Сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ кард, Содиқ Ортиқов, ки бо иттиҳоми иртибот доштан ба бомбгузори эҳтимолӣ дар метрои Санкт-Петербург дастгир шудааст, дар воқеъ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, 10 -уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, зодаи Тоҷикистон будани Ортиқов тасдиқ шудааст, вале аз ҳоло наметавон гуфт, ки ӯ дар бомбгузории маргбор даст дорад, ё не.
"Шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар шаҳри Қӯрғонтеппа бузург шудааст. Ба мо (аз Тоҷикистон) маълумот доданд, ки 15 соли ахир ӯ дар Русия будааст. Дар яке аз каҳвахонаҳо сарошпаз кор мекардааст. То моҳи июн дар боздошти пешакӣ ҳаст. Давоми ду моҳ даст доштан ё надоштанаш ба ин ҷиноят маълум бояд шавад. Ҳоло ӯро гунаҳкор гуфта наметавонем."- афзуд, дипломати тоҷик дар Маскав.
Мақомоти Русия мегӯянд, тафтиши зангҳои телефонӣ нишон додааст, ки Содиқ Ортиқов бо Акбарҷон Ҷалилов, муттаҳами аслӣ дар таркиши метрои Санкт-Петербург иртибот доштааст.
Расонаҳои Русия рӯзи 7-уми апрел дар бораи боздошти Ортиқови 39- сола хабар доданд ва навиштанд, ки худи ӯ дар пурсиши ибтидоӣ гуфтааст, ки ба таркиши Санкт-Петербург ҳеҷ иртибот надорад ва тамоми маводи дарёфтшуда, аз ҷумла маводи тарканда аз манзили ӯ ба яке аз дӯстонаш мутааллиқ буд, ки ба дидорбинии наздиконаш ба ватан рафтааст. Ортиқов гуфтааст, ӯ ҳатто дар артиш хидмат накардааст ва дар бораи маводи тарканда ҳеҷ маълумот надорад.
Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” гузориш дод ва навишт, ки дар ҷараёни таҳқиқи таркиш дар метрои Санкт-Петербург маълум шудааст, ки Акбарҷон Ҷалилов – муттаҳами аслӣ ба ҷиноят бо созмондиҳандаҳои ҷиноят дар Маскав дар тамос будааст. "Интерфакс” мегӯяд, ки чанд бор аз шумораи телефони Ҷалилов ба шумораи Содиқ Ортиқов ҳам занг рафтааст.
Мақомот мегӯянд, Содиқ Ортиқов оиладор ва соҳиби фарзанд буда, дар қаҳвахонаи "Лесное" ба ҳайси ошпаз кор мекардааст. Дар таркиши рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 кушта ва беш аз 50 тан захмӣ шуданд. Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ин таркишро як зодаи 22-солаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст. Ҳоло таҳқиқи қазия идома дорад.