"Комилан мувофиқ нест." Ёддошти эътирозии Тоҷикистон ба сафири Русия

Семён Григорев. Акс аз Фейсбук

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибрози "нигаронии ҷиддӣ" аз "муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супоридааст. Семён Григоревро рӯзи 29-уми апрел эҳзор карданд.

Посухи ҷониби Русия феълан маълум нест, аммо ду рӯз пеш сухангӯйи Вазорати умури хориҷии ин кишвар гуфта буд, ки тоҷиконро ҳадаф нагирифтаанд, балки барои "пешгирӣ аз терроризм" ҳамаи хориҷиёнро бодиққат месанҷанд.

То кунун садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон бо Русия ва фурудгоҳҳои Маскав банд мондаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми апрел дар шарҳи супоридани нота гуфт, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандони кишвар дар Русия "ба таври оммавӣ поймол мешавад".

"Ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест," – гуфта шудааст дар баёнияи ВКХ-и Тоҷикистон.

Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Аз ин пеш, рӯзи 26-уми апрел, масъулони ВКХ-и Тоҷикистон сафири Русия Семён Григоревро ба суҳбат хонда, нигаронии худро ба “мавридҳои беасоси манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия” баён карда буданд.

Дар ҳоли ҳозир аз сокинони Тоҷикистон хоста шудааст, ки бе зарурат ба Русия нараванд.

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел хабар доданд, ки садҳо нафар дар шароити нохубе дар фурудгоҳи “Внуково” дармондаанд. Иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз сарҳади Русия бо Қазоқистон шикоят карданд, ки наметавонанд ба хоки ин кишвар дароянд.

Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" бештар шуд. Мақомоти Русия то кунун дар пайванд ба ин ҳамла, ки 144 кушта барҷой гузошт ва масъулияташро ДОИШ пазируфт, сездаҳ касро дастгир кардаанд – дувоздаҳ нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони созмони байнулмилалӣ рӯзи 5-уми апрел дар изҳороте гуфтанд, баъд аз як ҳафтаи ҳамла парвандаҳои вобаста ба нақзи қонуни муҳоҷират дар додгоҳҳои Русия "70 дарсад зиёд шуд".

Муҳоҷирони бандмондаи тоҷик дар Фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав, 27-уми апрели 2024

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромад ба Русия мераванд.

Коршиносон дар гузашта борҳо таъкид кардаанд, ки барои таъмини сокинон ба ҷойи кори муносиб, коҳиши пойбандӣ аз пулҳои интиқолӣ ё бозори берунӣ Тоҷикистон бояд ташкили корхонаҳо, истеҳсоли молу маҳсулотро дар дохил афзоиш дода, тавозуни содироту воридотро таъмин кунад.

Дар бештар аз 30 соли мустақилии Тоҷикистон воридоти мол ба кишвар назар ба содирот доим бештар буд ва то кунун ба кишвар муяссар нашудааст, ки сокинонро дар дохил бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин кунад.