Об рехт. Онро ҷамъ кардан ва ба асли гузашта гардондан номумкин аст. Дар бораи ба “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шудани фармондеҳи ОМОН ё Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сарҳанг ё полковник Гулмурод Ҳалимов, афсари пешини Раёсати 5-и КГБ СССР Сергей Бровченко мегӯяд: “Ягон кишвари дунё аз хиёнати афсарони баландрутбааш эмин нест. Хиёнатҳо дар КГБ ҳам буданд ва ҳам дар СРУ, аммо муҳим он аст, ки вокуниш ба чунин ҳолатҳо чӣ гунааст. Ин вокуниш табиат ва мушкилоти он ҳокимиятро нишон медиҳад.”
Вокуниши давлате, ки як афсари баландрутбааш, зоҳиран, ба машҳуртарин созмони террористии ҷаҳони муосир -- “Давлати исломӣ” пайвастааст ва ба ватану миллати худ таҳдид мекунад, аз ҷониби шаҳрвандони он “нокофӣ” шумурда мешавад. То ин лаҳза, яъне нимирӯзии 29-уми май, дар ҳоле ки Гулмурод Ҳалимов пас аз як моҳи нопадид шуданаш паёми видеоӣ нашр кард ва гуфт, бо эътироз аз бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон ба мусулмонон ба “Давлати исломӣ” пайвастааст, вокуниши давлат аз баста шудани чандин сомонаи интернетӣ ва хабари кӯтоҳи ташкили як гурӯҳи тафтишотӣ маҳдуд шудааст.
Мушовири пешини раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ, собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ, сарҳанги бознишаста Зафар Икромов мегӯяд, “бояд мардуми Тоҷикистон аз ҳақиқат хабардор карда шавад. Полковник Ҳалимов аз ҳисоби андозҳои мардуми Тоҷикистон ба дараҷаи сардори ОМОН расида буд ва мардуми Тоҷикистон ҳақ дорад, фаҳмад, ки чӣ ҳодисае ин ҷо рӯй дод ва киҳо ҷавобгари чунин вазъиятанд, зеро имрӯз маълум мешавад, ки бо пули додаи мардуми Тоҷикистон мо душмани худро тарбия кардаем”.
Ба ҷои пахши хабар бастани сомонаҳои интернетиро ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ як кори беҳудае дар қарни иттилоот ва фанновариҳои нав медонад. Вай меафзояд, дар ҳоле ки сомонаҳоро мебанданд ва телевизионҳои кишвар мавзӯъро нодида мегиранд, шаби гузашта телевизиони “Россия24” ним соат дар бораи фирори полковники тоҷик гузориш дод, ки бисёре аз аҳолии кишвар онро диданд.
Ба андешаи коршиноси масъалаҳои ҳарбӣ ва амниятӣ Юрий Федоров, вокуниши ҳукумати Тоҷикистон бояд ба гунаи дигар мебуд: “Мебоист дарҳол хабар дода мешуд, ки, бале, мо медонем, як чунин шахсе ин корро кардааст, мо онро таҳқиқ мекунем. Сониян, бад набуд, агар талоши ин мешуд, ки сабабҳои эҳтимолии воқеа шарҳдода шаванд. Ҳар қадар ки ҳукумат маълумотро пинҳон дорад, ба ҳамон андоза овозаҳо паҳн хоҳанд шуд ва пайомадҳо низ ба ҳамин дараҷа хатарноктар хоҳад гашт.”
Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши ҳукумати Тоҷикистонро ба қазия нишонаи ҳароси он аз таъсири таблиғотии пайвастани сарҳанг ба “Давлати исломӣ” медонанд. Ин тарафи масъаларо яке аз коршиносон низ тасдиқ мекунад. Эсен Усубалиев, раҳбари маркази таҳлилии Prudent Solution дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бар ин аст, ки сӯҳбат дар ин бора ба манфиати давлати Тоҷикистон нест ва бо сукути худ давлат мехоҳад, масъаларо “хурду беаҳамият” ҷилва диҳад.
“Ман намегӯям, ки ин вокуниши дуруст аст, аммо дарунмояи онро дарк мекунам. Ба эҳтимоли зиёд, ин ягона вокуниши аз нигоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар шароити мавҷуда дурусту мумкин аст. Онро метавон “паузаи иттилоотӣ” номид. Вале хомӯшии дарозмуддат дар ин мавзӯъ ба фоидаи ҳукумати Тоҷикистон нахоҳад буд ва мумкин аст, ба зудӣ Душанбе изҳороти худро нашр кунад,” -- мегӯяд Усубалиев.
Хушбинии таҳлилгари қирғизро собиқаи бархӯрди ҳукумат ба чунин воқеаҳои ҳассос рад мекунад. Дар ду даҳаи охир чандин рӯйдоду падидаҳои ҷиддӣ дар шакли саволҳои беҷавоб ва овозаҳои мармуз боқӣ монданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳоло намедонанд, чӣ гуна ва чаро дар соли 2010 25 маҳбус аз Боздоштгоҳи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе фирор карданд? Оё воқеан Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2009 дар ҳузури афсарони пулис худкушӣ кард? Дар соли 2012 дар Хоруғ чӣ вазъе ба миён омад, ки ҳамаи пайвандҳои он бо ҷаҳони беруна бурида шуданд? Аз он пештар Камароб ва Рашт ба саҳнаи даргириҳое табдил ёфта буд, ки ҷузъиёташ эълон нашуд.
Эсен Усубалиев боқӣ мондани чунин асрорро ба минаҳои дарозмуддате монанд мекунад, ки дар пойдевори ҳукумат гузошта мешаванд.
“Агар полковники Қирғизистон ба “Давлати исломӣ” мепайваст, чӣ чизе рӯй медод?” Ба ин пурсиши Радиои Озодӣ Усубалиев чунин посух медиҳад:
“Агар ин ҳодиса дар Қирғизистон рӯй медод, дарҳол ва пеш аз ҳама Вазорати умури дохилӣ изҳорот нашр мекард ва мегуфт, ки чунин шахсе ҳаст ва хидмат мекард ва бо сабабҳои номаълуме чунин кардааст, ки камбуди кори мост, зеро ҷомеаи Қирғизистон дар масъалаи иттилоъ нисбати ҳукуматдорон хеле серталаб аст ва фазои чандандешӣ дар ин ҷо бозтар.”
Аз нигоҳи афсари пешини Раёсати 5-и КГБ СССР Сергей Бровченко вокуниш дар масъалаи Ҳалимов барои ҳукумати Тоҷикистон намебоист ин гуна сахт мебуд. “Сарҳанг Ҳалимов хидматчии давлатӣ буд, савганд ёд кардааст ва худи он ки як моҳ дар ҷои кораш набудааст, баҳои ҳуқуқӣ талаб мекунад. Вай дезертир шумурда мешавад ва ҳамаи ин кифоят буд, ки мақомот парвандаи ҷиноӣ боз кунанд ва ба рафтори ӯ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.”
Сабаби сукути мақомотро собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ, сарҳанги бознишаста Зафар Икромов ба он пайванд медиҳад, ки афроди муайяне манфиатдори нашри иттилоъ дар бораи қазия нестанд: “Касоне, ки дар расидани Ҳалимов ба мансаби баланд даст доранд, намехоҳанд, ки мардуми Тоҷикистон аз қазия огоҳ шавад. Ин як навъ кӯмак ба Ҳалимов аст. Мо намедонем, кӣ ӯро дар ин мақомҳо ҳимоят мекард ва пайравонаш киҳо буданд ва ӯ донандаи кадом сирҳои хидматӣ ва давлатӣ буд ва онҳоро метавонад ба муқобили давлат ва мардуми Тоҷикистон истифода кунад.”
Дар ҳама ҳолат, мегӯяд Зафар Икромов “пинҳон доштани сабабҳо ва ҳолатҳои гуреза шудани ин полковник маҳз бар зарари мардуми Тоҷикистон аст, на ба фоидаи он.”