Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи сешанбеи 23 декабр бо пахши як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия, омодагии ҳамаҷониба гиранд ё ҳадди ақал донанд, ки нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ навгоние дар қонунгузории он кишвар ворид гардидааст.
Дар ин иттилоия аз ҷумла омадааст, ки аз якуми январи соли 2015 бозори меҳнати Русия шарти додани корро бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба он кишвар иҷозаи бе раводид ворид шуданро доранд, дигар кард.
Аз 1 июли соли 2010 ба ҷойи иҷозатнома барои кор, патент ворид карда шуд ва ин таҷриба ба хазинаи давлати Русия дар мӯҳлати зиёда аз чаҳор сол 35 млрд рубли изофӣ ворид кард. Бинобар ин Маскав тасмим гирифтааст, шарту шароити додани корро ба куллӣ дигар созад.
Агар солҳои пеш муҳоҷири меҳнатӣ бо доштани 5 ҳуҷҷат, яъне шиноснома, корти муҳоҷират, ҳуҷҷат барои қайди ҷойи буду бош, ариза ва баргаи пардохти маблағи патент соҳиби ҷойи кор мешуд, акнун аз 1 январи соли 2015 мутобиқи Қонуни Федералӣ 357-ФЗ, доштани ҳуҷҷатҳои дигар аз қабили: шартномаи (полис) ихтиёрии суғуртаи тиббӣ (ДМС), маҷмӯи маълумотномаҳои тасдиқкунандаи тиббӣ дар хусуси надоштани бемориҳои хатарноки сирояткунанда, нашъамандӣ ва ВИЧ-инфексия, сертификати тасдиқкунанда оид ба донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории он ва акс, илова гардид.
Мутобиқи қонуни нав аз 24 ноябри соли 2014, муҳоҷири меҳнатӣ ӯҳдадор аст, ин ҳама бастаи (пакети) ҳуҷҷатҳоро ҳудуди 30 рӯзи календарӣ аз рӯзи ворид шудан ба Русия омода намуда, супорад. Дар сурати гузаштани мӯҳлати муқарраршуда, муҳоҷири меҳнатӣ ба миқдори аз 10.000 то 15.000 рубл ҷаримабандӣ ва баргаи пардохти ҷарима ба ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда илова мешавад.
Хориҷиёне, ки то 1 сентябри соли 1991 дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) зиндагӣ намуда, номаи камол (аттестат ё диплом) оид ба хатм кардани мактаби миёна ё олии намунаи давлатӣ ё ҳуҷҷат оид ба маълумот, ки пас аз 1 сентябри соли 1991 дар ҳудуди Русия дода шудааст, доранд, аз пешниҳод намудани сертификати тасдиқкунанда оид ба донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории он» озод мешаванд.
Қисме аз ҳуҷҷатҳои заруриро бо пардохти маблағи муқарраршуда, қонунӣ гирифтан мумкин аст: маълумотномаи тиббӣ 1500 рубл, сертификат 3000 рубл, омодагӣ ба санҷиш 5900 рубл, патент 4000 рубл барои ҳар моҳ, ки дар маҷмўъ тахминан 15.000 рублро ташкил мекунад.
Аз 1 январи соли 2015 патент даҳ маротиба қиммат мешавад ва солҳои пеш агар барои соҳиби ҷойи кор шудан 1000, баъдтар 1216 рубл сарф шуда ва дар маҷмӯъ 14.592 рублро ташкил мекард, акнун муҳоҷири меҳнатӣ бо пардохти 48.000 рубл, ҷамъи роҳкиро, пардохти маблағи ҷойи хоб ва пардохтҳои ғайричашмдошт, соҳиби ҷойи кор мегардад.
Бо назардошти он, ки ҳолатҳои зиёди барагардонидани мусофирон аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон пайваста рух медиҳад, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тақозо кардааст, ки пеш аз сафар ба ин Русия муҳоҷирони тоҷик омодагии ҳамаҷониба гиранд ё ҳадди ақал донанд, ки нисбати онҳо чи навгоние дар қонунгузории он кишвар ворид гардидааст.