Telegram, Viber, Play market, App Store, Booking.com ва пойгоҳҳои ҳамсони онҳо барои ёфтани муштарӣ дар Тоҷикистон реклама паҳн кунад, ё ба воситаи интернет моле фурӯхта, аз Тоҷикистон даромад ба даст орад, бояд аз он андоз диҳад.

То кунун аз ин додуситадҳо андоз ситонида намешуд. Вале агар шаҳрвандони Тоҷикистон аз бозорҳои онлайнӣ ягон молу ашё, барои намуна, телефон ва ё дучарха харанд, "андози Google" ба онҳо дахл нахоҳад дошт, зеро ҳангоми ворид шудани мол дар марзи Тоҷикистон, аз он боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Дар шеваи андозситонӣ аз Facebook, Google ва ширкатҳои азими дигари мухобиротӣ Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия, Испания ва Узбекистон такя кардааст. Масъулони андоз мегӯянд, Русия аз ҳисоби чунин андозҳо солона беш аз 3 миллиард доллар даромад мегирад ва дар идораи андози ин кишвар беш аз 2000 ҳазор ширкати мухобиротӣ худро сабти ном кардаанд.

Бори нахуст идеяи андозситонӣ аз ширкатҳои азими мухобироти дар Тоҷикистон аз забони Бег Сабур раиси Хадамоти алоқа садо дода буд. Оқои Сабур дар шарҳи сабаби масдуд шудани дастрасии корбарон ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон гуфта буд, "оё Facebook соҳиб дорад, андоз месупорад?".

Баъдан соли 2017 Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ин мавзӯро матраҳ карда буд. Давлатзода он вақт гуфта буд, дар нома ба президенти Тоҷикистон ба таҷрубаи ба қавли ӯ, босамари Русия ишора кардааст.

XS
SM
MD
LG