Дар ҳоле ки ошӯбгарони суннӣ дар шимоли Ироқ пешрафтҳои тобнок мекунанд, сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ба хотири бозгирифтани қаламравҳое, ки аз дасти ҳукумат рафтаанд, аз ихтиёриёне истиқбол кард, ки ба артиш ҳамроҳ мешаванд. Аммо ин раванд, зоҳиран, ба зудӣ пурсишеро ба миён хоҳад овард, ки оё ба ин тариқ Ироқ ҳарчӣ бештар вориди як ҷанги шаҳрвандӣ ва байнимазҳабӣ намешавад.
Рӯзи 13-уми июн Моликӣ дар мулоқот бо афсарони артиш дар Самара, 100-километрии шимоли Ироқ гуфт, ихтиёриёне, ки акнун ба артиш мепайванданд, кӯмак хоҳанд кард, ки ба зудӣ, ҳамлаи ҷавобӣ миёни ошӯбгаронро шиканад. Амалан, ихтиёриён аллакай дар Самара меҷанганд. Инҳо аъзои гурӯҳҳои ситезаҷӯи шиа мебошанд, ки ба ҷабҳа шитофтанд, то аз мазори тармимшудаи ин шаҳр пас аз бомбаборони солҳои 2006 ва 2007 дифоъ кунанд. Он замон ҳам бар асари рӯёрӯии ду тараф Ироқ дар остонаи як ҷанги мазҳабӣ қарор дошт.
Филип Смит аз маркази Ҷиҳодология.нет дар Вашингтон, ки гурӯҳҳои минтақаии Ироқро дунбол мекунад, мегӯяд, ҳимояти Моликӣ аз пайкорҷӯёни шиа дар муқобили Давлати Исломии Ироқу Шом метавонад пажвоки баде барои оянда бошад. “Ҳақиқаташ ин аст, ки як навъ ҳукумати миллии шиашуда, метавон гуфт, бо роҳ равон аст, ки муборизаи бештари суннӣ ва шиаро ба миён меорад.”
Ду омили дигар вазъро печидатар мекунанд. Яке ин ки гурӯҳҳои ситезаҷӯ аз артиши миллӣ дида хубтар машқ дидаанд ва дар ҷангҳои хиёбонӣ таҷрибаи зиёдтар доранд. Ин чиз онҳоро ба нерӯи пешсафи ҳамлаи ҷавобии ҳукумат табдил хоҳад дод.
Омили дувум ин аст, ки аксари гурӯҳҳои ба хубӣ мусаллаҳи шиаро Эрон пуштибонӣ мекунад ва сунниҳои Ироқ бар инанд, ки Теҳрон дар пайи бунёди як давлати шиа дар Ироқ аст. Ошӯбгарони суннӣ мегӯянд, ҳадафи онҳо ҳимояти ҷомеаи сунниҳо аз фишори шиаҳост.
Аммо на ҳамаи мусаллаҳони шиа барои он ба артиш ҳамроҳ мешаванд, ки зимни хурӯши мазҳабии худ бо пайкорҷӯёни Давлати Исломии Ироқу Шом биҷанганд. Дар даъвати рӯҳонии машҳури шиа оятуллоҳ Алии Сиистонӣ рӯзи 14-уми июн таъкид бар сари он аст, ки ихтиёриён бояд барои дифоъ аз ниҳодҳои умумимиллии кишвар ба сафҳои артиш бипайванданд. Вай афзудааст, ки "гуфтугӯҳои сунниву шиа бояд канор гузошта шаванд.”
Вале шиаҳои тундравтарин, яъне онҳое, ки дар ҷангҳои хиёбонӣ чирадастӣ нишон додаанд, ҳама чиро аз зовияи мазҳаб мебинанд. Бисёрии онҳо чанд соли охир барои он ба Сурия нерӯ фиристодаанд, ки аз ҳокимияти шиаи ин кишвар дифоъ намоянд. Ҳамзамон ҷалби сунниҳо ба ҷанги зидди Башор Асад фазоеро ба миён овардааст, ки гӯё як ҷанги минтақаии байнимазҳабӣ ҷараён дорад. Бархе аз гурӯҳҳои тундрави шиа дар қатли мардуми осоишта дар шарқи Ироқ гунаҳкор мешаванд, қатлҳое, ки дар заминаи бадбинии мазҳабӣ ба вуқӯъ пайвастаанд.
Коршиносон мегӯянд, Моликӣ дар ҳолест, ки маҷбур аст, аз ин гурӯҳҳои кӯмак гирад. Айҳам Комил, мудири барномаҳои Ховари Миёна дар Гурӯҳи Авруосиё дар Лондон мегӯяд, “Тазоде, ки ал-Моликӣ ва сиёсатмадорони дигар бо он рӯбарӯянд, ин аст, ки артиш дар шимоли Ироқ амалан тақсим шудааст. Биноан, онҳо интихоби дигаре ба ғайр аз ҷалби ихтиёриён барои афзудани зарфияти онро надоранд.”
Комил илова мекунад, ки агар аз ин нерӯ ба дурустӣ истифода шавад, ҳукумати Ироқ метавонад, хеле зуд хатарро яктарафа ва мардуми кишварро ором кунад. Вале ӯ ҳамзамон ҳушдор медиҳад, ки ишғоли манотиқи суннинишин дар шимол метавонад бар зиёни кор бошад ва натиҷаи акс диҳад. “Беҳтар аст, ҳукумат бо онҳо забон ёбад ва он нерӯҳоро низ зери чатри хадамоти амниятии худ гирад.”