Сюзан Эллиотт, шомгоҳи рӯзи душанбеи 8-уми апрел зимни як нишаст ба хабарнигорон гуфт, «ҳар вақте, ки шароити интихоб барои инсонҳо фароҳам мешавад, аз он истиқбол мекунам.»
Аммо сафири ИМА дар Душанбе афзуд, «ҳарчанд дар бораи ин ҳизб ва идеяву барномаи он чизе намедонам, аммо имкони интихоб вуҷуд омадааст, ин хабари хуб мебошад.
Сюзан Эллиотт ибрози умедворӣ кард, ки иттилооти бештаре дар бораи ҳизби нав ба даст орад, то битавонад назарашро рӯшантар баён кунад.
Гурӯҳе аз ҳамфикрон, ки дар раъси он Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори муваффақи тоҷик шанбеи 6-уми апрел аз таъсиси як ҳизби сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" хабар доданд.
Зайд Саидов дар шарҳи зарурати таъсиси ин нерӯи сиёсӣ гуфт: "Зарурати таъсиси ҳизб дар он аст, ки ҷомеаро ноумедӣ ба ояндаи беҳтар, фаро гирифта истодааст. Нерӯи қобили меҳнат ва ақлонӣ то рафт кишварро тарк мекунад. Умуман муҳити имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рӯҳияи нав, қадами нав ва ташаккули нав ниёз дорад. Гурӯҳи ташаббускори ин ҳизб бар он аст, ки дар Тоҷикистон бояд ислоҳот сурат бигирад то ин ки истиқлолияти иқтисодӣ пойдор бошад."
Дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷиксохтмон-байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров аз ташаббускорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд.
«Тоҷикистони нав» то ҳол дар вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун ҳизб ба қайд гирифта нашудааст ва раҳбарони он мегӯяд, ки дар наздиктарин фурсат барои сабти ном ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод хоҳанд кард. Ҳамакнун дар Тоҷикистон ҳашт ҳизб ба таври расмӣ фаъолият менамоянд ва дар сурати сабти номи “Тоҷикистони нав”, он нуҳумин ҳизби сиёсӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хоҳад буд.