Маҳмадшоҳ Илолов-раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон таъйид мекунад, ки чунин интеллигентсия дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале бо ин табақаи донишмандон ва муҳандисон бояд кор кард, то онҳо ташвиқ шаванд.
Аммо Иброҳим Усмонов-донишманди тоҷик мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ чунин интеллигентсия вуҷуд надорад.
«Тоҷикистон замоне метавонад соҳиби интеллигентсияи техникӣ шавад, ки ба он муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ки ин соҳаро дар бар мегиранд, ба онҳо таваҷҷуҳи зиёдтар кунанд ва истеҳсолотеро, ки бар ин навъи коршиносон устуворанд, онро инкишоф диҳад. Инро дар амал дидан даркор, алҳол дар амал нест».
Иброҳим Усмонов мегӯяд, хуб аст, ки интернет дар Тоҷикистон рушд кардааст ва он ҳам ба шарофати ширкатҳои пешниҳодкунандаи хадамоти интернетӣ. Вале мо онро наметавонем пешрафти техникӣ ё технологӣ унвон кунем. Ин навъи технология фақат баҳсҳоро аз китобҳову сафҳаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва аз донишгоҳҳову масҷидҳо ба комютер кӯч додааст. Ин технология ва техника моли Тоҷикистон нест.
Оқои Усмонов мегӯяд, дар давоми се-чаҳор соли ахир бо ташаббуси ҳукумат баъзе донишгоҳҳои техникии Русия бахшҳои худро дар Тоҷикистон боз кардаанд, вале заминаҳои истеҳсолӣ ё ҷои кор барои хатмкунандагони онро дар назар нагирифтаанд.
Агар корхонаҳои саноатӣ ба кор дароянд, аз як тараф дар онҳо коршиносони техникӣ тарбия меёбанд, аз тарафи дигар ин корхонаҳо дар сурати фаъолият пули будҷаро намехӯранд, балки ба будҷа даромад меоранд.
Маҳмадшо Илолов-раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон низ таъкид мекунад, ки ҳар сол донишгоҳҳои техникиву технологии Тоҷикистонро ҳудуди 1000 нафар хатм мекунанд, коршиносон тарбия мешаванд. Донишмандони бахши техникӣ низ ҳастанд, вале самараи кори онҳо дар истеҳсолот ба назар намерасад, зеро корхонаҳое, ки онҳо битавонанд дар риштаи худ таҳқиқоти илмиашонро татбиқ кунанд аз кор мондаанд.
«Муттаассифона корхонаҳои саноатие, ки мо дар давраи Шӯравӣ доштем, имрӯз корношоям шуд. Маҳсулоте, ки ин саноат мебаровард, имрӯз бозор надорад ва корхонаҳои мо дар сатҳи хеле паст қарор доранд. Барои ҳамин саноати муосири Тоҷикистон дар назди илм масъала гузошта наметавонад. Ин албатт проблема аст. Вале ин он маъноро надорад, ки мо кор намекунем».
Давраи ташаккули интеллегентсияи техникии Тоҷикистон то андозае ба нимаи дуввуми солҳои 1970 қарни гузашта дуруст меояд, вақте, ки дар ин кишвар ниругоҳи барқи обии Роғун, корхонаи тавлиди алюмин, корхонаи нируҳои азотии Вахш, корхонаҳои ресандагию бофандагӣ дар Душанбеву Хуҷанд сохта шуданд. Албатта, ин корхонаҳо бо кӯмаки молӣ ва зеҳнӣ аз Маскав аз маркази Шӯравии пешин сохта шуданд. Дар мақомҳои масъули раҳбарӣ дар ин корхонаҳо тоҷикон камтар буданд, бо вуҷуди ин дар он марҳила ҳамроҳ бо коршиносони миллатҳои дигар як силсила коршиносони техникии тоҷик низ тарбия ва вориди майдон шуданд. Дар Тоҷикистон дар он давра тафаккури техникӣ ба дараҷаи тафаккури гуманитарӣ ва филологиву таърихӣ тақрибан баробар рушд кард.
ВАЗОРАТҲО БО ДОНИШМАНДОН ҲАМКОРӢ НАДОРАНД
Фарҳангистони улум бо вазоратхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ конфронсҳои илмӣ баргузор мекунад. Аммо оқои Илолов таъйид мекунад, ки ҳамкории байни донишмандони техникӣ бо корхонаҳои саноатӣ чандон фаъол нест, зеро худи корхонаҳои саноатӣ тавони тавлидотӣ надоранд ва Тоҷикистон имкони молии ҷалби технологияи муосирро надорад. Оқои Илолов мегӯяд, сармоягузорӣ дар ин бахшҳо кофӣ нест ва сармоягузорӣ барои тарбияи коршиносони техникиро набояд бори будҷа кард, балки вазоратҳо бояд бо донишмандон ҳамкорӣ ва барои гушоише ё ихтирое онҳоро ташвиқ кунанд. Вале чунин ҳамкорӣ вуҷуд надорад. Ширкатҳои хусусӣ ҳам ин нуктаро бояд дар назар дошта бошанд. Гузашта аз ин бояд муносибат ба донишҳои техникӣ ва ақидаҳои нави техникӣ тағир ёбад. Ин ақидаҳо бояд ҷамъоварӣ ва дар амал татбиқ шавад. Ҳоло дар Фарҳангистони улум пажуҳишгоҳи физика ва техника фаъолият мекунад ва дар он 100 нафар корманди илмӣ ба пажуҳиш машғуланд.
Дар солҳои нооромии Тоҷикистон муддате дар ҳаёти техникии Тоҷикистон завол мушоҳида шуд. Оқои Илолов мегӯяд, ҳоло барои талофӣ кардани ақибмондагии он солҳо барномаи ҳукуматии рушди инноватсионии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
КАДРҲОИ ТЕХНИКӢ ҲАМ БОЯД «НОН» МЕХӮРДАНД
Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ на танҳо коршиносони техникии миллатҳои дигар, балки коршиносони техникии тоҷик низ кишварро тарк карданд. Корхонаҳои саноатӣ ба сабаби набуди ашёи хом фаъолияти худро қатъ карданд ва онҳо бекор монданд. Зиндагӣ онҳоро мабур ба муҳоҷират кард. Онҳое ҳам, ки корро дар ватан давом доданд, дастмузди кофӣ намегирифтанд ва кори онҳо даромади кофӣ намедод. Бо назардошти чунин ҳол ҷавонон таҳсил дар бахшҳои техникиро камтар карданд. Онҳо бештар дар риштаҳои ҳуқуқ, тиҷорат, соҳибкорӣ ва мисли ин таҳсил мекарданд. Ҷавонон медиданд, ки як тоҷир ё як бозорнишин нисбат ба муҳандис ё донишманди техникӣ аз хариду фурӯш даромади бештар дорад. Онҳо медиданд, ки гоҳо худи ҳамин донишмандону муҳандисон ҳам бозорнишиниро ихтиёр мекаданд ва барои гузарони зиндагӣ ба хурдафурӯшӣ машғул мешуданд.
Дар кишварҳои дигар ихтироъкорон ихтирои худро маъмулан ба ширкате ё корхонае мефурӯшанд ё бо онҳо қарордод имзо мекунанд, ки аз даромади ба дастомада дарсадии муайянеро хоҳанд гирифт ва чунин кор онҳоро ҳам ба ихтироъ ташвиқ мекунад ва ҳам сармояи хуб ба даст меоранд. Вале дар Тоҷикистон низоми ташвиқи давраи Шӯравӣ мушоҳида мешавад ва гоҳо бо додани унвони ифтихории «Корманди шоиста» ба донишманд барои ихтироаш иктифо мекунанд.