Кони "Табаспин" дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо захираи беш аз 30 тонна тилло наметавонад даҳ сол боз сармоягузор ёбад. Сармоягузори пешини кон ба далели мушкил бо мақомоти андози кишвар Тоҷикистонро тарк кардааст. Коршиносон мегӯянд, "баланд будани андоз ва бонусҳои обунавӣ" ширкатҳои хориҷиро аз идомаи кор дар конҳои Тоҷикистон "мегурезонад".
Дар ним соли охир ду дипломати баландпояи хориҷӣ – сафирони Русия ва Иттиҳоди Аврупо аз баланду миёншикан будани мизони андоз барои ширкатҳо ва ҳам вуҷуди "қоидаҳои нонавишта" дар бизнеси Тоҷикистон интиқод карданд.
Ширкати бритониёӣ чаро рафт?
Кони тилло ва нуқраи "Табаспин" яке аз конҳои бузургтарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, танҳо дар қисмати марказии он вуҷуди зиёда аз 30 тонна тилло маълум шудааст. Қаблан ширкати бритониёии Saddleback Gold Corporation барои истихроҷи тилло дар ин кон иҷозат гирифта буд, аммо то оғози корҳои истихроҷ саҳмияҳои ширкат аз тарафи мақомоти андози Тоҷикистон ҳабс карда шуд. Баъдан ширкат ҳам ночор фаъолияташро дар "Табаспин" қатъ намудааст.
Исохӯҷа Бобоев, раиси ширкати "Қулла" ва масъули корҳои омӯзишӣ дар кони "Табаспин", рӯзи 1 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди рафтани ин ширкати бритониёӣ сармоягузорони дигар ҳоло иҷозатнома дарёфт накардаанд. Бобоев дар бораи фирори сармоягузорашон гуфт, "ин ширкат ба ғайр аз кони “Табаспин” боз як кони дигари ангиштро дар ихтиёр дошт. Ҳамон кони ангиштро фурӯхт ва аз андоз қарздор шуд. Аз соли 2013 ба ин тараф дигар умуман пайдо нашуданд. Баъдан мақомоти андоз 55 фоизи саҳмияҳои ин ширкатро ба ҳабс гирифтанд. Мо чандин бор муроҷиат кардем, то ҳиссаи дар ҳабсбудаи ширкати мазкурро ба фурӯш гузорем."
"Барои корҳои истихроҷ $6,5 миллион зарур аст"
Мушкил дар он аст, ки маблағи пешпардохти ширкатҳо бо фоиз ҳисоб карда намешавад, балки бо усули карат ё зарб онро ҳисоб мекунанд.
Исохӯҷа Бобоев гуфт, тарҳи истихроҷ дар "Табаспин"-ро омода кардаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи он 6,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадҷобир Ризоев, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯяд, надодани натиҷаи хуб шояд сабаб шудааст, ки ширкатҳои дигар ҳавасманд нестанд дар ин кон фаъолият кунанд. Ба қавли ӯ, "давоми 5-6 соли охир ширкатҳои ҳавасманд дар сармоягузории ин кон 4 бор иваз шуданд. Ягон натиҷаи дилхоҳ, ки надод, шояд маблағгузориро қатъ карданд ва барои ёфтани маблағгузори нав боз чанд сол аз байн гузашт."
Тибқи натиҷаҳои соли 2016 дар кишвар 5 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 500 кило зиёд аст. Дар моҳи январи имсол Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта буд, соли гузашта нақшаи истихроҷ ва тавлиди металҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло дар муқоиса ба як соли пеш 109 дар сад иҷро шудааст.
Бонуси обунавӣ - садди асосӣ дар бахши истихроҷ?
Кони тилло ва нуқраи “Табаспин” дар Тоҷикистон ягона коне нест, ки дар интизори сармоягузор аст. Тибқи иттилои Саридораи “Геологияи тоҷик”, дар ҳоли ҳозир 90 кон дар кишвар барои истихроҷ омода ҳастанд ва ба ширкатҳои довталаб пешниҳод карда мешаванд. Аммо коршиносон мегӯянд, баланд будани бонуси обунавӣ монеаи аслӣ дар роҳи ҷалби ширкатҳои хориҷӣ барои истихроҷи маъданҳои конҳои Тоҷикистон аст.
Бонуси обунавӣ андозе мебошад, ки ширкатҳо баъди дарёфти иҷозатнома ё литсензия барои истихроҷ ва пеш аз оғози корҳо ба буҷет пардохт мекунанд. Шариф Раҳимзода, вакили порлумон ва раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, аксар ширкатҳо ба тартиби ҳисоб кардани бонуси обунавӣ ва супурдани маблағи он дар Тоҷикистон розӣ нестанд.
Вакили порлумон: "Ин масъала бознигарӣ мешавад"
Ба қавли Раҳимзода, “ҳамин маблағ (бонуси обунавӣ) баъзан ҳаҷмаш калон аст. Зеро муҳлати истихроҷ дарозтар аст ва барои ҳамин барои ширкатҳо он қадар муфид нест. Бинобар ин ширкатҳо мехоҳанд, ки ин маблағ на якбора, балки давоми чанд сол пардохт карда шавад. Ин масъала ба бознигарӣ пешниҳод шудааст ва ҳоло баррасии он аз ҷониби комиссияи дахлдор дар назди Вазорати молия идома дорад.”
Аммо Ҷаҳонгир Неъматов, корманди котиботи миллӣ оид ба ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷи назди Вазорати молия мегӯяд, мушкили аслӣ на дар пардохти бонуси обунавӣ балки дар тарзи ҳисоб кардани он мебошад. Ба таъкиди Неъматов, “мушкил дар он аст, ки маблағи пешпардохти ширкатҳо бо фоиз ҳисоб карда намешавад, балки бо усули карат ё зарб онро ҳисоб мекунанд. Мисол, агар аз маблағи умумӣ 0,01 фоиз ҳисоб карда шавад, пас, ҳаҷми маблағ хеле кам мешавад. Аммо ҳоло маблағи умумии лоиҳаро бо 0,01 зарб карда, ҳаҷми бонуси обунавиро ҳисоб мекунанд. Бо ин тариқи ҳисоб ҳаҷми маблағи мазкур барои ширкатҳо хеле зиёд мешавад. Мо ҳоло кӯшиш дорем бонусҳо бо фоиз ҳисоб карда шавад.”
Аммо мақомоти тоҷик баланд будани маблағи пешпардохт барои ширкатҳои бахши истихроҷро рад мекунанд. Моҳи январи соли равон Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфта буд, мухолифи тағйир додани пешпардохт барои ширкатҳои истихроҷӣ аст.
"Андозбандӣ имкон намедиҳад, ки ширкатҳо фоида гиранд"
Коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, фазои сармоягузории Тоҷикистон дар бахши истихроҷ ба чунин ҳол омадааст, ки дарёфти фоида барои ширкатҳо тақрибан номумкин шудааст. Як таҳлилгари тоҷик ҳам гуфт, додани литсензия ба ширкатҳо гоҳо то 2-3 сол тӯл мекашад ва ширкатҳо ҳам ҳисоб карда мебинанд, ки дар ҳақиқат баъзе лоиҳаҳо фоидаовар нестанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, "Сиёсати андозбандӣ алалхусус барои ширкатҳои истихроҷ имконият намедиҳад, ки онҳо як фоидаи назаррас бигиранд. Мақсади асосии ширкатҳо фоида ба даст овардан аст. Баъди ҳисобу китоб вақте мебинанд, ки аз ҳисоби андозбандӣ, бонуси обунавӣ ва баъзе дигар пардохтҳо фоидаовар нест, қарор медиҳанд, ки дар инҷо кор кардан бефоида аст. Барои як ширкат дар бахши истихроҷ тақрибан 40 намуду пардохтҳо мавҷуд аст, ки ширкатҳо бояд онро пардохт кунанд."
Ширкатҳои чинӣ - андозсупорандаҳои беҳтарин?
Тоҷикистон бахши истихроҷро аз соҳаи афзалиятнок дар иқтисод медонад ва барои ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба ин соҳа чандин имтиёзҳо пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, ҳамаи техника ва технологияҳое, ки ширкатҳо бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Инчунин, вобаста ба ҳаҷми маблағгузорӣ ширкатҳо то 5 сол аз андоз озод карда мешаванд. Аммо коршиносон мегӯянд, мақомот на танҳо фоидаи буҷет, балки фоидаи ширкатҳоро ҳам бояд ба инобат гиранд, ки вуҷуди онҳо дар бозор бар зарарашон нашавад.
Дар ҳоли ҳозир бахши аъзами ширкатҳои истихроҷкунандаи маъдан ва ангишт дар Тоҷикистон марбут ба ширкатҳои Чин аст ва мақомоти тоҷик низ онҳоро барои саривақт пардохт кардани андозҳо ситоиш мекунанд. Ду корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, “Зарафшон” ва “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” соли гузашта аз сӯи мақомот бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон эътироф шуда буданд.
Соли гузашта Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм ҷой дода буд.
Ширкатҳои русӣ ва аврупоӣ аз гаронии андоз гуфтанд
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар давоми ним соли охир ду дипломати баландпояи хориҷӣ – сафирони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо аз баланду миёншикан будани мизони андоз барои ширкатҳои тиҷоратӣ ва ҳам вуҷуди қоидаҳои нонавишта дар бизнеси Тоҷикистон интиқод карданд. Ба гуфтаи онҳо, ширкатҳои «Мегафон”, “Билайн”, “Газпром-нефт", "Tcell", "Акссесбанк" ва меҳмонхонаҳои "Серена" ва "Шератон" – аз зумраи он ширкатҳоеанд, ки чанд сол пеш бо шукӯҳу дабдаба аз вуруди худ ба бозори Тоҷикистон хабар дода, ҳоло омода ҳастанд, кишварро тарк кунанд.
Соли гузашта Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм ҷой дода буд. Гузоришгарони ин анҷуман гуфта буданд, сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8 фоизро ташкил медиҳад, ки танҳо аз Аргентина (137,4%) ва Боливия (83,7%) пешсаф аст.