Генерал Амирқул Азимов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, шаҳрвандони кишвар набояд аз таҳдидҳои сарҳанги собиқ Гулмурод Ҳалимов эҳсоси ноамнӣ кунанд, зеро "Ҳалимов роҳи дигар надорад ва ё ҳамчун маҳбус ба Тоҷикистон меояд ва аслан намеояд.”
Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ рӯзи 5 июн генерал Азимов гуфт, ки сардори пешини Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчун зархарид бо дастури "Давлати исломӣ" чунин паёми видеоӣ додааст ва "бо нишон додани ангушт таҳдид мекунад, ки ба Тоҷикистон баргашта қасос мегирад, вале ин иштибоҳи ӯст."
Ҷаноби Азимов афзуд, Гулмурод Ҳалимов дар вазорати корҳои дохилӣ аз як сарбози қаторӣ ба рутбаи полковникӣ расидааст ва ба вазифаи сардори ОМОН масъулият дошт, аммо заъфи виҷдон ва бемасъулиятӣ боис шудаааст, ки таҳти таъсири созмони террористӣ қарор гирад ва ба ватан, миллат ва шарафи афсарӣ хиёнат кунад.
Дар робита ба он ки оё ба як созмони террористӣ пайвастани полковники умури дохилиро мешавад саҳлангории вазорат ва ё вазири он ном бурд, генерал Азимов гуфт, ҳоло чунин хулосае пеш овардан зуд ва ҳам хатоcт, чунки "вазорат ба ӯ масъулият дод ва аз рӯи эътимод ба афсар масъулият дода шудааст, чӣ гуна дар ин ҳолат мешавад вазоратро айбдор донист?"
Амирқул Азимов меафзояд, феълан ҳама мунтазири натиҷаҳои тафтишоти ситоди муштараки Додситонии кулли Тоҷикистонанд, ки дар он аз тамоми ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон намоянда шомил аст ва онҳо ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти полковник Гулмурод Ҳалимовро санҷида истодаанд ва танҳо баъд аз баҳои ин тафтишот мешавад хулоса кард
Генерал Азимов дар робита ба нақли Гулмурод Ҳалимов, ки аз тариқи Ютюб дар як навори видеоӣ мегӯяд, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ занони танфурӯшро сатрпӯш намуда, ба навор мегирифтанд ва бо ин роҳ бар зидди сатрпӯшҳо иқдом мекарданд, мегӯяд ин тӯҳмат ба як ниҳоди муҳими кишвар аст.
Амирқул Азимов мегӯяд, аз тарзи суҳбати полковник Ҳалимов маълум аст, ки вай таҳти фишори созмоне ,ки пайвастааст, ҳарф мезанад ва мехоҳад худашро сарсупурда нишон диҳад.
Ба андешаи собиқ Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон, ин бори аввал нест, ки ҷавонони тоҷик аз тарафи созмонҳо ва гурӯҳҳои харобкор ба хотири анҷоми ҳадафҳои худ ҷалб карда мешаванд. Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон Тоҷикистон даҳҳо ҷавони мактабхони тоҷик барои таҳсил ба Покистон мерафтанд, вале бо кадом гурӯҳҳои тундгаро мепайвастанд ва мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ ва баргардонадни онҳо талошҳои зиёд ба харҷ додааст.
“Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонони тоҷик ба созмонҳои террористӣ танҳо ва маҳз кори ниҳодҳои амниятию интизомӣ нест, балки бояд сокинони кишвар дар он ширкат кунанд ва бо мақомот ҳамкорӣ намоянд. Ҳоло мебинем, ки ҷавонҳо бо роҳҳои пинҳонӣ ва ё аз тариқи кишварҳои дигар ба Сурияву Ироқ ҷалб мешаванд ва кушта мешаванд, вале гӯё мардум бетараф аст,” -- мегӯяд генерал Амирқул Азимов собиқ дабири ШӮрои амнияти Тоҷикистон.
Полковник Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 май, баъди як моҳи бе ному нишон шуданаш, бо нашри видео эълон кард, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва ҳушдор дод, ки бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон бармегардад. Дар ин навори тақрибан 13-дақиқаӣ фармондеҳи пешини ОМОН мегӯяд, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷаи Амрико низ иддаои Ҳалимовро таъйид намуд.
Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст. Ҳамсар ва 8 фарзанд дорад.
Ҳоло барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов ва пахши як видео бо изҳороти ӯ, ки мегӯяд, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, бо ҷалби мутахассисони Вазорати умури дохилӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ситоди махсус таъсис ёфтааст.
Сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода мегӯяд, ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27 май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт.