Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти падару писари гумонбар дар таркиши Қӯрғонтеппа


Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар робита ба таркиши 12 март дар шаҳри Қурғонтеппа ду нафарро боздошт кардаанд. Аз боздошудаҳо ном бурда намешавад, танҳо гуфта мешавад, ки онҳо падару писар мебошанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 4 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти ду нафарро тасдиқ кард, вале аз шарҳи бештари қазия худдорӣ намуд.

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, феълан тафтишот аз сӯи Додситонии вилояти Хатлон идома дорад ва ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот аз ироаи бештари хабар худдорӣ мекунанд.

Дар пайи ин таркиши рӯзи 12 март дар шаҳри Қурғонтеппа посбон Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола ҷон бохта буд. Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиш дар рӯ ба рӯи додситони низомии шаҳри Қӯрғонтеппа бар асоси моддаи "терроризм"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда буд. Давоми қариб як моҳи баъди ҳодиса ҳеҷ гурӯҳ ва ё фарде дар робита ба ҳодисаи шаби 12 март дар Қӯрғонтеппа изҳори назар накардааст. Дар таърихи Тоҷикистони мустақил нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 сурат гирифта буд. Дар ҳамлаи Хуҷанд ду корманди пулис кушта ва 26 корманди ҳамин шӯъба ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомот он замон эълон карданд, ки гурӯҳи "Ансоруллоҳ" масъули ин ҳамла будааст.

XS
SM
MD
LG