“Давлати исломии Ироқу Шом”, ки дар пайи даргириҳои мусаллаҳона қаламравҳои бузургеро дар минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия ишғол кардааст, дар рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати Исломӣ” хабар дод ва Абӯбакр Бағдодиро “халифа” эълон кард. Давлати исломии Ироқу Шом аз мусалмонҳои ҷаҳон ва ҳатто гурӯҳҳои мусаллаҳи рақиб даъват намуд, ки ба Бағдодӣ савганди вафодорӣ ёд кунанд.
Бунёди дубораи хилофати исломӣ, ки бо пойтахтҳояш дар Бағдоду Димишқ ва баъдан дар Истамбул дар тӯли таърихи 1400-солаи Ислом дар тӯли асрҳо ба ин ё он шеваву чорчӯб дар саросари Ховари миёна, бахши бузурги Африқои шимолӣ ва фаротар аз он ҳукмронӣ мекард ва ҳатто дар қарнҳои аввали вуҷудаш Осиёи Марказиро ҳам фаро мегирифт, аз орзуҳои деринаи исломгароён буд.
Хилофати исломӣ чист?
Дар забони арабӣ “хилофат” ба маънои ҳукумати таҳти назари халифа аст. Хилофат давлати исломие буд, ки дар асри 7, баъди марги поягузор ва паёмбари дини Ислом Муҳаммад(с) бунёд шуд. Калимаи “халифа” маънои “ҷойгузин”-и Муҳаммадро дорад. Халиф дар давлати исломӣ ҳам нақши раҳбари олӣ ва ҳам нақши раҳбари сиёсиро дошт. Ӯ ҳамчун раҳбари маънавии тамоми аҳолии мусалмони ҷаҳон унвон мешуд. Аз халифа ҳамчунин ба унвони “Амир-ал-мӯъминин” ва “Арбоби мӯъминон” низ ном мебурданд.
Оғоз ва анҷом
Хилофати хулафои рошидин (632-661) аввалин хилофате буд, ки баъди марги Муҳаммад таъсис ёфт. Рошидин дар мазҳаби суннӣ ба чаҳор халифаи аввал – Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ – мегуфтанд.
Баъди сари ин чаҳор халифа, сулолаҳои мухталиф, аз ҷумла Умавиён (661-750) ва Аббосиҳо (750-1258) сарвари хилофат буданд. Хилофати исломӣ ба думболи ҳуҷуми муғулҳо нуфузи худро аз даст дод. Аз соли 1453 то соли 1923 султонҳои туркҳои усмонӣ аз унвон ва ҳаққи “халифа” бархӯрдор буданд. Аммо салтанати онҳо дар соли 1924, баъди шикасти Усмониҳо дар ҷанги аввали ҷаҳон ва таъсиси низоми ҷумҳурӣ дар Туркия – вориси салтанати як замон бузурги онҳо - аз ҷониби нахустин президенти Туркия Мустафо Камол Отатурк лағв шуд. Талошҳои минбаъда барои эҳёи хилофат бино бар ихтилофи дохилии раҳбарони сиёсии мусалмонҳо ба ҷое нарасид.
Оё унвони “Халифа” мавриди баҳс буд?
Кароол Керстен, доктори умури Ислом дар Кингз Коллеҷи Лондон мегӯяд, ба фарқ аз шиаҳо сунниҳо хилофатро ҳамчун модели сохтори сиёсӣ арзёбӣ мекарданд. Шиаҳо аммо мегуфтанд, ки ҷойгузини пайғамбар Муҳаммад бояд аз хонаводаи худи ӯ бадар ояд. Аҳли ташайюъ Алиро, ки ҳам бародарзода ва ҳам домоди пайғамбар Муҳаммад аст, ягона ҷойгузини қонунии ӯ мешуморанд. Аммо сунниҳо ба интихоби халифа аз байни афроди шоиста бартарӣ медоданд. Ин аст, ки Алӣ танҳо баъди хилофат кардани Абӯбакр, Умар ва Усмон ҳамчун чаҳорумин халифа интихоб шуд. “Пайравонаш Алиро на халифа, балки имом ном мебурданд ва аз ин рӯ, шиаҳо ҷойгузинии имомҳоро пазируфтанд, на халифаҳоро,”- мегӯяд Кароол Керстен.
Мубориза барои мақоми хилофат дар тамоми тӯли мавҷудияти ин сохтор ҷараён дошт ва сулолаҳое дар Мисру Испания ҳам барои халифа шудан мубориза бурдаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эълони Хилофати исломӣ дар Ироқ чӣ маънӣ дорад?
Ба назари бисёре аз таҳлилгарон, эълони Хилофати исломӣ аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ба маъноест, ки ин гурӯҳ баъди ишғоли қаламравҳои бузург мехоҳад мавқеъи худро қонунӣ кунад. Кароол Керстен мегӯяд, бо пешниҳоди сохтори “воқеъӣ, асил ва алтернативии сиёсии исломӣ” ДИИШ номуайяниеро дар марзҳои кунунии Ховари миёна ба вуҷуд меорад.
“Бо эълони Хилофат онҳо мехоҳанд мавқеъи худро мустаҳкам кунанд ва бар ин қаламравҳо назорати сиёсӣро ба роҳ монад. Ин сохтор аз модели давлатҳои миллии минтақа, ки сохтори байналмилалии равобити кишварҳо бар пояи онҳо сохта шудааст, фарқ мекунад,”- мегӯяд ин муҳаққиқ. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, “эълони хилофати исломӣ дар рӯзи аввали Рамазон - моҳи муқаддаси мусалмонҳо - тасодуфӣ нест, зеро дар ин моҳ мусалмонҳо мазҳабитар мешаванд ва ин бисёр як интихоби рамзӣ буд.”
Хилофати исломии ДИИШ-ро кӣ эътироф мекунад?
Ин далел, ки як гурӯҳи тундрави мусаллаҳ иддаои хилофат кардааст, ба ҳаракатҳои ҷиҳодӣ дар ҷаҳон, махсусан ба дурнамои Ал-Қоида бетаъсир намемонад. Бино бар ихтилофот бо раҳбарияти ДИИШ дар Сурия, Ал-Қоида аз ин гурӯҳ рӯ гардонд. Ал-Қоида муддати тӯлонӣ дар садри “ҷиҳод”-и байналмилалӣ қарор дошт. Аммо ончиро, ки гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” дар қаламрави Сурияву Ироқ амалӣ кард, аз тавони Ал-Қоида берун буд. Ин созмон натавониста буд ҳатто қаламрави чашмрасеро дар минтақаи Ховари миёна таҳти назорат бигирад.
Кароол Керстен, доктори умури Ислом дар Кингз Коллеҷи Лондон мегӯяд, элони Хилофат чолиши мустақим ба давлатҳои халиҷи Форс, махсусан Арабистони Саудӣ ҳам ҳаст: “Сарфи назар аз пуштибонии гурӯҳҳое, мисли ДИИШ, гумон намеравад, ки Арабистони Саудӣ аз таҳаввулоти ахир розӣ бошад. Шоҳи Саудӣ ба худ унвони ҳомии ду макони мақаддаси аслии дини Ислом - Маккаву Мадинаро гирифтааст, ки дар асл ин ҳам як алтернатива ба мақоми “Халифа” аст.”