Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупо масъалаи Роғун низ баррасӣ шуд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс.

Раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дар мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бруссел роҷеъ ба масоили энержӣ дар минтақа сӯҳбат кардааст.

Раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дар мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бруссел роҷеъ ба масоили энержӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат кардааст. Вай гуфт, дар ин вохӯрӣ назари ҷаноби Раҳмонро дар бораи вазъе, ки дар минтақа пеш омадааст, шунид ва онро хеле ҷиддӣ мегирад. Ин вазъ на танҳо ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон, балки ҳамчунин ба муносибатҳои байни давлатҳои минтақа рабт дорад. Ҷаноби Шултс гуфт: "Ба масъалаи робитаҳои байни Тоҷикистон ва Узбакистон мо ба ҳамон андоза ҷиддӣ назар хоҳем кард, ки ҷаноби президент назар мекунад."

Ин шояд ягона ишора ба муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон буд, ки дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Бруссел ба таври ошкоро садо дод. Биноан, хабарнигори Радиои Озодӣ бо истифода аз фурсати суолу ҷавоб аз ҷаноби Шултс пурсид, чаро Иттиҳоди Аврупо ин қадар ба Тоҷикистон фишор меорад, ки даст ба ислоҳоти соҳаи энержӣ занад. Ин чӣ маънӣ дорад ва чӣ манфиате барои Тоҷикистон хоҳад овард?

Раҳбари порлумони Аврупо дар посух ба ин суол гуфт: "Ин мавзӯъро мо имрӯз ин ҷо баррасӣ кардем, аммо ин масъала бештар ба мавзӯи об рабт мегирад, то ба масъалаи энержӣ. Масъалаҳои марбут ба таъмини об ва ҳамчунон, тавлиди барқи обӣ унсури асосии таъмини минтақа бо нирӯи барқанд. Ман фикр мекунам, ки дар бораи мушкили таъмини минтақа бо об ҳам шумо иттилои кофӣ доред. Ташаннуҷи равобит миёни Узбакистону Тоҷикистон ба масъалаи об ва он сарбанди об, ки дар байни ду кишвар баҳсро ба миён овардааст, нақши асосиро мебозад. Аз ин рӯ, масъалае, ки мо бо президент Раҳмон имрӯз баррасӣ кардем, бештар масъалаи об аст, на энержӣ, ба истиснои ин ки ба энержие ишора рафт, ки аз об истеҳсол мешавад."

Мартин Шултс дар посух ба суол аз ин беш ҷузъиётеро дар ихтиёри хабарнигорон қарор надод ва президент Эмомалӣ Раҳмон низ аз шарҳи он худдорӣ кард. Аммо ин кофист, маълум гардад, ки дар мулоқоти онҳо на танҳо вазъи амниятии марбут ба Афғонистон, балки робитаҳои ду кишвари ҳамсоя, ки сари тарҳи обанбори Роғун бо ҳам ихтилоф доранд, баррасӣ шудааст. Иттиҳоди Аврупо борҳо талош кардааст, дар байни ду тараф миёнаравӣ кунад, вале то ҳол ба пешрафте дар ин замина даст наёфтааст. Тоҷикистон дар фасли сармо бо камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯст ва аз сӯи дигар мақсад дорад, бо роҳандозии тарҳи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон нерӯи барқ содир кунад. Коршиносони ғарбӣ гуфтаанд, иҷрои ин тарҳ беҳтарин василаи суботу оромӣ ва рушди Афғонистон буда, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Бонки Ҷаҳонӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот Раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултсро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст. Ҷаноби Шултс гуфт, ин даъватро пазируфтааст ва аз номи порлумони Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе сафар хоҳад кард. Ба ин тартиб, аз эҳтимол дур нест, ки Тоҷикистон тавонистааст, мавқеи худро барои ҳалли мушкили Роғун дар Аврупо қавитар намуд.

XS
SM
MD
LG