Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манофеи Вашингтон ва Теҳрон дар Ироқ баҳам омад


Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муддатҳо боз дар масъалаи Ироқ бо ҳам душман буданд, ҳарчанд ҳар яке дар алоҳидагӣ шарики Бағдод ҳастанд.

Тохтутозҳои ахири ҷангиёни суннӣ дар манотиқи шимоли Ироқ заминаеро барои ҳамкории Вашингтон ва Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Сӯҳбати гуфтугӯ аз кадом ҷониб ба гӯш мерасад?

Ҳарду тараф бидуни он, ки ин пешниҳод аз забони онҳо садо бидиҳад, мегӯянд ки омодаи ҳамкорианд. Пешгуфтори ин пешниҳод дар ҳоле пахш шуд, ки раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 14-уми июн гуфт, Теҳрон омодааст ҳамкориро баррасӣ кунад, агар Вашингтон алайҳи ҷангиёни суннимазҳаби Ироқ даст ба амал шавад. Рӯзи 16-уми июн вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри низ гуфт, ки аз ҳар пешниҳод, ки созанда аст ва суботро таъмин мекунад, рӯ наметобад.

Аммо ба назар мерасад, хатҳои қирмизе зуҳур кардаанд, ки ҳарду тараф низ барои убур кардани онҳо омода нестанд. Пентагон ҳамагуна ҳамкории низомӣ бо Эронро рад кардааст ва Шӯрои амнияти миллии Эрон низ гуфтааст, ки бо Вашингтон дар заминаҳои низомӣ ҳамкорӣ намекунад. Гуфта мешавад, ки тамосҳои ибтидоии Теҳрону Вошингтон бар сари вазъияти Ироқ дар ҳошияи музокироти ҳастаии Эрон дар Вена сурат гирифтааст, аммо маълум нест, ки ҷонибҳо дар ин масъала то куҷо расиданд.

Ангезаи ба ҳам омадани ду тараф то куҷо қавӣ аст?

Коршиносон ангезаи ҳамкории Теҳрону Вашингтонро бар сари Ироқ хеле қавӣ арзёбӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо таҳдиди “Давлати Исломии Ироқу Шом” фаротар аз марзҳои Ироқ аст: Ҷон Дрейк, мутахассиси умури Ироқ дар Лондон: “Ин гурӯҳ танҳо таҳдид ба Ироқ нест, Давлати Исломии Ироқу Шом фаротар, ба минтақа ва ҳатто ба Ғарб таҳдид мекунад.”
“Инҳо ҳарду ҳам мухолифи таҳдиди стартегӣ дар минтақа ҳастанд. Давлати Исломиb Ироқу Шом хатари амалҳои террористии ин гурӯҳ на танҳо ба Ироқу атрофи он, балки фаротар, ҳатто ба Ғарб таҳдид мекунад. Фаврияти ин вазъият ба маъноест, ки ҳарду тараф барои ҳамкорӣ заминаи муштарак пайдо кардаанд то аз густариши он пешгирӣ кунанд.”

“Давлати Исломии Ироқу Шом”, гурӯҳи тундрави суннимазҳаб аст, ки то ҳол намунаи давлатро дар манотиқи ҷануби Сурия бунёд карда бо шарики Теҳрон, яъне Димишқ ва ҳамчун як ҷиноҳи бурида аз Ал- Қоида, бо Ғарб вориди ҷанг аст.

Шеваи ҳамкории Эрону Амрико чӣ гуна хоҳад буд?

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳама гуна стратегияи ҳамкорӣ барои ақиб нишондани ҷангиёни суннимазҳаб дар Ироқ ду ҳадаф хоҳад дошт: аз байн бурдани аносири хатарнок тундрави дар эътилофи шӯришгарони суннимазҳаб ва ҳамзамон дастраси ба онҳое, ки омодаанд гуфтушунид кунанд. Ба эътилофи шӯришгарон ҳамчунин ҷиҳодиҳои сарсахт, аъзои Ҳизбии “Баъс” и замони Саддом Ҳусейн ва чандгуна ҷангиёни суннимазҳаби дигар, бо шумули раҳбарони қабоил, шомил шудаанд.

Бағдод аз ҳоло аломат додааст, ки сарнавишти Мавсилро такрор намекунад ва ҷангиёнро посухи низомӣ медиҳад. Дар Мавсил ва чанд мавзеъи дигар сарбозони артиши Ироқ бо ҷангиён вориди даргирӣ нашуданд ва силоҳҳои худро партофта рӯ ба фирор оварданд. Аммо ҳоло онҳо омодаанд Бағдодро ҳимоя кунанд. Талошҳои артиш бо кӯмаки шибҳанизомиёни шиамазҳаб тақвият ёфтааст. Фанар Ҳадод, коршиноси умури Ховари Миёна ва Ироқ дар пажӯҳишгоҳи Донишгоҳи Миллии Сингапур мегӯяд, шавоҳиде мавҷуд аст, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон низ дар Ироқ даст ба кор шудаанд.

“Ҷангиёни шиамазҳаб акнун аз Сурия ба Ироқ бармегарданд, ҷангиёни қадимитар дубора даст ба кор мешаванд. Баъзе шавоҳид вуҷуд дорад, ки худи сарбозони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон бо теъдоди маҳдуд ҳам бошад, ҳоло дар Ироқ аст.”


Таҳлилгарон мегӯянд, ҳиллаи аслӣ ин хоҳад буд, ки шибҳанизомиён бидуни иштироки ҳукумати шиаасоси Ироқ саркӯб шаванд ва ҷанг хусусияти мазҳабӣ касб накунад ва роҳро барои дуршавии ҷомеъаи сунниҳо аз ҳукумат боз нанамояд.

Пеши роҳи ҳамкории Вашингтону Теҳронро чӣ мегирад?

Ҳарду тараф, ҳам Вашингтон ва ҳам Теҳрон ба ихтилоф дар дохилӣ сар ба сар ҳастанд, ки ба ба ҳамкории ду кишвар мухолифат доранд. Гуфтугӯи ҳамкории эҳтимолии Вашингтон бо Теҳрон дафъатан танқиди мухолифони президент Обама, ба монандаи сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейнро ба миён овард, ки ин имконро “авҷи ҳамоқат” унвон кардааст.
Вокунишҳои ба ин монанд дар Теҳрон низ аз эҳтимол дур нест. Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ аз ҳоло ҳадафи танқидҳои муҳофизакорон қарор гирифтааст, ки ӯро барои “гузаштҳо” дар музокироти ҳаставӣ бо Ғарб танқид мекунанд. Аммо ҳамкорӣ дар Ироқ метавонад Теҳронро дар мавқеи хуби муомилот бар сари барномаи ҳаставиаш қарор бидиҳад ва роҳи танқидҳоро тангтар кунад.

То ҳол вокуниши давлатҳои сарватманд ва ғанӣ аз нафти арабӣ, ки Эронро барои худ таҳдиди минтақавӣ мешуморанд низ маълум нест. Ба гуфтаи Нейл Патрик мутахассиси пажӯҳишгоҳи Хадамоти муттаҳидаи салтанатии Лондон, “эҳтимоли ҳамкории Вашингтон бо Теҳрон, дар заминаи ҳадди ақал коҳиш додани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ироқ, Арабистони Саудӣ ва махсусан кишварҳои арабии Халиҷи Форсро нороҳат мекунад”

Ба гуфтаи Нейл Патрик, “аз сӯи дигар маълум нест, ки ин давлатҳо чӣ алтернатива доранд. Онҳо мехоҳанд ки ҳукумати иронгарои Ироқ, дар симои Ал-Моликӣ ба чолиш кашида шавад. Аммо аз сӯи дигар онҳо аз пора шудани давлати Ироқ ва эҳтимоли бозгашти ҷангиёни суннӣ, тавре дар мисоли Сурия дида шуд, нигарон ҳастанд.”

Акнун чӣ хоҳад шуд?

Бо назардошти ин зиддунақизиҳо, бархе аз таҳлилгарон интизор доранд, ки ҳамагуна ҳамкорӣ дар байни Теҳрону Вашингтон бесару садо сурат хоҳад гирифт. Бинобар пешгӯии Фанар Ҳадод дар ҳар маврид, аз додани маълумоти истихборотӣ то шомил будани шибҳанизомиёне, ки аз тарафи Эрон таъсис меёбанд, Вашингтон ва Теҳрон нақши худро дар он камранг ва нақши ҳукумати Ироқро боризтар нишон хоҳанд дод. “Дар мавриди маъракаи созмонёфтаи матбуотӣ бошад, шояд бигӯянд, ин артиши Ироқ аст, ки ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштааст.”

Ҳоло гуфтан барвақт аст, ки оё ҳамкорие дар байни Теҳрону Вашингтон сурат хоҳад гирифт ё на. Аммо ҷолиб ин аст, ки Эрон ва Вашингтон дар гузашта инро таҷриба кардаанд ва ба думболи ҳуҷуми 11 сенятбри соли 2001, аз истихбороти низомӣ дар мубориза бо Толибон истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG