Лимит ё маҳдудияти эълоннашудаи интиқоли нирӯи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон, махсусан навоҳӣ ва деҳоти наздики шаҳри Душанбе, сокинонро сахт нигарон кардааст. Мардум интизор надоштанд, ки дар моҳи сентябр ва чунин ҳавои гарми тирамоҳӣ интиқоли барқ бе огоҳӣ хомӯш мешавад.
- Бисёре аз сокинон мегӯянд, ки нерӯи барқ аз соати 11-и шаб то 5-и бомдод қатъ мешавад. Дар ҷараёни рӯз мардум 5 соат, яъне аз соати 5 то 10 бо барқ таъмин ҳастанд ва сипас аз соати чаҳори рӯз дигарбора метавонанд, аз васоили барқиашон истифода баранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Дар соати 11-и шаб чиро таъмир мекунанд?"
Ромизи Хайриддин, соҳибкор дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, интиқоли нирӯи барқ ба манзили онҳо як ҳафта боз идома дорад. “Мо пурсидем, ки чӣ гап аст? Мегӯянд, таъмир рафта истодааст. Дар соати 11-и шаб чӣ гуна таъмир мекунанд?” – суол гузошт ӯ.
Мисли Ромизи Хайриддин ҳар рӯз чандин нафар аз ноҳияҳои мухталифи кишвар бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда, аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ дар маҳалли зисташон хабар медиҳанд. Бархе аз сокинон мегӯянд, бебарқии шадид махсусан ба ҷайби тоҷирон зиёни калон расондааст. Онҳо мегӯянд, агар вазъи таъмини барқ чунин идома кунад, маҷбуранд, аз фурӯши як теъдод маҳсулоти ниёзи аввалия худдорӣ кунанд.
Ромизи Хайриддин мегӯяд, “дирӯз ба маблағи 340-350 сомонӣ маҳсулотро партофтем. Яхмосҳо об шуд. Рӯз барқ нест, шаб барқ нест. Ҳамаи маҳсулот бекор мешавад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Барқи Тоҷик" ҷорӣ шудани лимитро рад мекунад"Маҳсулоти ширӣ бекор мешавад"
Тақрибан ҳамаи деҳоти атроф ва марзии шаҳри Душанбе, ки мутааллиқ ба ноҳияи Рӯдакӣ аст, ба ҳамин вазъ рӯ ба рӯ гардидааст. Дарди сар эҷод кардани бебарқӣ дар бозорҳо рӯшан ба мушоҳида мерасад.
Идибеки Неъматуллоҳ, соҳибкори тоҷик, гуфт, “намояндагони “Тоҷикстандарт” намегӯянд, ки барқ надоштед. Мегӯянд, чаро вазъи маҳсулот бад аст? Муҳлати маҳсулот нав аст, аммо аз сабаби бебарқӣ яхдон кор намекунад ва ҳама маҳсулоти ширӣ дам кардааст.”
Бебарқии шадиди рӯзона ба зиндагии сокинон, махсусан дар таҳияи ғизо, анҷоми корҳои сохтмониву таъмир ва ҳар кори вобастаи барқ таъсир гузоштааст.
Чунин ҳолат то кай идома мекунад?
Дар оғози ҳафтаи равон масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ ҷорӣ нашудааст. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат, гуфт, дар Тоҷикистон дигар ҳеҷ гуна лимите вуҷуд надорад ва интиқоли нерӯи барқ тибқи реҷа то замони анҷоми корҳои профилактикӣ, “яъне то 1-ум ва ё 2-юми октябр идома мекунад.”
Тақсими нерӯи барқ дар соатҳои муайян мардуми бисёре аз минтақаҳоро, ки аз соли 2017 аз "балои лимит" халос шудаанд, ҳайратзада кардааст. Мардуми Тоҷикистон, ки чанд даҳсола ҳамингуна ва бахусус дар фасли сармо дар соатҳои муайян неруи барқ мегирифт, аз моҳи октябри соли гузашта муназзам бо нерӯи барқ таъмин шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Лаҳзашуморӣ: Чархаи аввали Роғун кай фаъол хоҳад шуд?Аз байн рафтани маҳдудият, ки мусибатҳои зиёдеро ба сари мардум овард, дар Тоҷикистон баъди он муяссар шуд, ки нерӯгоҳҳои нави барқӣ ба мисли "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" ва ҳам марказҳои гармидиҳӣ дар Душанбе кумак карданд, то дар фасли сармо ба қадри кофӣ нерӯи барқ тавлид шавад. Ҳоло ҳама чашмҳо ба сӯи нирӯгоҳи Роғун нигаронда шудааст, ки ба қавли мақомот нахустин чархааш 16-уми ноябри имсол ба кор хоҳад даромад.