Панҷ монеаи қонунҳои нави Русия барои муҳоҷирон

Дар бораи дигаргуниҳо дар сиёсати муҳоҷирати Русия чандин матлаб ба нашр расондаем, вале бо дархости муҳоҷирон дар ин матлаб ҳамаи онҳоро ба тартиб гирдоварӣ кардем.

Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов, мегӯяд, бозгашти муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон назар ба солҳои пешина 35-40 дарсад бештар шудааст. Сабаби ин ҳолро сафир дар мусоҳиба бо торнамои «Россия для всех» ба қатъи кори бисёре аз ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия бастагӣ додааст.

Имомуддин Сатторов

Ҷаноби Сатторов гуфтааст, ки бино бар фарояндҳои 10-12 соли охир, бозгашти муҳоҷирон ба ватан дар фасли сармо одат шудааст. “Аммо ин раванд ҳам ба мушоҳида мерасад, ки баъзе кордиҳандаҳо наметавонанд дастмузди онҳоро сари вақт диҳанд. Ин албатта, барои муҳоҷирон мушкилотеро пеш имеорад. Зеро бе маблағ, бе дастмузд зистан ва интизори беҳбуд нишастан мушкил аст. Барои ҳамин онҳо, ба фикрам, тасмими дуруст мегиранд ва ба хона бармегарданд.”

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон борҳо зимни шикояти муҳоҷирон ба ҷанҷолҳои музди кори онҳо шарик шуда, дар бозгардони миллионҳо доллари қарз ё фиребу бардагӣ ба муҳоҷирон кӯмак кардааст.

Коҳиши ҷойи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба вазъи бӯҳронии ин кишвар (афтодани нархи нафт ва қурби рубл, оғози як рукуди иқтисодӣ) бастагӣ дорад ва аммо бисёре аз муҳоҷиронро ояндаи корашон дар Русия ба ташвиш овардааст.

ПАТЕНТИ ЯГОНА

Сар аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия бояд патент гиранд. Дархости патентро муҳоҷир бояд дар 30 рӯзи аввали вурудаш ба Русия диҳад. Дар ҳоли риоя нашудани ин мӯҳлат шаҳрванд аз 10 то 15000 рубл ҷарима медиҳад ва танҳо баъд метавонад, барои патент муроҷиат кунад.

Аммо муҳоҷир замоне метавонад барои патент дархост диҳад, ки ин ҳуҷҷатҳоро дар даст дошта бошад:

  • Ариза бо дархости патент
  • Шиносномаи хориҷӣ
  • Варақаи муҳоҷират бо ишораи кор ҳамчун мақсади сафар
  • Гувоҳномаи надоштани бемориҳои нашъамандӣ, ВИЧ ва ғайра
  • Суғурта ё бимаи саломатӣ барои 1 сол
  • Сертификати супурдаи имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия
  • Қайди ҷои иқомат (Регистратсия)

Бисёре аз коршиносон бар инанд, ки муқаррароти нави Русия шумораи муҳоҷиронро дар ин кишвар ба маротиб коҳиш хоҳад дод. Дониёр Усмонов, як соҳибкори тоҷик, ки дар вилояти Волгогради Русия даҳҳо муҳоҷирро бо кор таъмин кардааст, нигарониҳои худро аз ҷорӣ шудани патент дар як нома ба президенти Русия Владимир Путин ирсол кард. Вай пешниҳод кард, ки ҳадди аққал барои хоҳишмандони кор дар соҳаи кишоварзӣ сабукӣ дода шавад.

Дониёр Усмонов

Нархи патентро ҳар вилоят ё минтақаи Русия бо назардошти зарурат ба нерӯи кори хориҷӣ муайян мекунад. Ҳоло нархи миёнаи онро 4 000 рубл меноманд, ки баъдан ҳар моҳ андозе, ки кордиҳанда барои коргари хориҷӣ месупорад, ба ҳисоби патент ворид хоҳад шуд. Мӯҳлати патент ҳамагӣ 1 сол аст ва дар арафаи итмоми ин мӯҳлати муҳоҷир бояд ҳамаи тартиби дарёфти онро аз сар гирад.

Соҳбикор Дониёр Усмонов харҷи як муҳоҷирро то сар кардани кораш 30 000 рубл меномад ва мегӯяд, на муҳоҷир ва на кордиҳанда ин харҷро бардошта наметавонанд. Таври маълум муҳоҷирон дар гузашта роҳкирои худро қарз мегирифтанд, акнун бояд ба ғайр аз он тақрибан 80 000 рубл дар ҷайб дошта бошанд, он ҳам бе “ришвапулӣ” ба полис ва кормандони хадамоти муҳоҷират ё соҳибхона барои қайд шудан, ки дар давоми як моҳ ҳамаи ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб оранд ва корро сар кунанд.

ШИНОСНОМАИ ХОРИҶӢ

Сар аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд вориди Русия шаванд. Ин масъала ба мақомоти Тоҷикистон рабт мегирад ва онҳо гуфтаанд, ҳамаи шароитро барои таъмини муҳоҷирон бо шиносномаҳои хориҷӣ фароҳам овардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, то имрӯз зиёда аз 30 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия соҳиби шиносномаҳои хориҷӣ шуданд. Ҳамаи онҳое, ки то ҳоло шиносномаи хориҷӣ нагирифтаанд, метавонанд дар давоми сол ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, консулгариҳои Тоҷикистон дар Уфа ва Екатеринбург ва нуқтаҳои иловагӣ дар Краснодар ва Санкт-Петербург муроҷиат кунанд. “Онҳое, ки то 1-уми январи соли 2015 бо шиносномаҳои кӯҳна вориди Русия шудаанд, метавонанд, то замони бозгашти худ ба Тоҷикистон оромона кор ва зиндагӣ кунанд, албатта, агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳо дуруст бошад.”

Чунин муҳоҷирон дар арафаи бозгашт ба Тоҷикистон бояд шиносномаи нави хориҷӣ гиранд. Харҷи пурраи гирифтани шиносномаи хориҷӣ дар Русия аз кишвар 100 доллар ва 800 рубли русиро ташкил медиҳад.

БИМАИ САЛОМАТӢ

Суғурта ё бимаи саломатиро Кодекси кори Федератсияи Русия барои ҳар коргари хориҷӣ ҳатмӣ кард. Маълумоти марзкур бояд ба созишномаи байни кордиҳанда ва муҳоҷир ворид карда шавад. Дар акси ҳол кордиҳанда бояд қарордодро бо чунин коргар қатъ намояд.

Полис ё санади бимаи саломатӣ ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои дигар барои гирифтани патент пешниҳод карда мешавад. Бе чунин санад патент дода намешавад. Патент ба мӯҳлате дода мешавад, дар полиси суғурта сабт гаштааст.

Ба ғайр аз ин муҳоҷир бояд гувоҳномаи тиббие дошта бошад, ки бино бар он вай ба бемориҳои гузаранда, нашъамандӣ, ВИЧ ва ғайра мубтало нест.

ИМТИҲОНИ ЗАБОНИ РУСӢ, ТАЪРИХ ВА ...

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд имтиҳони забони русӣ, таърихи халқи рус ва қонунҳои ҷории Русияро дар худи Тоҷикистон супоранд ва бо санади марбута ба Русия сафар кунанд.

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бештар намудани теъдоди нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ барои забони русӣ ва дарёфти сертификат дар Тоҷикистон бо мақомоти Русия музокираро шурӯъ кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки музокирот бо мақомоти Русия аз ҷумла бо ниҳодҳои марбутаи Санкт-Петербург ва Пенза идома дорад, ки ҳадафи он, дарёфти сертификати забони русӣ қабл аз сафар ба Русия мебошад. Вай мегӯяд, феълан дар дохили Тоҷикистон шаҳрвандон танҳо дар филилиали МГУ ва Донишгоҳи технологӣ ҳаққи супоридани имтиҳони забони русиро доранд ва қимати сертификат ҳам аз 3 то 5 ҳазор рубл аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Имтиҳон аз таъриху фарҳанг ва қонунҳои Русия барои муҳоҷирон

Ба муҳоҷирон 60 савол дода мешавад. 20 савол дар бораи таърихи Русия, 20 савол дар бораи забони русӣ ва 20 саволи дигар дар бораи қонунҳои Русия дода мешавад. Ҳамчунин саволҳо ҳар дафъа тағйир ёфта, бастагӣ ба риштаи кори муҳоҷир дар Русия доранд. Бахши умдаи саволҳо осон ба назар мерасанд, вале имтиҳонсупоранда бояд дар зарфи ҳамагӣ 35 дақиқа ба ҳамаи суолҳо посух диҳад. Бе сертификати ин имтиҳон ба муҳоҷир патент дода намешавад.

МӮҲЛАТИ БУДУБОШ ДАР РУСИЯ

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 31 декабр, дар остонаи соли нави 2015 ба қонуне имзо кард, ки муҷозотро барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ба ин кишвар шадидтар мекунад.

Муҳоҷирон маъмулан баъди ҳар 3 моҳ барои ҳамагӣ як ё ду рӯз аз марзи Русия берун мешуданду боз бармегаштанд ва будубоши худро гӯё боз аз сифр сар мекарданд. Тибқи қонуни нав, ин дарича барои муҳоҷирон баста мешавад. Аз ин ба баъд Русия “чорчӯби Шенген”-ро ҷорӣ мекунад, ки тибқи он, нафаре, ки 3 моҳ дар қаламраваш ба сар бурдаву берун меравад, танҳо баъди 3 моҳи дигар метавонад, ба Русия баргардад. Барои нақзи ин муқаррарот ҷаримаҳои сангин ва ҳатто манъи сафар ба Русия барои 3 сол ҳамчун ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр, ин қонун барои онҳое ки аз замони қонунии будубошашон дар Русия то 6 моҳ бештар истодаанд, ҳамчун ҷазо манъи сафар ба Русия барои 5 сол ва барои онҳое, ки то 9 моҳ аз ин мӯҳлат бештар истодаанд, манъи сафар барои 10 солро пешбинӣ мекунад.

ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ

Намв нест, аммо дар аввалҳои моҳи апрели соли 2014 Русия шаҳодатномаҳои ронандагии кишварҳои дигарро дар қаламраваш беэътибор эълон кард. Барои табдили ин санад ва санади ҳамсони русӣ то 1-уми январи соли 2015 мӯҳлат дода шуд.

То ин вақт шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳодатномаҳои ронандагии кишвари худ ва ҳамчунин шаҳодатномаҳои байнулмилалии ронандагӣ дар Русия мошин меронданд. Акнун онҳо бояд ин санадҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кунанд. Барои ин як силсила ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунанд ва ҳамчунин, агар аз онҳо ришва талаб нашавад, то 800 рубл мепардозад. Барои мошинронӣ бо шаҳодатномаи хориҷӣ шахс аз 15 то 50 000 рубл ҷарима мешавад.

ХУЛОСА

Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов эътироф мекунад, ки дигаргуниҳо дар сиёсати муҳоҷирати Русия, аз ҷумла шиносномаи хориҷӣ, патенти ягона, бимаи саломатӣ ва сертификати имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия мумкин аст, қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистонро пеш аз муҳоҷират ба Русия ба андеша водор кунад. Аммо, меафзояд ӯ, дар Тоҷикистон барои омода кардани муҳоҷирон кори зиёде сурат мегирад ва имкон дорад, тағйири қонуну қоидаҳо ба раванди муҳоҷират таъсири амиқ нагузорад. Вале, ҷаноби сафир гуфтааст, ки дар муддати кӯтоҳ ҳал кардани ҳамаи ин масъалаҳо барои муҳоҷирон дшворӣ пеш хоҳад овард ва таҷриба нишон медиҳад, ки чнуин қоидаҳо дар кишварҳои ҷаҳон бештар барои онҳое ҷорӣ мешаванд, ки хоҳиши гирифтани ҳаққи зиндагии дарозмуддат доранд.

Дипломати тоҷик изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Русия барои муҳоҷирон шароити иҷрои ин талаботро фароҳам меоранд, то қоидаҳои нав сабаби коҳиши муҳоҷират нашаванд ва ба як воситаи дигари ришваситонӣ, густариши коррупсия ва муфтхӯрӣ аз ҳисоби муҳоҷирон табдил наёбанд.