Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти муҳоҷиронро намехоҳанд


Бинои ҳукумати ноҳияи Хуросон
Бинои ҳукумати ноҳияи Хуросон

Мақомоти Тоҷикистон дархости раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғдро барои баргардонидани муҳоҷирони исфарагӣ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рад кардаанд.

Ахиран, бо иддаои теъдоде аз собиқ бошандагони Исфара, ки ба ноҳияи Хуросон муҳоҷир шудаанд, ҳукумати Исфара дар мавриди бозгардонии онҳо масъалагузорӣ кардааст. Мақомот оид ба иллати норозигии исфарагиҳо аз маскуният дар ноҳияи Хуросон, мавзеъи феълии зисти онҳо ва шумори аслии ин муҳоҷирон иттилоъ намедиҳанд, аммо гуфта мешавад, то ин замон чандин хонаводаи исфарагӣ худсарона, яъне бидуни огаҳӣ, ба зодгоҳи худ баргаштаанд. Ва аммо масъулини ҳукумат намехоҳанд, ки муҳоҷирони Исфара аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дубора ба зодгоҳашон кӯч дода шаванд. Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикимтон ва ҳамзамон, раиси Ситоди ҷумҳуриявии муҳоҷирати аҳолӣ, дар шарҳи сабаби радди дархости ҳукумати Исфара гуфт, муҳоҷирони исфарагӣ баъди омадан ба Хуросон қарзҳо гирифтаанд аз бонкҳо ва зиндагии худро пеш мебаранд.

Ҷаббор Самадов, раиси ноҳияи Хуросон, мегӯяд, дар қаламрави ин ноҳия ҳамчунин барои 50 хонавода, ки аз вилояти худмухтори Бадахшони кӯҳӣ муҳоҷир шудаанд, беш аз 15 ҳектор замин ихтисос дода шудааст, аммо муҳоҷирони бадахшӣ низ аксаран, бо сабаби ба гуфти худашон, номусоидии обу ҳаво, дубора аз Хуросон ба Бадахшон ҳиҷрат кардаанд. Ба истиснои танҳо ду хонаводаи бадахшонӣ.

Ва аммо ҳамчунин сокинони навоҳии Айнӣ ва Масчоҳи вилояти Суғд, ки ихтиёран ба Хуросон муҳоҷир шудаанд, низ дар 118 ҳектор замини ин ноҳия ба умури кишоварзӣ машғул будаанд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои ҳар хонаводаи суғдӣ ба андозаи 1500 сомонӣ, муодили 420 доллари амрикоӣ, ба унвони қарзи боимтиёз ихтисос додааст, то ки онҳо манзили зист бунёд намоянд. Ҳамин гуна, 108 манзил сохта шудааст.

Гузашта аз он, мақомоти ноҳияи ба номи Носири Хусрави вилояти Хатлон, ки дар мавзеъҳои ҳаммарз бо Узбакистон воқеъ аст, мегӯянд, дар қаламрави ин ноҳия барои ҳудудан панҷ ҳазор хонаводаи дигар замини холӣ ҳаст ва аз муҳоҷирони ватанӣ даъват мешавад, барои кору зиндагӣ ба ин ноҳия биёянд. Вале мушкили дигар ин аст, ки муҳоҷирони хатлонӣ низ аз мавзеъҳои нави иқоматашон изҳори норозигӣ намуда ва ба маҳалли собиқи зисташон бармегарданд. Ахиран, беш аз 800 сокини ҳафт ноҳияи ҷануби Тоҷикистон, ки ба шаҳри Турсунзода кӯч дода шуда буданд, дубора ба зодгоҳҳои худ баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG