Зайд Саидов: "Ман ҷинояте накардаам, ки ба Тоҷикистон барнагардам"

Зайд Саидов иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистонро марбут ба азми ӯву ҳамфикронаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав номид.
Раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон ва аз моликони ширкати "Тоҷсохтмон Байналмилал" , ки ҳоло ба унвони раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати варзишкорони тоҷик ба манзури ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса қарор дорад, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда дар робита ба "бисёрзанагӣ" ва "изофанависӣ"-ро радд кард. Оқои Саидов гуфт, танҳо сабаби якбора боз шудани парвандаҳо ба зидди ӯ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон фаъолиятҳои сиёсиаш ва мушаххасан ба тарҳи ҳизби Тоҷикистони нав аст, ки ӯ бо ҷамъе аз соҳибкорону донишмандон дар барои таъсисаш азм кардаанд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯи ихтисосии Озодӣ бо Зайд Саидов



Посухҳои Зайд Саидов ба иттиҳомоти эълоншуда

Зайд Саидов:
Дар воқеъ, ман худам намедонам, ки чаро нисбат ба як ташаббус, ки дар чорчӯби қонун аст ва аз ҷониби ҳукумат, агар дастгирӣ ҳам намеёфт, ақалан набояд мониа мешуд, чунин як аксуламали хеле тунд раво дида истодаанд.

Озодӣ: Фикр мекунед, ки ин ба ҳамон эълони шумо дар бораи таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав ва қасди шумо барои ворид шудан ба саҳнаи сиёсӣ вобаста аст?

Зайд Саидов:
Комилан ҳамин аст, сабаби дигар набуд. Албатта, мо ҳамчун соҳибкор доимо зери тафтишоти асоснону беасос қарор мегирифтем, ман ба унвони раиси Шӯрои ҳамонҳангсози анҷуманҳои соҳибкорӣ доимо аз ин тафтишҳо норозигӣ мекардам ва мегуфтам, ки ин санҷишҳо ғайриқонунӣ ва бар зарари кор аст.

Озодӣ: Аммо ҷавоби шумо ба ин иттиҳомот чист, яъне ба иттиҳоми “бисёрзанӣ” , ки додситонӣ ҳам тасдиқаш кард, ва иттиҳоми Ожонси зидди фасод, ки мегӯяд, ширкати “Тоҷсохтмон Байналмилал” ҳаноми сохтани бинои “Душанбе-Плаза” 2 миллион сомониро бо сохтакорӣ аз худ кардааст?

Зайд Саидов:
Дар масъалаи иттиҳоми “бисёрзанӣ” ман гуфтаниам, ки дар мавриди 4 зан доштани ман иштибоҳ мекунанд. Ин дар воқеъ як масъалаи нозук аст. Меъёрҳои ахлоқие ҳаст, ки ба вазъи оиладории ман тааллуқ дорад ва ман инҷо аз модарони фарзандонам узр мехоҳам. Имрӯз ман танҳо бо як хонумам ҳамзистӣ дорам. Модарони фарзандони ман аз ҷониби писаронашт нигоҳубин мешаванд. Ман ба ҳайси падар дар назди фарзандонам масъулият эҳсос мекунам. Аз ин рӯ, пайваста аз ҳоли фарзандонам хабар мегирам ва барои ман ахлоқу одобу донишу рафтори онҳо хеле муҳим аст. Ва муҳимтар аз ҳама, ман дар назди қонун омодаам, барои тамоми паҳлуҳои ҳаёти шахсиам ҷавоб бигӯям. Ва умедворам, рӯшан хоҳад шуд, ки ҳеҷ гуна амали ғайриқонунӣ дар вазъи оиладории ман дида намешавад. Иншоаллоҳ, дар камтарин фурсат, ки мо ҳоло дар Пориси Фаронсаем бо ҳайъати варзишкорони тоҷик барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии тенниси рӯи миз, ба Тоҷикистон бармегардам ва ба ин саволҳо дар назди тафтишот посух хоҳам гуфт.

Озодӣ: Ва аммо дар мавриди 2 миллион сомонӣ “изофанависӣ”-е, ки Ожонси зиддифасод мегӯяд, чӣ назар доред?

Зайд Саидов:
Ин аз бесалоҳиятӣ ва супоришӣ будани қазия дарак медиҳад, чунки мо иҷрои ин тарҳро аз тариқи тендери байналмилалӣ ба даст оварда будем. Ин кор пурра ва дар сатҳи баланд иҷро шуд ва чӣ шаҳрдории Душанбе ва чӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз дидани ин бино хеле хушҳоливу қаноатмандӣ карда буданд. Яъне фармоишгар – шаҳрдорӣ- ҳеҷ гуна эрод нисбат ба паймонкор , яъне “Тоҷсохтмон Байналмилал”, дар бораи иҷрои ин корҳо надошт. Баъдан ин тарҳ ҳам аз сӯи мақомоти андоз ва ҳам аз сӯи Ожонси мубориза бо фасод мавриди санҷиш қарор гирифт. Ҳамон 1,9 миллионе ки дар борааш сӯҳбат мешавад, ягон камбудӣ набуд, акт шуда буд аз ҷониби Ожонсӣ ва ин пул пурра ва саривақт баргардонда шудааст. Коммисияи қабул қабул кард иншоотро, мудирияташ қабул кард ва ба наздикӣ 2 сол мешавад , ки ин иншоот фаъолият дорад. Дар ин иншоот ширкати мо на камтар аз 6 миллион доллар зарар дид, вале мо ба касе дод нагуфтем, ба касе шикоят набурдем. Ин зарарҳоҳам ба сабаби талоши мо барои ҳарчӣ зудтар анҷом додани ин сохтмон буд. Дар смета насби дастгоҳҳои муҳандисӣ бо маҳсулоти сохти Чин пешбинӣ шуда буд, вале мо бо хоҳиши шахсии раиси шаҳр, ки хост мо ин иншооти бузургу муҳимро бо дастгоҳҳои итолиёвӣ муҷаҳҳаз кунем, ин корро кардем ва хароҷоти мо ба ҳамин далел аз смета хеле зиёдтар шуд. Бо ин ҳама, ҳадаф аз дубора доман задани ин иттиҳом ба хотири тағйир додан ва бад кардани афкори ҷомиа нисбат ба ман аст. Ман барои рафъи шакку гумонҳо ҳатто ба аудити байналмилалии тарҳи “Душанбе-Плаза” омодаам. Бубинед, ки аз ҳисоби будҷа чандин ширкати хориҷӣ ва асосан аз Чин дар Тоҷикистон сохтмон мекунанд, вале ягон ниҳод фаъолиятҳои молии онҳоро тафтиш намекунад. Вале ҳамин ки дар ягон тендери байналмилалӣ як ширкати маҳаллӣ баранда шуд, ҳама болои сарашро мегиранд. Дар натиҷа, ширкатҳои маҳаллӣ муфлис шуда, аз бозори дохилӣ берун андохта мешаванд ва табъан ин бозор дар дасти ширкатҳои хориҷӣ меафтад.

Озодӣ: Баъзе хонандагони сомонаи Озодӣ менависанд, оё соҳибкори варзида буданатон кофӣ набуд, ки мехоҳед ба саҳнаи сиёсат ворид шавед? Ба ин чӣ мегӯед?

Зайд Саидов:
Мутаассифона, дар байни бархе назаре роиҷ аст, ки гӯё агар як тоҷир зиндагии хуб дошта бошад, набояд дар ғами дигарҳо бошад, фикри рушди ҷомиаро кунад. Вале ман итминон ҳосил кардам, ки ин бетафовутии мо, соҳибкорон, ва шахсан ман, моро ба як мушкили хеле хатарнок рӯбарӯ мекунад. Ва Худо накарда, нооромиро дар ҷомиа эҷод накунад. Ноумедӣ ки эҷод шудааст. Нерӯи ақлонӣ ва фикриву ҷисмонӣ кишварро тарк мекунад. Ҳамаи ин моро ором намегузорад. Баъдан ман дар Душанбе, дар Тоҷикистон моликият дорам. Ман мехоҳам ки моликияти ман фаъол бошад ва, Худое накарда, ягон оқибати баде пеш наояд дар кишвар. Мақсади мо ин аст, ки мо бо як фикри марказгароӣ, бо як фикри созанда барои беҳбудии зиндагии мардумамон як корҳое карда тавонем. Чунки ҳам фарҳанги сиёсии мардум хеле пойин аст, ҳам шароити зиндагии мардум хеле пойин аст. Пас чӣ тавр мешавад, ки дар як кунҷ нишаста, дар фикри ободии кишвар набошем?

Озодӣ: Шумо ҳоло дар Фаронса қарор доред. Бисёриҳо мепурсанд, ки баъди ин ҳама иттиҳомот ба Тоҷикистон бар хоҳед гашт?

Зайд Саидов:
Мо бо ҳайъати варзишгаронамон дирӯз (11 май) дар шаҳри Франкфурти Олмон фаромадем. Ман хеле мехостам ин шаҳрро бубинам, чунки дар солҳои охир ба меъморӣ шавқи зиёд пайдо кардаам ва хеле хушам ҳам омад аз дидани ин шаҳри зебо. Ва мушкил буд пас омадан то фурудгоҳ ва баргаштан ба Душанбе. Сафари мо як ҳафта тӯл мешавад, вале ман аз ҳоло хеле бетоқат шудаам, ки ба Душанбе баргардам. Агар медонистам, ки дар ин байн парвози дигаре ҳаст, ҳатман бармегаштам зудтар. Ман ҳатман бармегардам. Ман ҷинояте накардаам, коре накардаам, ки аз он шарм дорам. Бигзор аз ин корҳо касоне шарм доранд, ки барои рушди ҷомиа мониа мешаванд, барои беҳбуди зиндагии ҷомиа мониа эҷод мекунанд.

Додситонӣ парвандаи "бисёрзанӣ"-ро тасдиқ кард

Ахиран додситонии Душанбе ифтитоҳи парвандаи "бисёрзанагӣ" алайҳи Зайд Саидовро расман тасдиқ кард. Дафтари матбуоти додситонии шаҳри Душанбе расман тасдиқ кард, ки алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов “бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои серзанагӣ, яъне зиндагонӣ кардан бо якчанд зан муқаррар менамояд, рӯзи 11 майи соли 2013 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.” Моддаи 170 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҳамчун ҷазои бисёрзанагӣ то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 маоиш ҳадди ақал (то 80 000 сомонӣ)-ро пешбинӣ кардааст. Дар иттилоияи додситонии Душанбе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, ҳамчунин омадааст, “аз рӯи маълумотҳои мавҷуда Саидов З.Ш. дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ менамояд, ки ин хилофи меъёрҳои умумибашарии тамаддунӣ мебошад.”

Мақомоти додситонӣ рӯзи 11 май манзилҳои марбут ба Зайд Саидов дар Душанберо ҷустуҷӯ карда, чанде аз наздикони ӯро барои бозҷӯӣ ба додситонӣ бурданд. Ба дунбол, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ шоми 11 май эълон кард, ки аз рӯзи 10 май алайҳи Зайд Саидов ва ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”-и марбут ба ӯ, ки бунёди баландтарин бинои пойтахт – “Душанбе-Плаза”-ро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми “азхудкунии молу мулки ғайр, дар ҳаҷми калон ва сохтакории санадҳои муҳосибӣ” парванда боз кардааст. Ин ниҳод “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”-ро ба “изофанависӣ” ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ, муодили беш аз 400 000 доллар айбдор мекунад.

Ин мавҷи парвандаҳо алайҳи раҳбари ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал” ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дар ҳолест, ки ӯ рӯзи 6 апрел бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз азми худ барои ташкили ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони нав рӯзи 10 май дар як нишасти хабарӣ аз таҳдид ба ҷону моли Зайд Саидов хабар дода, гуфт, ба ӯ тавассути паёмак таҳдид кардаанд, ки агар аз фикри сохтани ҳизб даст накашад, алайҳаш “чора” хоҳанд андешид. Ин гурӯҳ, ҳамин тавр, дирӯз ҷустуҷӯи манзилҳои Зайд Саидов ва бозпурсии наздиконашро фишори сиёсӣ унвон кард ва гуфт, ҳеҷ навъ фишор ва боз кардани парванда алайҳи раиси ин гурӯҳ, наметавонад онҳоро аз масирашон мунҳариф кунад.

Зайд Саидов 54 сол дошта, аз соли 1999 то 2006 раиси кумитаи саноат ва баъдан вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди барканориаш аз мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”-ро таъсис дод, ки ба сохтани манзилҳои баландошёна дар пойтахт машғул аст. Зайд Саидов соли 2012 раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуд.

Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва муовини собиқи вазири кор ва муовини низ пешини раиси гумрук, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуровро дар бар мегирад.