Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ аз сабабҳои бозгашташ ба Тоҷикистон ва нақшаҳои ояндааш дар Ватан сӯҳбат кард.
Бозор Собир, ки аз соли 1994 дар Амрико ба сар мебурд, рӯзи 27 май ба Тоҷикистон баргашт. Ин дафъа бозгашти шоир ба Ватан бо мусоидати ҳукумат сурат гирифт ва ӯро рӯзи 30 май раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт. Бозори Собир нахустин мусоҳибаи муфассали матбуотиаш баъди ин бозгашти пурсарусадоро бо Радиои Озодӣ
анҷом дод. Нахуст аз Бозор Собир дар хусуси нақшаҳои баъдиаш дар Тоҷикистон пурсидем.
Бозор Собир: Нақшаҳои минбаъдаи ман мушаххасан маълум нест. Вале чун бо адабиёт сару кор дорем, ҳатман минбаъд ҳам кори мо аз ҳамин иборат хоҳад буд. Масалан, шабҳои назм, вохӯриҳо бо хонандагон, алоқамандони шеъру шоирӣ, маҷлиси назм дар Иттиҳодияи нависандагон ташкил мекунем. Шояд дар ягон ноҳияҳо ҳам маҷлиси назм доир кунем. Дигар ягон нақшаи мушаххасе надорам.
Озодӣ: Фикр мекунед, чаро бозгашти Шумо ин қадар сарусадое дар ҷомеа ва матбуот ба миён овард?
Бозор Собир: Он ҳангома аст. Ғайр аз ҳангома чизе нест. Бадоҳатан дар фурудгоҳ ман чанд сухан гуфтам, ҳамон мавриди ҳангомаи матбуот шуд. Дар асл чизе нест. Ман ташаккур гуфтам, ки маро даъват карданд. Чандон интизор набудам. Ман аз ин даъвати расмӣ бисёр мамнуну миннатдорам. Ман дигар чӣ гуфтам, ки боиси сарусадо шуд?
Озодӣ: Он ки назаратонро тағйир додед, дар сафарҳои қаблӣ бо раисиҷумҳур вонахӯрдеду ин дафъа, ки даъват карданд, омадед. «Ҳизбу ҳаракатҳои нодаркор» гуфтед…
Бозор Собир: Аввалан, бо раисиҷумҳур вохӯрдан дар ихтиёри ман нест, дар ихтиёри раисиҷумҳур аст. Сониян, ман ҳеҷ назарамро тағйир надодам. Ман ҳамонам ки будам. Заррае тағйир наёфтаам. Ҳукумат, ки даъват кард, мегӯянд, тамом, ин ба ҳукумат фурӯхта шуд. Ҳангомаю шӯру валвала мекунанд. Ҳукумат ҳукумати бегона нест, ҳукумати худамон аст. Даъват кард, бо дилу ҷон ман инро қабул кардам. Ин ҳеҷ мавриди баҳс надорад. Ҳизбу созмону матбуоти беҳудаву ифротӣ, воқеан, ба мо даркор нест. Масалан, як штати Америка, ки аз Тоҷикистон калон аст, якто рӯзнома дорад. Ҳар штат як рӯзнома дорад. Барои Тоҷикистон, ки баробари як штати Америка намешавад, садҳо рӯзномаи нодаркор, ифротӣ, ҳангоматалабу ҳангомаҷӯ лозим аст?
Озодӣ: Дар он сафар дар сӯҳбат бо "Миллат" гуфта будед, ки ҳизби наҳзати исломиро бояд баст...
Бозор Собир: Дар он сафар буд, дар ин сафар хоҳад шуд. Ҳоло ҳам мегӯям. Аз ин ақидаам заррае барнагаштаам.
Озодӣ: Ҳоло ва аз ин ба баъд ҷойгоҳи худро дар ҷомеа чӣ гуна мебинед? Оё ба фаъолиятҳои сиёсӣ ҳамроҳ хоҳед шуд ё сирфан машғули эҷодиёт хоҳед гашт?
Бозор Собир: Адабиёт худаш сиёсат аст. Адабиёти аз сиёсат берунро ман намедонам. Ман сиёсатмадор нестам. Вале дар зимни адабиёт ҷо-ҷо, гоҳ-гоҳе як ҳарфҳои сиёсӣ ҳам хоҳам зад. Ҳамин қадар, зиёд не.
Озодӣ: Ҳамин тур маслиҳате ҳам буд, ки шумо дигар танҳо бо эҷоди шеър машғул шавед...
Бозор Собир: Акнун ман дигар чандон ҳавсалаю нерӯи шеърсозиву шеъргӯӣ надорам. Вале корам ҳамин аст. Тамоми умр корам ҳамин буд ва минбаъд ҳам ҳамин тавр идома хоҳад кард каму беш.
Озодӣ: Дар мусоҳибаатон бо Радиои Озодӣ гуфта будед, ки адабиёти тоҷик акнун ҳеҷ идеоле надорад. Ин идеолро Шумо чӣ гуна тасаввур мекунед?
Бозор Собир: Ҳоло ҳам мегӯям, ки надорад. Дар ҳама ҷамъият идеал ҳадафи сиёсӣ аст. Идеали ҷамъияти капиталистӣ чист? Капитализм. Идеали ҷамъияти сотсиалистӣ - сотсиализм. Ҷумҳуриҳои мисли Тоҷикистон ҳанӯз идеали мушаххасе надоранд. Ҳама дарҳаму барҳам аст. Феодализм ҳам ҳаст, капитализм ҳам ҳаст, сотсиализм ҳам ҳаст. Коммунист коммунизм месозад. Чӣ месозанд инҳо? Надоранд идеал.
Озодӣ: Пас, чӣ бояд идеал бошад барои адабиёти мо?
Бозор Собир: Шахсан ман сотсиалист будам, сотсиалист хоҳам монд. Ман сад дарсад ҷонибдори мафкураи коммунистӣ ҳастам. Ва идеали ман ҳамин ҳаст. Мардуми эҷодкор ҳоло мушаххасан ҳеҷ идеал надорад. Ҳар кас ҳар чӣ мегӯяд. Як идеале, ки инҳоро дар як ҷараён биёрад, нест. Ваҳдати миллӣ идеали оянда нест, кори ҳаррӯза аст. Ваҳдати миллӣ ҳам кори хуб аст, беҳтарин кор аст. Ҳоло барои Тоҷикистон ҳаминро идеал бигиранд, мешавад.
Озодӣ: Ҳарчанд шояд ин суол бароятон нофорам бошад, аммо зиёд дар ҳама ҷо садо медиҳад. Бархе аз шореҳон шуморо ба он айбдор мекунанд, ки дар ягон ақида ва андешаи худ пойдор нестед. Оё ин тағйирҳои пайдарпайро ба чӣ вобаста медонед?
Бозор Собир: Ман ягон ақидаамро тағйир надодаам. Ман ҳоло ҳам Ленинро аз Исмоили Сомонӣ боло медонам. Исмоили Сомонӣ як амир буд, аз вай болотар нест. Коммунизм худаш демократия аст. Демократияи кӯчабозории амрикоиро ман ҳеҷ гоҳ демократия намешуморам. Демократияе, ки аз давраи шӯравӣ доштем, табобати бепул, мактаби бепул, манзили бепул, ҳамон демократия аст. Ин демократияе, ки дар кӯчаю бозор ҳар кас ҳар чӣ гӯяд, ин демократия нест. Инро демагогия мегӯянд. Ин барои бозӣ доштани мағзи мардум аст. Дигар ҳеҷ чиз нест. Ҳамон демократияе, ки ман доштам, ҳоло ҳам сад дарсад ҷонибдори ҳамон ҳастам. Амрико худаш капиталистӣ аст, вале маданияташ маданияти пешрафтатарини дунёст. Ман сохтори Амрикоро бад мебинам, вале амрикоиро не. Амрикоӣ дӯсти ман аст. Келинҳои ман амрикоианд.
Озодӣ: Дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Русия чӣ ақида доред? Он бояд имрӯз чӣ гуна бошад?
Бозор Собир: Тоҷикистон бояд ҳамеша бо Русия бошад. Ҷудоӣ накунад. Ҳарчанд ҳамин мардикорӣ ба ман намефорад. Вале ман ҳамеша ҷонибдори қаробати бар ба бари Тоҷикистону Русия ҳастам. Тоҷикистон бе Русия наметавонад бошад. Ҳоло дар ҷомеаи мо ду ҷараён ҳаст. Як ҷараён мардумро таблиғ мекунанд, шӯрандозӣ мекунанд, ки мо эронӣ шавем. Дигараш мегӯяд, ки афғонӣ шавем. Инҳо ҳамааш беҳуда аст. Бояд эрониву афғонӣ аз паси Тоҷикистон биёяд. Аз Тоҷикистон ободтар на Афғонистон аст, на Эрон. Набуд ва нахоҳад шуд. Самти мо фақат Русия аст, дигар самт мо надорем.
Озодӣ: Дар шеърҳое, ки устухонбандии асосии китоби “Хуни қалам”-ро ташкил додааст, аз ҷомеаи сармоядорӣ ва вижагиҳои он ба таври шадид интиқод кардаед. Аммо ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон як ҷомеаи сармоядорист ва ба ҳамин самт ҳаракат дорад. Ба назари Шумо зиёиён барои нарм кардани пайомадҳои он чӣ нақш дошта метавонанд?
Бозор Собир: Ҷомеаи капиталистиву сармоядорӣ барои мардуми камбизоату камбағал нест. Ин барои як гурӯҳ мардуми сармоядор аст. Ин ҷомеаро аз ҳамон рӯзе, ки поям ба Америка расид, аз ҳамон рӯз бад дидам. Ман онро рӯ ба рӯ дидам, ки чӣ аст? Моро ин ҷо бисёр бозӣ доронданд, бисёр фиреб доданд. Аммо мо рӯ ба рӯ дидем, ки чизе нест. Барои як гурӯҳи давлатманд аст, дигар ҳеҷ ҷамоате нест. Ҳамон ҷо ҳам мардуми мӯҳтоҷ, нодор, гушна ва бехонавудар пуропур аст. Ман намедонам, ки чанд дарсади мардум бехонаву даранд, аммо таги кӯпрук, даромадгоҳи биноҳо пур аз мардуми бехонаву дар, яъне бомж аст.
Зиёиёни хуб метавонанд бо маслиҳатҳои хуб, пешниҳодҳои хуб корҳоеро анҷом диҳанд. Албатта, зиёиеро, ки Ҳаҷҷ мераваду ҳоҷӣ мешавад, ман зиёӣ намешуморам. Масалан, шоир меравад, ҳоҷӣ мешавад, олим меравад, ҳоҷӣ мешавад, профессори донишгоҳ меравад, ҳоҷӣ мешавад. Ман инҳоро зиёӣ намешуморам. Ҳатто аз инҳо нафратам меояд. Кӣ мондааст онҳоро дар донишгоҳ? Бираванд масҷид, ман ҳеч чӣ намегӯям. Як деҳқон ё марди тақводор Ҳаҷҷ биравад, ман чизе намегӯям. Ин кори ӯст. Зиёӣ метавонад дар ҳар сохторе, ки ҳаст, нақш дошта бошад, нақши равшан, ки гӯянд, ана ин зиёӣ аст. Зиёӣ бояд қувваи прогрессивӣ бошад. Аммо ин хел зиёиҳое, ки мо дорем...
Озодӣ: Бархе суол медиҳанд, оё аҳли хонаводаатон, ҳамсар, писаронатон ва духтаратон низ ба Тоҷикистон хоҳанд баргашт?
Бозор Собир: Акнун онҳо мустақил шуданд. Ман дигар ба онҳо ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Шогуна шояд биёяд. Шогуна ҳанӯз мустақил нест. Вале дигаронашон оилаҳои мустақил шуданд. Агар хоҳанд, меоянд. Шояд ва бояд биёянд. Ақаллан гоҳ-гоҳе биёянд барои хабаргирӣ.
Озодӣ: Он ҷо кор доранд?
Бозор Собир: Корашон казоӣ нест, вале дар он муҳит одат карданд.
Озодӣ: Шумо шаҳрванди Амрико ҳастед. Шаҳрвандии Тоҷикистонро барқарор намекунед?
Бозор Собир: Ҳанӯз ҳам шаҳрванди Амрико ҳастам. Ҳар кас мегӯяд, ки ин барои интихобот омадааст, дурӯғ мегӯяд. Ман дар интихобот ҳаққи овоз додан надорам. Ман ҳақ надорам дар интихобот ҳатто гап занам. Дар ин масъала ман комилан бегона ҳастам.
Озодӣ: Чун шумо шаҳрванди Амрико ҳастед, ин ҷо бароятон имтиёз ё нафақаи арзанда муайян мешавад?
Бозор Собир: Аслан, барои ман имтиёзу нафақа ҳам даркор нест. Ман аз паи он ҳам нестам. Дар ин бора ман чизе намедонам. То ин рӯз, ки ба синни 75 расидам, ман аз ҳеҷ ҷо нафақа нахӯрдаам.
Озодӣ: Дар сафарҳои гузашта гуфта будед, ки бархе аз ҳампешагонатон аз дидори Шумо мегурезанд, то худро зери гап нагузоранд. Ин бор чӣ чизҳоеро мушоҳида мекунед? Оё рафтори онҳо тағйир кардааст?
Бозор Собир: Ҳанӯз касеро надидаам. Қаблан, воқеан, мегурехтанд. Ҳоло намедонам. Ин масъала нест. Касе бо ман вохӯрдан мехоҳад, марҳамат. Чӣ ҷои шикваю гилаю надомат?
анҷом дод. Нахуст аз Бозор Собир дар хусуси нақшаҳои баъдиаш дар Тоҷикистон пурсидем.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад