Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайд Саидов: "Тоҷикистони нав" ҳизби кисагӣ намешавад


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори муваффақи тоҷик аз таъсиси як ҳизби сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" хабар дод.

Ҷаноби Саидов ин тасмими худро имрӯз, 6-уми апрел зимни як нишаст дар Душанбе, ки бо ҳузури густурдаи рӯзноманигорон ва ҳаводорони ин гуруҳ баргузор шуд, эълон кард.

Зайд Саидов дар шарҳи зарурати таъсиси ин нерӯи сиёсӣ гуфт: "Зарурати таъсиси ҳизб дар он аст, ки ҷомеаро ноумедӣ ба ояндаи беҳтар, фаро гирифта истодааст. Нерӯи қобили меҳнат ва ақлонӣ то рафт кишварро тарк мекунад. Умуман муҳити имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рӯҳияи нав, қадами нав ва ташаккули нав ниёз дорад. Гурӯҳи ташабускори ин ҳизб бар он аст, ки дар Тоҷикистон бояд ислоҳот сурат бигирад то ин ки истиқлолияти иқтисодӣ пойдор бошад."

Дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷиксохтмон-байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров аз ташаббускорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд.

«Тоҷикистони нав» то ҳол дар вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун ҳизб ба қайд гирифта нашудааст ва раҳбарони он мегӯяд, ки дар наздиктарин фурсат барои сабти ном ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод хоҳанд кард. Ҳамакнун дар Тоҷикистон ҳашт ҳизб ба таври расмӣ фаъолият менамоянд ва дар сурати сабти номи “Тоҷикистони нав”, он нуҳумин ҳизби сиёсӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар эъломияи таъсисёбии ин ҳизб омадааст, ки «мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мардум то имрӯз ҳалли воқеии худро наёфтаанд ва ин ҳолат тамоми дастовардҳои сиёсию давлатии моро бо хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард».

Ба таъкиди ташаббускорони ин ҳизб, онҳо ҳеҷ гуна амбитсияи идеологӣ надоранд ва танҳо дар ҳалли мушкилоти иқтисодии мардум талош хоҳанд кард.

Бархе аз коршиносону журналистон, ки масоили сиёсии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, аз таъсиси як ҳизби нав дар Тоҷикистонро истиқбол карданд. Онҳо мегӯянд, ки таъсиси ҳизби сиёсӣ, махсусан ҳизбе, ки ба ҳалли масоили иқтисодӣ дар кишвар тамаркуз мекунад, ба фоидаи ҷомеа хоҳад буд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси тоҷик
Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси тоҷик
Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси тоҷик низ мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудааст, вале ин ҳизб фаъолияти назаррасе надорад: «Зайд Саидов аз соҳибкорони муваффақ ва менеҷерони муваффақи кишвар ва шахси шинохта шудааст. Ба назари ман, вай ҳадафҳои созанда дорад ва ба хотири эъмори як ҷомеаи маданиву фарҳангӣ ва адолатпеша, даст ба таъсиси чунин ҳизб задааст.»

Аммо ба гуфтаи коршиносони дигар, ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба истиснои ҳизби раисҷумҳур, ҳама фаъолияти маҳдуд доранд ва дар як чаҳорчӯби муайянкардаи Ҳукумат кор мекунанд. Бинобар ин, бархе аз онҳо пуштибонии ҳукумат аз ин ҳизбро дар оянда аз эҳтимол соқит намекунанд. Бархе аз онҳо бо ишора ба равобити хуби Зайд Саидов бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, пуштибонии ҳукумат аз ин ҳизбро аз эҳтимол дур намедонанд.

Зимнан, бархе аз коршиносон бо таваҷҷуҳ ба географияи Зайд Саидов ҳадс мезананд, ки мақсад аз таъсис додани ин ҳизб, ба даст овардани раъйи мардуми минтақаи Рашт, яъне электорати аслии ҲНИТ аст ва ба ин минвол роҳ барои номзади мавриди назари ҳукумат кушода мешавад.

Мухтор Боқизода, роҳбари Хазинаи ҳифзи ҳуқуқ ва гиромидошти рӯзноманигорон мегӯяд, дар як ҷомеаи солим ва шароити бисёрҳизбӣ таъсис ёфтани як ҳизби нав чизи муқаррарӣ аст: «Вале чун мо дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорем, гумон мекунам таъсиси ҳизби нав беш аз як бозии навбатие нест ва эҳтимол он қаблан тарҳрезӣ шуда бошад.»

Зайд Саидов
Зайд Саидов
Аммо ҷаноби Зайд Саидов дар ҷавоб ба инчунин иддао гуфт, ки бо он хислате, ки вай дорад, ба як «ҳизби кисагии давлат» табдил ёфтани «Тоҷикистони нав» ғайриимкон аст.

Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ мебошад. Ӯ дар моҳи июни соли гузашта ба ин мақом интихоб шуда буд. Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфтааст.

Зайд Саидов 54 сол дорад. Ӯ дар соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодшинос хатм кардааст. То соли 1992 дар вазифаҳои мухталифи соҳаи саноат кор кардааст. Аз соли 1993 то 1999 мудири кулли ҶС «Халиф» дар шаҳри Маскав буд.

Зайд Саидов аз соли 1999 то 2006 аввал ба ҳайси раиси Кумитаи саноъат, баъдан ҳамчун вазири саноъати Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ раиси Анҷумани соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон ва раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон низ мебошад.
XS
SM
MD
LG