Манижа бемори касалхонаи ҷумҳуриявии маризиыои сили «Шифо» аст, ки дар миёни мардум бештар бо номи «Мачитон» маъруф буда, дар ноҳияи Ваҳдат воқеъ аст. Бемор будани ӯ дар ҳоле ошкор шуд, ки тифли нахустинаш дар батнаш 7-моҳа буд. Манижа мегӯяд, он вақт ба табобат розигӣ надод, зеро метарсад, ки ба тифлаш зиён мерасад.
Аммо Манижа мегӯяд, пас аз сӯҳбат бо табибон дарк кардааст, ки на танҳо табобати зиддисилӣ ба тифли батнаш зиён намерасонад, балки ӯро аз сироят ёфтан ба ин беморӣ наҷот медиҳад. Ба хотири сироят наёфтани тифлаш Манижа ба табобат розӣ шуд ва аз ҳоло медонад, ки муддате дур аз тифлаш ба сар хоҳад бурд.
Ин ҷавонзан пас аз ним моҳи табобат вазъи сиҳатияшро ин тавр тасвир мекунад. : «Маро вақте оварданд, рост истода наметавонистам. Ҳоло шукри Худо, ки хуб шудаам. Ташхисҳо низ нишон доданд, ки тифли батнам солим аст. Бароям пизишкон доруҳоеро тавсия мекунанд, ки ба тифлам зиён намерасонад. Дигараш кори Худост, ки чи тавр таваллуд мекунам».
Манижа мегӯяд, ӯро эҳсосоти гуногун фаро гирифтааст, аз сӯе ба оянда ва таваллуди фарзанд боумед менигарад ва хушҳол мешавад, аз сӯи дигар, дар ҳолати тарсу ҳарос аст, ки мабодо тифли бегуноҳаш гирифтори ин маризӣ шавад. Вале равоншиносон талош мекунанд, ӯро ором кунанд, то ба ҷараӣни табобаташ халал ворид нашавад.
Асадулло Ҳалимов, яке аз пизишкони дармонгоҳи «Шифо» мегӯяд, ин ҷавонзан ҳанӯз “микробхориҷкунанда аст ва чун бемории сил бо роҳи нафас мегузарад, то қатъ шудани микробхориҷкунӣ тифлашро аз ӯ дур нигаҳ медоранд”. Ба гуфтаи ин пизишк, бемории сил бо роҳи ширдиҳӣ намегузарад, аммо аз як ҳаво нафас кашидани модару кӯдак дар чунин ҳолат хатарнок аст.
Дар миёни беш аз 300 нафар беморони дармонгоҳи «Шифо» зиёда аз сад нафарашон занҳо ҳастанд. Аз миёни ин шумораи занҳо, 7 нафар давраҳои гуногуни ҳомиладориро пушти сар мекунанд. Саидаҳтам Рустамов, сардухтури беморхонаи мазкур мегӯяд, табобат ва дур нигаҳ доштани занҳои фарзанддор то беҳтар шудани ҳолаташон, яке аз роҳҳои коҳиш додани сирояти ин беморӣ ба афроди солим аст. Ба гуфтаи ӯ, модаре, ки микроби сил хориҷ мекунад, ҳатман бояд аз фарзандону наздиконаш дур бошад, зеро хатари гузаштани сироят ба онҳо хеле зиёд аст. Рустамов мегӯяд, феълан бо кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои мададрасон тамоми шароит барои муолиҷаи беморон вуҷуд дорад. Ҳангоми муроҷиат ба беморхона кафолати шифо ёфтани беморон вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, Манижа шонси зиёд дорад, ки пас аз ду моҳ ҳолаш беҳбуд ёбад ва агар табобатро бо чунин шева идома диҳад, дар панҷ моҳи оянда аз ин беморӣ раҳо хоҳад шуд. Аммо, ба қавли Рустамов онҳое, ки сари вақт муроҷиат намекунанд ё табобати нодуруст мегиранд, ба шакли мутобиқгашта ё худ устуворгаштаи сил гирифтор мешаванд, ки табобаташ боз ҳам душвортар мешавад.
«Онҳое, ки бори аввал ҳамчун бемори сил ба қайд гирифта мешаванд, бояд шаш моҳ табобат гиранд. Ду ё се моҳ то анҷоми микробхориҷкуниашон бояд аз атрофиён дур бошанд. Ин муддатро, ки пурра риоя кард, шифо меёбад. Лекин, мутаасифона, ҳоло мувофиқи омор 15 фоизи беморон ин давраҳоро риоя намекунанд, ки боз дубораву себора бистарӣ мешаванд ва ба шакли мутобиқгаштаи ин беморӣ гирифтор мешаванд. Табобати шакли мутобиқгашта мушкилтар аст ва давари бештарро дар бар мегирад, аз ин рӯ хубтар аст, ки беморон ҳамаи давраҳоро риоя кунанд».
Фирӯза Саидова, ҳамоҳангсози масоили тарғиботии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сили Вазорати тандурустӣ мегӯяд, солҳои пеш сокинон дар мавриди роҳҳои табобату пешгирии сил огаҳии кам доштанд, ҳоло бо афзоиши доштани маълумоти бештар дар бораи маризии сил ва бартарии муроҷиъати барвақтӣ ба духтур мавридҳои ошкоршавии ин беморӣ бештар шудааст ва шумораи гирифторон ба таври умумӣ дар нисбат ба солҳои пеш кам шудааст. Хонум Саидова бар ин назар аст, ки бояд ҳар гирифтор ва атрофиёни ӯ дарк кунанд, ки бемории сил табобатшаванд аст ва барои сиҳатёбӣ талоши бештар кунанд.
Дар ҳамоише бахшида ба рӯзи «Мубориза зиди бемории сил» дар шаҳри Душанбе ду нафаре даъват шуд, ки аз ин беморӣ комилан шифо ёфтаанд. Ин нафарон, ки нахостанд, номашонро зикр кунем, изҳор доштанд, ки пас аз табобати 6-моҳа худро комилан сиҳат ҳиз мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон соли 2012 беш аз 5 ҳазор нафар бори аввал ҳамчун бемори сил сабт шудаанд. Бар асоси иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, дар соли 2011 дар саросари Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор гирифтори бемории сил ба қайд гирифта шуд, ки аксари онҳо аз 15 то 45 сол дошта, беш аз 350 нафарашон зиндонӣ буданд.

- Барои таввалуд кардан зани ҳомиларо ба таввалудхона мебарем. Чун таваллуд кард, кӯдакро аз ӯ ҷудо мекунанд. Зан як моҳ ё ду моҳ табобат мегирад ва чун ташхисҳо нишон дод, ки ӯ микробхориҷкунанда нест, бемалол метавонад, ба кӯдак шир диҳад. Ин кор фақат ба хотири наҷоти кӯдак аз сироятёбист, - мегӯяд вай.