Коршинос: Роғун баҳона, мушкил дар Каримов ва Раҳмон

Волкар Ҷейкобӣ

Коршиноси байнулмилалӣ ва корманди собиқи СММ ва САҲА, Вокар Ҷейкобӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ интиқод кард, ки ба ҳалли мушкилоти байни Тоҷикистон ва Узбакистон кӯмак намекунад.
Корманди пешини Маркази дипломатияи пешгирикунандаи Созмони Милал дар Осиёи Марказӣ, ки акнун дар Вашингтон машғул пажӯҳишҳои илмист, ҳамчунин гуфт, дар ҳоле ки Тоҷикистон аз Узбакистон шикояти зиёд дорад ва Узбакистон ба ҳеҷ гуна ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилот омода нест, стратегия ва ёриҳои Ғарб бояд ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаб нигаронида шавад. Аммо, афзуд ӯ, “ҳал бояд аз дохили минтақа сарчашма гирад, на аз берун ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ин раванд мусоидат намояд.”

Волкар Ҷейкобӣ дар суханроние дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, дар ҳузури кормандони ниҳодҳои байнулмилалӣ, пажӯҳишгарону соҳибназарон, донишҷӯён ва намояндагони сафоратҳои Осиёи Марказӣ нақши Созмони Милалро дар ҳалли масъалаҳое, ки муносибатҳои ду ҳамсоякишвари Тоҷикистон ва Узбакистонро вориди бунбаст кардаанд, камранг номид ва гуфт, “ҷаҳон ба хотири ҳифзи эътидоли имрӯза нархи гарони бесуботии фардоро мепардозад.”

Вай тарҳи обанбори Роғун, занҷираи обу эенержӣ, баҳси сари обанбори “Фарҳод”, баҳсҳои марзӣ, гусаста шудани роҳи оҳан, таъсири экологии “Талко”, муносибати байниҳамии ду президент, “доғ”-и таърихии Бухорову Самарқанд, бозиҳои геополитикии қудратҳо ва ҳамсоягӣ бо Афғонистонро аз печидагиҳои равобити байни ду кишвар номида, гуфт, “иштибоҳ аст, агар барои беҳбуди муносибатҳо ин масъалаҳо ҷудо аз ҳам баррасӣ шаванд.” Ба ақидаи ин таҳлилгари олмонӣ, ҳамаи онҳо маҷмӯаеро ба миён овардаанд, ки “ҳам иллат аст ва ҳам аломат”.

Ин таҳлилгар, ки қаблан дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси корманди Созмони Милал ва ноиби раҳбари намояндагии САҲА дар Бишкек кор кардааст, мегӯяд, зимни ихтилофоти Узбакистону Тоҷикистон бар сари тарҳи “Роғун” гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ таъсис ёфт ва он ҳисобҳои фаннии ин тарҳро дуруст шумурд. Ин сабаб гашт, ки Тошканд, аз доварии бонк дилсард шавад ва мегӯяд, натиҷаҳои ташхисро нахоҳад пазируфт. “Узбакистон аз коҳиши об зимни пуршавии обанбори Роғун ҳарос дорад, дар ҳоле ки рӯди Вахш ҳамагӣ 35 дарсади оби Омӯро ташкил медиҳад ва ин Омӯст, ки то Узбакистон меравад. Агар Узбакистон каналу ноижа (лӯла) ва обанборҳои хароби худро тармим кунад, 60 дарсади оберо, ки ҳоло дорад, ҳифз хоҳад кард. Айни масъала ба Тоҷикистон низ дахл дорад.”

Ҳалли ин ва ҳамаи мушкилҳои дигар, ба ақидаи Ҷейкобӣ танҳо дар ҳоли гуфтушуниди тарафҳо пайдо хоҳад шуд, аммо чунин муколама оғоз нашудааст ва гумон аст, то дар сари қудрат будани президентҳо Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шавад.

Барои тасвири манзара, Волкар Ҷейкобӣ аз иборае истифода кард, ки дар матбуот дидааст: “Касе навишта буд, ки байни Тоҷикистон ва Узбакистон “ҷанги сарди эълоннашуда” ҷараён дорад. Ман, албатта, аз ин истилоҳ пуштибонӣ намекунам, вале он ба таври хеле барҷаста баёнгари ҳол буда метавонад.”

Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ғарб чӣ гуна метавонанд, ба ҳалли мушкили байни ду кишвари ҳамсоя ёрӣ кунанд? Ин пурсиш дар меҳварии суханронии коршинос буд. Дар посух Ҷаноби Ҷейкобӣ гуфт, Ғарб наметавонад, низомеро, ки дар ин кишварҳо дар давраи шӯравӣ ташаккул ёфтаву дар 20 соли охир бо истифода аз кӯмакҳои башардӯстонаи Ғарб рушду таҳким дидааст, решакан кунад, вале метавонад, ба ислоҳи он кӯшад ва аз пайомадҳои ногувораш пешгирӣ кунад. Вай изҳори шигифтӣ кард, ки чаро Созмони Милал ба муносибатҳои байни ду кишвар таваҷҷуҳе надорад.

Барои ин, ба ақидаи коршинос, бояд ба ҳамгироии бештар минтақа ва рушди ҳамкории минтақаӣ мусоидат сурат гирад. Ин ҳолат замоне метавонад, ба миён ояд, ки ёриҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин кишварҳо ба рушди мардумсолорӣ, ҳукуматдории беҳтар, коҳиши ҷидии фасод, густариши тиҷорат ва бунёди як механизми табодулаи обу эенержӣ дар байни онҳо равонад шаванд. Вай аз Ғарб интиқод кард, ки натавонистааст, дар ивази чунин механизми давраи шӯравӣ низоми наверо пешниҳод кунад ва талошҳои дастрасӣ ба захираҳои энержии минтақа сабаб шудааст, аз раҳбарони худкома ва ҳукуматҳои фасодкор ҳимоят намояд.

Волкар Ҷейкобӣ аз барномаи амрикоии “Роҳи Нави Абрешим” ҳимоят кард, аммо афзуд, бе ҳалли мушкилоти байни Тоҷикистону Узбакистон муваффақияти он зери суол боқӣ хоҳад монд.