Баъд аз як моҳи таркиши маргбор дар рӯ ба рӯи Додситонии ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа ва наздикии пойгоҳи 201-уми Русия, мақомот номи гумонбарони ҳодисаро ошкор карданд. Дар ин таркиш як нафар ҷон бохта буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 12 апрел гуфтанд, ки падару писар – Зокир Файзиев ва Шарифҷони Зокир – сокинони деҳаи Зарбдори шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин таркиш гумонбар буда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Парвандаи онҳо аз рӯи моддаи “терроризм”-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад.
Навори видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар таърихи Тоҷикистони мустақил нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 сурат гирифта буд.
Қаноат Самиев, раиси деҳаи Зарбдори шаҳри Қӯрғонтппа, боздошти Зокир Файзиев ва писараш Шарифҷонро дар чанд рӯзи пеш тасдиқ кард. Ӯ гуфт, то ҷое хабар доранд, алайҳи ин ду нафар ҳанӯз айб эълон нашуда, тафтиш аз тарафи мақомоти интизомӣ идома дорад. “Падараш 49-сола ва писараш 21-сола аст”, - афзуд ӯ.
Зокир Файзиев то замони боздошташ ронандаи мошини борбари “Дулан” буда, ба қавли раиси маҳаллаи Зарбдор, зиндагиашон “чандон бад набуд”. “Вале писараш Шарифҷони Зокир дар ҷое кор намекард. Фақат дар хонаашон як гармхона барои кишти сабзавот доштанду бас”, - гуфт раиси деҳаи Зарбдор.
Сокинони деҳаи Зарбдор гуфтанд, ки Шарифҷони Зокир як муддат дар мактаби рақами 15-и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳсил карда, сипас ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил дар як мактаби пойтахт гирифта будааст. Дилбар Солиева, мудири мактаби рақами 15, ин хабарро таъйид кард, вале ба далели онки тоза ба ҳайси мудир таъин шудааст ва аз ҳодисаҳои гузашта пурра хабар надорад, аз баёни иттилои бештар худдорӣ намуд.
Деҳаи Зарбдор ва мактаби рақами 15 чанд сол қабл дар ҳисоби ноҳияи Бохтар буданд, вале дар пайи васеъ шудани масоҳати шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳудуди маркази маъмурии вилояти Хатлон ворид гардиданд.
Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиш бар асоси моддаи “терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз баёни ҳамагуна иттилоъ аз ҷараёни тафтиши парвандаи падару писар ва ҳодисаи таркиши маргбор дар маркази Қӯрғонтеппа худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки таҳқиқ мушаххас хоҳад кард, ҳодиса чӣ гуна рух дода ва ангезааш ҳам чӣ будааст.
Дар пайи таркиши рӯзи 12 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа посбон Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, посбони литсейи тамоюли технологӣ, ҷон бохта буд. Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиш бар асоси моддаи “терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст.
Дар таърихи Тоҷикистони мустақил нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 сурат гирифта буд. Дар ҳамлаи Хуҷанд ду корманди пулис кушта ва 26 корманди ҳамин шӯъба ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомот он замон эълон карданд, ки гурӯҳи “Ансоруллоҳ” масъули ин ҳамла будааст.