Дар Кӯлоб, саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва рӯзе то 2 ҳазор меҳмон аз дуру наздик ба маркази он меоянд, ҳамагӣ панҷ ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ фаъол аст. Аксар меҳмонони Кӯлоб шикоят мекунанд, ки набуди макони махсуси қазои ҳоҷат ба ҳаракати онҳо дар шаҳр мушкил эҷод мекунад.
Ҳар бегоҳ сокинон барои истироҳат вориди боғ мешаванд, аммо ба далели набудани ҳоҷатхона таҳи дарахтон қазои ҳоҷат мекунанд.
Занҷира, як сокини Кӯлоб, дар тарабхонаи назди боғи фарҳангӣ кор мекунад. Ӯ рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бисёре аз меҳмонону муштариёни онҳо аз набудани ҳоҷатхона дар гирду атроф ташвиш мекашанд. "Тарабхонаи мо низ ҳоҷатхона надорад", - афзуд Занҷира.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ин мушкили рақами як аст"
Ин сокини шаҳри Кӯлоб гуфт, наздиктарин маконе, ки дар назди боғи фарҳангӣ ҳоҷатхона дорад, донишгоҳи давлатӣ аст, вале онҷо ба хотири роҳ надодан ба ифлосиву рафтуомади бебандубори муштариён бегонаҳоро иҷозати ворид шудан намедиҳанд. "Боғ ҳоҷатхона надорад. Ба донишгоҳ меравем. Онҳо моро пеш мекунанд ва мегӯянд, ки ба инҷо иҷозат нест, пас, одамон ва меҳмонон ба куҷо раванд? Ин мушкили рақами як дар Кӯлоб аст, ки дар ҳолате одам шикамрав шавад, саросема равию роҳат надиҳанд, дигар чӣ кор мекунӣ?", - суол гузошт Занҷира.
Аммо масъулини Боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, дар воқеъ ин мушкилот дар боғ вуҷуд дорад ва онҳо дар фикри ҳалли ин мушкил ҳастанд. Неъматулло Абдуллоев, як масъули Боғи фарҳангӣ, рӯзи 15-уми сентябр гуфт, онҳо аз надоштани ҳоҷатхона танқисӣ мекашанд ва бисёр вақт афроди ночор дарахту буттазорҳои боғро ифлос мекунанд.
“Ҳар бегоҳ сокинон барои истироҳат вориди боғ мешаванд, аммо ба далели набудани ҳоҷатхона таҳи дарахтон қазои ҳоҷат мекунанд. Ҳангоме ки кормандони боғ ба тоза намудани гулгаштҳои боғ машғул мешаванд, ба ахлоти мардум рӯ ба рӯ мешавад. Дар гузашта ин ҳолат набуд, зеро дар боғ ҳоҷатхона вуҷуд дошт, вале тахриб карда шуд”, - гуфт Неъматулло Абдуллоев.
"Қалъаи Кӯлоб ва Терминал низ ҳоҷатхона надорад"
Аз рӯи меъёрҳои беҳдорию санитарӣ, дар маконҳои ҷамъиятие ба мисли боғу гулгаштҳо, фурудгоҳу истгоҳи роҳи оҳан, хиёбонҳои марказӣ ва маконҳои тиҷоратӣ барои ҳар 500 нафар як макони ҳоҷатбарорӣ тақозо мешавад. Ҳар ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ набояд дар масофаи 500-700 метр дуртар аз якдигар ҷойгир бошанд.
Сокинони Кӯлоб медонанд, ки ҳоҷатхона дар ин шаҳр инчунин дар маҳалҳои дигари ҷамъиятие ба мисли Қалъаи Кӯлоб ва Терминали шаҳр амал намекунад.
Ҷаббор Назиров, як масъули терминали шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, феълан барои бартараф кардани ин камбуд як ҳоҷатхонаи наву замонавӣ месозанд. Назиров гуфт, ин проблема дар терминал ҷой дошт ва бисёре аз меҳмонон аз набуди ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ ба хонаҳои гирду атрофи терминал мерафтанд, аммо онҳо рӯзҳои наздик ин проблемаро ҳал хоҳанд кард.
“Баҳри истифодаи ронандагон ва мусофирон терминали шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтем, ки ҳоҷатхонаи замонавӣ созем. Ҳоҷатхона дар ҳоли ҳозир ба итмом расидааст ва рӯзҳои наздик ба истифода хоҳем дод”, - гуфт мусоҳиби мо.
Шаҳрдорӣ камбудро эътироф мекунад
Масъулини шаҳрдорӣ низ эътироф мекунанд, ки мушкили набуди ҳоҷатхона дар шаҳр воқеан ҳам ҷой дорад. Саидмурод Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоҷатхонаи нави боғ аз рӯи меъёрҳои замонавӣ сохта хоҳад шуд.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб чаҳор коллеҷ ва ду донишгоҳ фаъолият дорад, ки даҳҳо ҳазор донишҷӯ дар он таҳсил мекунад ва тибқи омори расмӣ рӯзе аз ду то панҷ ҳазор меҳмон аз ин шаҳр гузар мекунад.
Камбуди ҳоҷатхона ва ба вижа навъҳои замонавӣ ва таъминшуда бо оби пок барои манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам хос аст. Соли 2016 мақомот гуфтанд, ки бар асоси як Барномаи давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар фосилаи ҳар 50 километр роҳ ҳоҷатхонае барои истифодаи сокинону меҳмонони хориҷӣ бунёд мекунанд. Вале набуди ҳоҷатхонаҳо на танҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, балки дар муассисаҳои таълимӣ ҳам эҳсос мешавад.
Дар як гузориш ЮНИСЕФ – дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон соли 2016 гуфта шуд, ки 45 дарсади мактабҳои Тоҷикистон ба оби пок дастрасӣ надоранд ва дар 83 дарсади онҳо ҳоҷатхона ё мавҷуд нест ва агар бошад ҳам, дар вазъи хеле бад ҳастанд.