Боздошти 4 тоҷик бо гумони ҳамла ба инкассаторҳо дар Маскав

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Русия мегӯяд, дар ин ҳафта 4 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи моҳи декабр ба мошини инкассаторҳо дастгир кардаанд.
Дафтари матбуоти пулиси шаҳри Маскав, пойтахти Русия рӯзи 10 апрел хабар дод, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар ғорати ҳудуди 2 миллион рубл дастгир шудаанд.

Рӯзи 12 декабри соли 2013 ғоратгарон ба як мошини инкассаторӣ дар кӯчаи Пермская замоне ҳамла карданд, ки онҳо аз як корхонаи гӯшт бояд 2 миллион рубл, муодили тақрибан 70 000 доллар, пул мебурданд. Аммо ҳангоми хуруҷ дар назди дарвозаи корхона ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ғоратгарони мусаллаҳ бо истифода аз аслиҳа муҳофизони ин маблағи бузургро аз дасту шикамашон захмӣ карда, бо 2 миллион рубл дар як мошини, ба гуфтаи шоҳидон, сабзи "ВАЗ 21099" аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Яке аз муҳофизон аз туфангчааш 8 маротиба аз паси ғоратгарон тир кушодааст, вале бенатиҷа.

Дар иртикоби ин ҳамла парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми ғоратгарӣ боз шуда буд.

Дафтари матбуоти пулиси Маскав мегӯяд, “кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии ҳавзаи шарқии шаҳри Маскав гумонбаронро ба тозагӣ ошкор карда, ду нафари онҳоро рӯзи душанбе, 7 апрел ва дуи дигарро рӯзи сешанбе, 8 апрел боздошт карданд.”

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, ҳамаи 4 боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буда, якеи онҳо қаблан ҳам бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Рӯзи 9 апрел ин 4 шаҳрванди тоҷикро расман ба ғоратгарӣ айбдор карданд. Пулиси Маскав мегӯяд, ҷустуҷӯи шарикони онҳо ва ҳам силоҳе, ки дар ҳамлаи моҳи декабр истифода бурдаанд, идома дорад.

Зӯри "мафия"-и тоҷикӣ дар Русия фақат ба тоҷикҳо мерасад?


Бино ба ҳисобҳо, дар маҳбасҳои Русия то 4000 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷароими мухталиф адои ҳукми зиндон мекунанд. Аксари онҳо бо ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва тақаллуби аснод маҳкум ба зиндон шудаанд.

Аммо муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар солҳои охир шумораи тоҷиконе ки даст ба ҷиноятҳои сангинтар, аз ҷумла ба ғоратгарӣ мезананд, хеле бештар шудааст. Онҳо мегӯянд, ин тоҷикони “ғоратгар” ҳатто аз ҳамла ба ҳамватанони худ парҳез намекунанд, балки ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, “зӯри қариб ҳамаи инҳо фақат ба тоҷикҳои худашон мерасад.”

Гуфта мешавад, муҳоҷироне ки дар Русия муддати тӯлонӣ ҷои кори муносиб пайдо намекунанд, метавонанд ба осонӣ ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳам бигароянд. Дар ҳар сурат, ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳам мақомоти интизомии Русия, муҳоҷиронро як манбаи такмили суфуфи гурӯҳҳои ҷиноӣ ном мебаранд.

Пулиси Маскав дар моҳи март хабар дод, ки аз 10 500 ҷинояте ки муҳоҷирон дар соли 2013 дар Маскав содир кардаанд, 45,6 дарсадаш бо дасти зодагони Узбакистону Тоҷикистон анҷом шудааст ва намояндагони ҳамин ду кишвари Осиёи Марказӣ рӯзторӯз дар “олами ҷиноӣ”-и Русия ва бахусус дар пойтахташ, шаҳри Маскав ҷойгоҳи аввалро ба даст меоранд.

"Боря Душанбинский", "Шерка" ва...


Дар моҳи феврал раиси пулиси Маскав Анатолий Якунин дар гузориши солонааш аз боздошти якбора 50 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар як гурӯҳи ҷиноии қавмӣ, ё ба истилоҳ, “мафия”-и тоҷикҳо, хабар дод. Пулиси Маскав то ҳол ҷузъиёти ин боздошти пурсарусадоро ошкор накардааст.

Акс аз бойгонӣ

Дар гузашта ҳам дар бораи боздошти чанд тоҷик бо гумони иртибот бо зинаҳои болоии “олами ҷиноӣ”-и Русия ва ҳатто куштори “мафиоз”-ҳои шинохтаи тоҷик дар Маскав гузориш шуда буд, ки маъруфтаринҳояш қатли Борис Красиловский, мулаққаб ба “Боря Душанбинский” ва Шералӣ Шарифов, мулаққаб ба “Шерка”, дар таърихи 8 июли соли 1997 ва боздошти зодаи ноҳияи Нуробод Нуралӣ Акобиров бо иттиҳоми узвият дар як созмони тундрави мазҳабӣ ва қочоқи 4 кило афюн дар соли 2012 буд.

Ҳамин тавр, дар моҳи январи соли 2014, вақте 6 муҳофизи миллионери маъруфи чечен Умар Ҷабраиловро, ки домоди овозхони шинохта Иосиф Кобзон ҳам ҳаст, дастгир карданд, маълум шуд, ки 5 тани онҳо чечен ва якеаш тоҷик будаанд. Аъзои ин гурӯҳ, ба гуфтаи пулис, вақте дастгир шуданд, ки аз як идораи нотариалӣ дар Маскав 2 миллион доллар талаб мекарданд. Исми ин тоҷик эълон нашудааст.

Пулиси Маскав ҳамин тавр, ҳанӯз исми 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ин ҳафта бо ҷурми ҳамла ба инкассаторҳо ва ғорати 2 миллион рубл дастгир шудаанд, нашр накардааст.