Ҷои холии муҳоҷирон дар суфраҳои наврӯзии хатлониён

Садҳо хонавода дар водии Вахши вилояти Хатлон иди Наврӯзро имсол ҳам бидуни ҳузури азизону наздиконашон ҷашн мегиранд, вале дар сари сурфаи наврӯзӣ ҳамаи онҳо дуои фарзандону азизонашонро мекунанд, ки дар мулки ғарибӣ дар осоишу амният бошанд.

Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон Русия ба макони кору даромади як миллион шаҳрванди Тоҷикистон табдил шудаа аст ва беш аз 200 ҳазор нафари онҳо сокини вилояти Хатлон мебошанд. Мавсими кори онҳо маъмулан пеш аз Наврӯз фаро мерасад ва муҳоҷирон дастаҷамъона хонаи худро тарк карда ба Русия мераванд. Заноне, ки бо рӯшан кардани деги суманак соатҳои дароз ин ширинии рамзии наврӯзиро таҳия мекунанд, ҳама орзу мекунанд, ки фарзандону ҳамсарон ва бародаронашон то Наврӯзи дигар сиҳату саломат наздашон баргарданд.

Дар ҳасрати наврӯзи ватан...

Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон Русия ба макони кору даромади як миллион шаҳрванди Тоҷикистон табдил шудаа аст ва беш аз 200 ҳазор нафари онҳо сокини вилояти Хатлон мебошанд.

Алимурод, як сокини 28-солаи ҷамоати деҳоти Тоҷикобод дар ноҳияи Вахш солҳост, ки суманаку дастурхони идонаро аз аксҳои фиристодаи модараш тариқи Вайберу Ватсап тамошо мекунад. Ӯ се соли охир дар як фурӯшгоҳи шаҳри Маскав кор ва аз он ҷо истода ҳаваси таҷлили Наврӯзи Тоҷикистонро мекунад. Дар ин муддат танҳо як бор ва он ҳам барои як моҳ ба назди хонаводааш омада тавонист.

"Орзу дорем, ки қадамгузории фарзандҳоро аз ин баъд бубинем, Наврӯзро наметавонам, ки бо аҳлу байтамон ҷашн гирам, дар ёдам нест, ки кай ҷашн гирифтаам. Хело мехоҳам, ки суманаки омодакардаи модарамро чашаму канори дегаш бошам, ки бо чӣ орзу суманак тайёр мекунад. Инҷо ҷавонони зиёде ҳастанд, ки дар Наврӯз мехоҳанд, ки дар ватан бошанду зиндагии хуб дошта бошанд, вале дар Тоҷикистон ҷойи кор нест, ҳарчанд маълумоти олӣ доранд. Худи ман ҳам маълумоти олӣ дорам, вале афсус, ки наметавонам ба ватанам равам", мегӯяд Алимурод.

Гулҷаҳон -- модари Алимурод, ки бо сад ният имсол ҳам дар чанд табақ гандумро шуста суманак хобондааст, мегӯяд, орзуи наврӯзии ӯ ин аст, ки фарзандаш бо сари баланду рӯи сурх ба назди ҳамсари ҷавон ва фарзандаш биёяд ва тарбияи писарашро идома диҳад: "Вақте, ки суманакро мепазам, орзу мекунам, ки дар канори мо бошанду хандаи фарзандонашро бубинад, рӯҳбаланд бошанд. Орзу дорам, ки дар ватан ҷойи кор бошаду ба муҳоҷират нараванд. Фарзандам ду маълумоти олӣ дорад, вале аз набуди ҷойи кор ба муҳоҷират мераванду дар Наврӯз бидуни онҳо ид мекунем."

Гулҷаҳон мегӯяд, 5 сол шуд, ки фарзанди бузургашро ба муҳоҷират фиристодааст, ва акнун навбати фарзанди дуюмаш расидааст. Ӯ фардо ба муҳоҷират меравад ва дар ин хонавода омодагиҳои охир барои гусели писари дуюм ба мардикории Русия ҷараён дорад.

Гули сиёҳгӯш ва баҳси Зуҳро дар фурудгоҳ

Зуҳро Саидғуфронова, як зани бознишастаи тоҷик, аз деҳаи Қизилшаҳри ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки беш аз 20 сол чаҳор фарзандаш ба муҳоҷират меравад, кӯдакони бидуни падар бузург мешаванд ва солҳо аз падар дур ҳастанд. Орзуи наврӯзии ин зан сиҳатии фарзандони ғарибаш будааст. Зуҳро Саидғуфронова бо фарқ аз дигар модарон талош мекунад, ки нони чакдонию суманакро ба фарзандонаш ба ҳар роҳе бошад равон кунад. Вақте бо ин зан сӯҳбат мекардем, саргарми омода кардани фатиру қалама ва суманаку шириниҳои дигаре ба фарзандонаш буд.

Зуҳро Саидғуфронова.

"Кулчаю орзуқам таёр шавад, Душанбе меравам, набераам фардо муҳоҷират меравад, ҳоло кулчаю қадмолам омода шудааст. Наврӯз бидуни фарзандон маънӣ надорад. Суманак мепазем, ки писар ба ёдат мезанад. Ҷойи гашту гузори писаронамро дида, дилам гум мезанад, вале чӣ илоҷ? Гул мешукуфад, онҳоро ёд мекунам, гули сиёҳгӯшро ба муҳоҷирон равон кардам, вале дар фурудгоҳ иҷоза надоданд. Гуфтам, ки бигузор фарзандонамон донанд, ки дар Тоҷикистон баҳор шудааст",-гуфт Зуҳро Саидғуфронова.

Зуҳро Саидғуфронова мегӯяд, мехост як дона гули сиёҳгӯшро аввали моҳи феврал бо муҳоҷирон ба писараш ба шаҳри Ижевски Русия фиристад, вале дар фурудгоҳи Душанбе манъ карданд. Ҳоло суманаки кулчагӣ бо фатиру қаламаро бо дасти наберааш, ки бори аввал ба муҳоҷират меравад, ба Русия мефиристад.

Наврӯзи бе наздикон

Бинобар набуди ҷойи кори муносиб беш аз ду даҳсола шаҳрвандони Тоҷикистон хусусан ҷавонон ба муҳоҷират мераванд ва муҳимтарин даромади хонаводаҳо аз муҳоҷират мебошад. Аксари онҳо танҳо замистон ба дидорбинии наздиконашон меояд.

Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯяд, ки 242 ҳазору 508 сокини вилояти Хатлон берун аз кишвар қарор доранд, аксарияти инҳо ҷавононе ҳастанд, ки барои пайдо кардани кор ва пеш бурдани аробаи зиндагияшон кишваро тарк кардаанд. Шояд 29 ҳазор нафар зан, ки ҳоло дар муҳоҷират мебошад, тавонад барои мардҳои тоҷик берун аз кишвар, хусусан дар шаҳрҳои Русия дастурхони идонаи наврӯзи омода кунад.

Ин рақам омори расмии муҳоҷирони Хатлонӣ занону мардҳо дар Русия аст, ки Наврӯзро берун аз кишвар ва наздиконашон ҷашн мегиранд. Аз сӯи дигар, заҳмату сахтиҳои кор дар Русия барои бисёриҳо ба масъалаи муҳими зиндагӣ табдил шудааст ва сахтиҳои муҳоҷирату дурӣ аз шодиву хурсандиҳои маъмулӣ дигар одат ҳам шудааст. Аз ҳамин хотир ҳам, барои беш аз 1000 сокини вилояти Хатлон, ки депорт ё ихроҷ шудаанду ҳаққи то 10 соли оянда ба Русия ворид шуданро надоранд, ин масъала дардноктар аст.