Хонаи Гулмурод Ҳалимов, ки дар даромадгоҳи деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб, дар баландие ҷойгир аст, субҳи рӯзи 29-уми май комилан холӣ аз одам буд. Рӯи кати ҳавлии сарҳанг, ки аз он ҷо Душанбе хеле хуб пеши чашм намудор мешавад, курпачаву болишт гузошта буданд. Манзили фармондеҳи собиқи нерӯҳои вежа аз хонаҳои дигар чандон фарқ надорад. Ягона фарқ шояд ҳамин бошад, ки дар баландии зебову барҳаво сохта шуда, аз он метавон навоҳии атрофро баҳузур тамошо кард.
Ҳамсояҳои Ҳалимов гуфтанд, Назокат Ҳалимова, ҳамсари ӯ ҳамроҳ бо бародари хурдии полковник субҳи зуд ба шаҳр рафтанд. Зоҳиран, сокинони деҳаи Дараи Фонӣ, ки ҳудуди 30 хонавода он ҷо ба сар мебарад, аз қазияи ғайб задани Ҳалимов ва пайдо шуданаш дар Сурия огоҳ ҳастанд. Онҳо дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, Ҳалимов дар давоми ҳафта танҳо ду бор ба ин деҳа меомад ва рӯзҳои дигарро бо ҳамсари дуввумаш дар Душанбе мегузаронд.
ПАДАР АЗ ҒАВҒОИ ПИСАР БЕХАБАР АСТ
Абдусалим Ҳалимов, падари 88-солаи Гулмурод Ҳалимовро дар манзили зисташ дар ҳоле дарёфтем, ки радиои дастиро ба гӯшаш наздик бурда, ахбор гӯш мекард. Нафаре аз хонаводааш дар дами дар ба мо гуфт, ки мӯйсафед аз таҳаввулоти ахир хабар надорад ва мо "коре накунем, ки фишори хунаш баланд шавад". Мо тасмим гирифтем, ки дар вақти гуфтугӯ эҳтиёткор бошем. Аммо пеш аз он ки мо суоле кунем, Абдусалим Ҳалимов ба маҳкум кардани онҳое сар кард, ки “қадри ин мулки ободу зеборо намедонанд.” Ӯ гуфт, ҳар гоҳе шеъри “Во ғарибӣ”-и Камоли Хуҷандиро мешунавад, гиряааш меояд.
Ин марди куҳансол аз шоирони классик барои мо порчаҳои шеърӣ мехонд ва “хиёнаткорони ватанро фурӯхташудагон” меномид. Аммо вақте аз фарзандаш Гулмурод Ҳалимов пурсидем, гуфт, “моҳе боз гум шудааст ва намедонад, ки ӯро ғоратгар ё дуздон куҷо бурда бошанд".
Ӯ гуфт, ҳамеша ба фаразанди полковникаш таъкид мекард, то курнамакӣ накунад: “Бачам курнамакӣ накун! Бачам бубин, ки кори туро давлат ба назар гирифтааст, туро орден додааст, пулу мошинат додааст, хона додааст, командир кардааст, қадри давлатро донистан даркор. Курнамакӣ даркор нест! Одаме, ки ин ватанро ганда мегӯяд, ӯ як фурӯхташуда ҳаст. Астағфируллоҳ! Ватанфурӯш, миллатфурӯш ҳаст, ин хел одамон!”
Падари Гулмурод Ҳалимов гуфт, ки писараш дар назди мактаби деҳа ба бунёди варзишгоҳе оғоз кардааст ва мехоҳад аз шаҳр муаллими варзиш биёрад. Ҳалимов гуфт, ки дар охирин дидор фарзандаш ҳарфҳои маъмулӣ гуфта буд ва ҳеҷ таъкид ё хайрухуши хосе надошт. Ӯ гуфт, ки писараш ҳамеша аз кораш розӣ буд ва аз фаъолияташ ҳамчун сардори дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ифтихор мекард.
“МУСАЛМОН НЕСТЕД, КИ ГАПИ ҲАҚРО НАВИСЕД!”
Дар ҳоле ки сӯҳбати мо Абдусалим Ҳалимов ҷараён дошт, аз болои ҳавлӣ ду марди хашмгин, яке аз онҳо бо чӯбдаст, ворид шуда ба мо таҳдид карданд, ки сӯҳбатро қатъ карда, аз деҳа берун равем. “Инҳо мусалмон нестанд ва гапи ҳақро наменависанд,” – гуфт яке аз онҳо. Мо баъдан фаҳмидем, ки ин ду нафар яке, Хурсанд Абдурашидов, директори мактаби деҳаи Дараи Фонӣ, бародари модарҷудо ва Комил Ҳалимов, бародари ҳамтани Гулмурод Ҳалимов будаанд.
Дар деҳаи Дараи Фонӣ ва деҳоти атроф, зоҳиран, ҳама сокинон аз фирори Гулмурод Ҳалимов ба Сурия огаҳанд ва ҳангоми сӯҳбат аз мавқеъгирии ногаҳонии ӯ изҳори ҳайрат мекунанд.
ПАРЧАМИ "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" ДАР САФҲАИ БАЪЗЕ ҲАЛИМОВҲО
Баъд аз ин сӯҳбат мо ба сафҳаи наздикони фармондеҳи собиқи ОМОН дар шабакаи "Однокалассники" рӯ овардем, то аксҳои қабл аз фирори ӯро бубинем. Аммо дар сафҳаҳое, ки зоҳиран ба наздикони Ҳалимов мансубанд, аксаран ба ҷои акси асосӣ парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” нашр шуда буд. Маълум нест, ки ин тағйирот бо ихтиёри худи онҳо сурат гирифтааст ё не. Аммо дар баъзе саҳифаҳои онҳо акси ҷангиёни ношиноси гурӯҳи Давлати Исломӣ низ ба мушоҳида расиданд. Аз миёни чанд тан аз наздикони Ҳалимов танҳо як нафари онҳо дар сӯҳбати катбӣ тасдиқ кард, ки саҳифа ба ӯ тааллуқ дорад.
Сарҳанг Гулумрод Ҳалимов, сардори Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ё худ ОМОН-и назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 23-уми апрели соли ҷорӣ бедарак шуда, шаби 27-уми май бо пахши як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз пайвастани худ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар дод.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ба хунинтарин гурӯҳи террористӣ гаравидани як мақоми баландпояии низомиро шарҳ надодаанд.