Нахустин осоишгоҳи беморони сил

Акс аз бойгонӣ

Дар маркази ноҳияи Мӯъминобод, дар ҷануби Тоҷикистон сохтмони нахустин осоишгоҳ барои табобати беморони сил оғоз шудааст.
Пирмад Зарифов, раиси ноҳияи Муъминобод рӯзи панҷшанбеи 5 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "бо таваҷҷӯҳ ба густариши шумори гирифторони бемории сил дар миёни сокинони минтақа дар чанд соли охир, ки нигарониҳоро дар миёни ҷомеа ба бор овард, тасмим шуд, ки як осоишгоҳи замонавӣ дар шароити кӯҳистон ва ба хотири дармони комили беморони сил сохта шавад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Осоишгоҳ барои беморони сил



Ба гуфтаи ҷаноби Зарифов, "осоишгоҳ каме дуртар аз маркази ноҳияи Мӯъминобод ва дар мавзеъи хушманзара бо шароити мусоиди табиӣ сохта мешавад." Вай афзуд, "беморони сил пас аз шаш моҳи табобат ба ин осоишгоҳ фаро гирифта шуда, саломатии онҳо барқарор хоҳад шуд."

Раиси ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, барои оғози корҳои сохтмонӣ маблағи 3 миллион сомонӣ ҷудо шуда ва ҳаҷми куллияи корҳои сохтмонӣ то ба 12 миллион сомонӣ мерасад. Ин осоишгоҳ иборат аз 3 ошёна буда, барои 100 нафар дар назар гирифта шудааст.

Интизор меравад, осоишгоҳи дармони беморони сил дар ноҳияи Мӯъминобод дар соли оянда мавриди истифода қарор гирад.

Иқдомот барои сохтмони осоишгоҳ барои беморони сил дар минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки вазъи бемории сил дар ин минтақа дар муқоиса ба чанд соли пеш ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ монда, бар асоси оморҳои расмӣ, ҳоло дар минтақаи Кӯлоб беш аз 2 ҳазор нафар бемори сил ба сар мебарад. Аксарияти онҳо дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунанд.

Ду ҷамоати Учкуни ноҳияи Восеъ ва Карағочи ноҳияи Ҳамадонӣ дар матбуоти Тоҷикистон ҳатто "Водии марг" ном мебаранд, зеро дар ин ҷамоатҳо дар аксари хонаводаҳо чанднафарӣ гирифтори биемории сил ҳастанд.

Ҳарчанд табобати бемории сил дар Тоҷикистон ройгон сурат мегирад, вале шаҳрвандон аз харҷи зиёд дар рафти табобати ин беморӣ шикоят мекунанд.

Ахиран дар нишасти матбуотии вазорати тандурустӣ як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов шикоят кард, ки бо харҷи зиёди доруву дармон ҳамсари беморашро аз даст додааст ва барои табобати писараш духтурон аз ӯ маблағи зиёд талаб мекунанд.

Ин изҳори назари иштирокчии нишаст, ки худро Асадулло Саидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ кард, мояи асабонияти вазири тандурустӣ гардид ва Нусратулло Салимов ваъда дод, ки доир ба ин қазия тафтиши хидматӣ доир хоҳанд кард. Асадулло Саидов гуфт, ҳамсараш соли 2003 аз бемории сил фавтид, вале барои писараш, ки дар бемористони Мачитони ноҳияи Ваҳдат таҳти вентилятсияи сунъӣ қарор дорад, ҳатто сӯзандоруро худаш мехарад. Вазир хитоб ба ӯ гуфт, ки табобати писарашро зери контроли худ хоҳад гирифт.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як баёнияи расмӣ гуфта буд, Тоҷикистон дар ташхиси гирифторони сил тайи солҳои гузашта пешрафт кардааст, вале ҳанӯз аз кишварҳои дигари минтақа ақиб мемонад. Аз ҳисоби 6850 гирифторони расман сабтшуда дар соли 2012, 80 дарсад, ё тақрибан 5500 нафари онҳо бори аввал ташхис ва сабт шудаанд. Мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар пайи арзёбии талошҳои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ ва назорати бемории сил ба ин натиҷа расидаанд. Чунин арзёбӣ дар кишварҳо ҳар 3 ё 5 сол сурат мегирад ва дар Тоҷикистон бори охир дар соли 2009 анҷом шуд.